Хабарҳо

16.05.2024

ХАБАРИ МАТБУОТӢ аз натиҷаи ҷаласаи 5-уми Прокуророни генералии давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ)

16 майи соли 2024 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 5-уми Прокуророни генералии давлатҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) баргузор гардид.

Дар ҷаласа Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Алиев Камран Байрам оғли, Прокурори генералии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Муваҳидии Озод, Прокурори генералии Ҷумҳурии Қазоқистон Асилов Берик Ногаевич, муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Қирғизистон Султонов Улукбек Ташболотович, муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Исломии Покистон Рашиддин Наваз Касурӣ, Прокурори генералии Суди олии аппелятсионии Ҷумҳурии Туркия Бекир Шаҳин, муовини Прокурори генералии Туркманистон Ниязлиев Алланазар Атаевич, Прокурори генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Юлдошев Нигматилла Тулкинович ва Котиби генералии Созмони ҳамкории иқтисодӣ Хусрав Нозирӣ иштирок намуданд.

15.05.2024

ХАБАРИ МАТБУОТӢ оид ба сафари кории Прокурори генералии Суди Олии аппелятсионии Ҷумҳурии Туркия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

15 майи соли 2024 сафари кории Прокурори генералии Суди Олии аппелатсионии Ҷумҳурии Туркия Бекир Шаҳин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Зимни сафари корӣ мулоқоти расмии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Прокурори генералии Суди Олии аппелятсионии Ҷумҳурии Туркия Бекир Шаҳин доир гардида, дар рафти он масъалаҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои дорои хусусияти байналмилалӣ, аз қабили терроризм ва ифротгароӣ, хариду фурӯши одамон, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷиноии фаромиллӣ, ки барои тамоми инсоният хатари зиёд доранд, инчунин интиқол ва истирдоди маҳбусон ва дастгир намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар кофтуков қарор доранд, муҳокима гардиданд.

16 феврали соли 2024 дар Прокуратураи генералӣ бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ- намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, муҳтарам Ализода Зариф барои воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод оид ба натиҷаи фаъолияти мақомоти прокуратура дар соли 2023 баромад намуд.

Қайд гардид, ки вобаста ба самтҳои назорати прокурорӣ 6776 санҷиш гузаронида, аз натиҷаи онҳо 4000 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, 60000 нафар ба ҷавобгариҳои интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, 1,2 млрд сомонӣ зарар барқарор карда шудааст, ки аз ин 461,3  млн сомонӣ ба манфиати давлат мебошад. Дар асоси амрҳои прокуророн 17863 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида шудааст. Барои вайрон кардани талаботи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»2780 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 363 парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла 123-то барои монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии асосӣ оғоз карда шуда, 287 ҳолати таълимоти ғайриқонунии динӣ бо ҷалби 4066 нафар, аз ҷумла 3932 нафар ноболиғ ошкор карда шудааст. Ба мақомоти прокуратура 40356 муроҷиат ворид гардида, 3146 ё 25,8%-и онҳо қонеъ карда шудааст. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда ҳуқуқу манфиатҳои 260000 шахсон барқарор карда шудааст. Дар ин давра назорати тафтиши пешакии 23322 парвандаи ҷиноятӣ таъмин карда шуда, аз ин 10966 парванда ба суд ирсол карда шудааст. Муфаттишони прокуратура тафтиши 4065 парвандаи ҷиноятиро ба итмом расонида, 3805-тои он ба суд ирсол карда шудааст. 1137ҷинояти коррупсионӣ, аз ҷумла 40 ҳолати гирифтану додани пора, ошкор карда шуд. Прокуророн дар баррасии 9541 парвандаи ҷиноятӣ, 11008 парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ ва маъмурӣ дар судҳо иштирок намуда, ҷиҳати тарғибу ташвиқи қонунгузорӣ 48895 суҳбату вохӯриҳо гузаронида, дар воситаҳои ахбори омма 2708 баромад кардаанд.

Дар нишасти матбуотӣ рӯзноманигорони зиёд иштирок карда, ба саволҳои худ посухи мукаммал гирифтанд.

 

Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги

қонунгузорӣ ва маркази матбуоти

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Фотогузоришҳо

   

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Мулоқот бо роҳбарият ва фаъолони кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрҳои Конибодому Исфара

Харитаи сомона