Арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами миллӣ ҷузъи ҷудонашавандаи масъулияти шаҳрвандии ҳар фарди бедордили ҷомеа маҳсуб меёбад.

Парчами миллӣ баёнгари ҳастии давлати соҳибистиқлол, рамзи иттиҳоду сарҷамъии мардуми мамлакат ва илҳомбахши кору пайкори фарзандони содиқу вафодори Ватан ба хотири пойдории дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мебошад.

Анъанаи парчамдории халқи мо таърихи чандинҳазорсола дошта, аҷдодони шарафманди мо ҳамчун посдорони фарҳангу тамаддуни куҳан роҳи тӯлонии парчамдориро тай намудаанд.

Дар ин замина, метавон аз таърихи пурифтихори парчамдории Бохтар,  Суғду Хатлон ва дигар  давлатҳои қадимаи тоҷикон, бахусус парчами Коваи Оҳангар ёдовар шуд, ки гувоҳи ҳуввияти миллӣ ва сарбаландии  гузаштагони мо мебошанд.

Чуноне аз асотирҳо бармеояд, мардум аз зулми шоҳ Заҳҳок ба дод омада, бо сардории Коваи оҳангар, ки пешбанди чармини оҳангарии худро ҳамчун парчам бар болои сар бардошта буд,  бар зидди ӯ бархостанд.

Баъди сарнагун кардани Заҳҳок, шоҳ Фаридун, ки вориси қонунии сулолаи шоҳони Пешдодиён буд, ба сари тахт омада, ин дирафшро бо 4 ситораи тиллоӣ, сангҳои қимматбаҳо зебу ороиш дода, ба он  номи «Дирафши Ковиёнӣ»-ро гузошт.

Чун нишони эҳтиром ба Кова ва муборизаи озодихоҳонаи мардуми сарзамин ин “Дирафши Ковиён”-и  ҳамчун  парчами миллӣ эътироф гардида, тули ҳазорсолаҳо ҳар шоҳе, ки ба сари қудрат меомад, ба ин Дирафш беҳтарин   гавҳарҳои  хазинаи худро насб мекард.

Мардуми ориётабор таҳти ин Парчам  империяҳои абарқудратеро  барпо намуда,  ба ҷаҳониён намунаҳои олии давлатдорӣ ва  арҷгузориро ба ҳуқуқи инсон, аз қабили «Эъломияи Куруши Кабир»  ато намуданд.

Мояи ифтихор аст, ки «Дирафши Ковиён» то замони мо аҳамияти таърихии худро ҳифз карда омадааст ва он дар маркази Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгузин гардида, ҳамчун нишони абадияту бардавомии таърихии давлатдории миллии точикон маҳсуб меёбад.

Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихор аз таърихи парчамдории миллати тоҷик иброз доштаанд, ки «Ҳанӯз дар парчами Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида, он рамзи як давлати неруманди замона ба ҳисоб мерафт. Ливои Коваи Бузург  бошад - нишонаи равшани  муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад».

Аз ин рӯ, бузургдошти Парчами давлатӣ-арчгузорӣ ба таҷрибаи давлатдории гузуштагони форсу тоҷик маҳсуб ёфта, ҳимоя ва қадрдонии он ба кушишҳои ҳар як фарди ҷомеа тавъам мебошад.

Аз он баъд низ  миллати тоҷик рисолати тамаддунофарии худро ҳамеша ҳифз намуда, дар интиҳои асри гузашта ба  истиқлолияти комил шарафёб  шуд.

Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон қабул гардида, аз ҳамон давр инҷониб 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи парчами миллӣ  аз ҷониби мардуми сарбаланди кишвар бо шукуҳу шаҳомат таҷлил мегардад.

Парчами миллӣ ҳамчун  рамзи муҳими истиклолияти миллӣ, таҷассумгари таърих, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои мардуми Тоҷикистон,мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди худогоҳ ва  ватанпарасти мамлакат мебошад.

Парчам рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор рафта, сокинонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ далолат менамояд.

Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами он муаррифӣ мегардад.

Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавиёти миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ буда, дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди Миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб меёбад.

Муҳаббату эҳтироми Парчами миллӣ бояд дар  қалби  ҳар фарди бонангу номус маъво дошта, ӯро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва  ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд.

Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа бошад.

Дар робита ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки: «Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлату миллат бо рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам, Суруди миллӣ ва пули миллӣ шинохта мешавад, яъне ин нишонаҳо муаррификунандаи кишвари соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мебошанд».

Парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад.

Дар парчами давлатии мо рангҳои сурху сабзу сафед, ки аз покии дили ниёкон, сурхии хуни шаҳидон ва сабзии хати дафтару девони пешиниён маншаъ мегиранд, ҳамчун таҷассумгари мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи дурахшон, сулҳу субот, саъю кӯшиши ҳамвора баҳри сарсабзию хуррамии кишвар, тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун таҷассумгари соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ инъикос гардидаанд.

Бо парчами нави давлатӣ орзуҳои нав ва интизориҳои халқи тоҷик ба вуҷуд омад.

Мутаасифона, ҷанги шаҳрвандӣ интизориҳои точикистониёнро як муддат зери шубҳа бурд, вале бо талошҳои шабнарӯзию бесобиқа, ҷоннисориҳои фарзанди фарзонаи миллат, абармарди саҳнаи сиёсат Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он дурурдароз давом накарда, бо ба даст овардани истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ умеди мардум ба давлат ва эътикоди онҳоро ба ояндаи созанда дучанд эҳё намуд.

Моҳи сентябри соли 2011 бо муносибати 20 солагии Истиқлолияти давлатӣ баландтарин парчам дар чаҳон (бо баландии 165 м) бунёд ва он ба китоби Рекордҳои Гиннес ворид карда шуд.

Дар чунин шаклу андоза бунёди парчам ифодагари ғурури сатҳи давлатдорӣ ва ё худнамоӣ набуда, он ифодаи давлатдории қадимии халқи тоҷик мебошад, ки ба ҳар як метри он як давраи таърихии нашъунамои миллию сиёсии точикон рост меояд.

Қуллаи парчам қуллаи баланди ташкили давлатдорӣ, давлатдории мустакил мебошад, ки онро тоҷикон ба баҳои талафоти беназири моддию маънавӣ ва ҷонӣ дар тули таърих ба даст овардаанд.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод  зимни баргузории чорабиниҳо ҳамеша таваҷҷуҳи кормандони мақомотро ҷиҳати арҷ гузоштан ба муқадасоти миллӣ, аз ҷумла Парчами миллӣ ҷалб намуда, талаб менамоянд, ки тадбирҳои маърифатию таблиғотиро бо шаҳрвандон барои фаҳмишу дарки мазмун ва моҳияти ҳамаи муқадасоти миллӣ пурзӯр намоянд.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, ҳамкасбон ва кулли ҳамватанонро ба ин санаи фараҳбахш,-24 ноябр рӯзи Парчами давлатӣ муарифгари давлати соҳибистиқлоли тоҷикон табрику таҳният гуфта, осмони соф, сулҳу субот, амнияту оромӣ ва гулгулшукуфии  Ватани азизро орзумандам.

Бигузор Парчами миллӣ-ҳамчун рамзи давлатдорӣ, ифтихору сарбаландӣ ва нангу номуси миллат дар фазои осоиштаи кишварамон то абад парафшон ва илҳомбахши раванди созандагиву ободии Ватани маҳбубамон -Тоҷикистон бошад.

 

Директори Донишкадаи

Прокуратураи генералӣ,

генерал-майори адлия  

Қурбонзода Шариф Ҳабибулло

 

 

Дар бораи баргузории машғулиятҳои таълимӣ оид ба

омӯзиши “Назорати прокурорӣ дар самти иҷрои

қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонон”

 

Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони  мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамбастагӣ бо Раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи генералӣ бо давомнокии ду рӯз, дар се минтақа моҳи октябри соли равон бо иштироки 68  нафар  ёрдамчиёни прокуророни шаҳру ноҳияҳо ва ба онҳо баробаркадашуда дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон дар мавзӯи “Назорати прокурорӣ дар самти иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонон” машғулияти таълимӣ доир намуд.

Дар раванди машғулятҳо диққати асосӣ ба омӯзиши  санадҳои ин самт равона гардида, аз ҷониби муаллимони Донишкада, кормандони Раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони   Прокуратураи генералӣ талаботи Фармони Прокурори генералӣ, №21 аз 21 октябри соли 2016 “Дар бораи вазифаҳои мақомоти прокуратура вобаста ба баланд бардоштани самаранокии назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонон”, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи маориф”  ва  ғайра  тариқи назариявию амалӣ омӯзонида шуд.

Ҳамзамон,  тарзу усули таъмини назорати риоя ва иҷрои қонунҳо  “Дар бораи ӯҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, “Дар бораи ҳуқуқи кӯдак”, санҷиши риояи қонунгузорӣ дар фаъолияти комиссияҳои васоят ва парастории назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ,таъмини ҳуқуқ, кафолату имтиёзҳои донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, хусусиятҳои хоси пешбурди тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати ноболиғон ва бо иштироки онҳо (моддаҳои 426-431 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон) низ мавриди омӯзиш қарор дода шуд.


 

Дар бораи баргузории машғулиятҳои таълимӣ оид ба омӯзиши “Тарзу усули ошкоркунӣ ва тафтиши ҷиноятҳое, ки бо истифодаи

технологияҳои иттилоотӣ содир шудаанд”

 

Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони  мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани фаъолият, такмили малака ва маҳорати касбии муфаттишони мақомоти прокуратура оид ба таъмини волияти қонун ва мубориза ба ҷиноятҳои бо истифодаи шабакаи интернетӣ ва захираҳои электронии эттилоотӣ (шабакаҳои иҷтимоӣ мессенҷерҳо ва ғайра) содиршаванда, бо 24 нафар прокурорҳо ва муфаттишони прокуратураҳои вилоятҳою шаҳру ноҳияҳо ва ба онҳо баробаркардашуда машғулиятҳои таълимиро рӯзҳои 19-20 сентябри соли 2022 роҳандозӣ намуд.

Дар раванди барномаи таълимӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои кибернетикӣ ва мутахассисони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шунавандагон моҳияти санадҳои ҳуқуқии миллию байналмилалӣ оид ба киберҷиноятҳо, мафҳуми киберҷиноят ва тарзу усули ҷамъоварӣ, истифодаи почтаи электронӣ, сомонаю зангҳои телефонӣ ва ғайра зимни пешбурди тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ, инчунин тарзи таъину гузаронидани экспертиза вобаста ба ин қабил ҷиноятҳо омӯзонида шуд.

Машғулиятҳои назариявӣ  аз омӯзиши хусусиятҳо хоси тафтиши парвандаҳо ҷиноятӣ марбут ба амнияти иттилоотӣ, баҳодиҳии далелҳо, додани тавзеҳот ба мақолаҳо, мубоҳисаҳо тариқи сомонаҳои интернетиву шабакаҳои иҷтимои  аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳамкории байналмиллалӣ оид ба ошкору тафтиши ҷиоятҳои бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ содиршаванда ва амалӣ бошад аз омода намудани ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ, аз ҷумла азназаргузаронии ҷойи ҳодиса, қарор дар бораи таъини экспертизаҳои компютерӣ-техникӣ, барномавӣ-компютерӣ, иттилоотӣ-компютерӣ иборат буданд. 

 

 

Дар бораи баргузории машғӯлиятҳои таълимӣ оид ба омӯзиши “Тарзу усулҳои   назорати  прокурорӣ оид ба риоя ва иҷрои қонунгузорӣ дар

бораи ошкор, тафтиш ва баррасии судии ҷиноятҳои коррупсионӣ

марбут ба ҳолатҳои гирифтан ва додани пора”

 

Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони  мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон  тибқи дастури Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия муҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ва банди 3-и нақшаи корӣ  ҷиҳати такмили донишҳои назариявӣ  ва баланд бардоштани малакаи касбии  кормандони мақомоти прокуратура, машғулиятҳои таълимиро вобаста ба омӯзиши “Тарзу усулҳои   назорати  прокурорӣ оид ба риоя ва иҷрои қонунгузорӣ дар бораи ошкор, тафтиш ва баррасии судии ҷиноятҳои коррупсионӣ марбут ба ҳолатҳои гирифтан ва додани пора” дар рӯзҳои 22-31 августи соли 2022 амалӣ намуд.

Машғулиятҳо бо ҷалби устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, кормандони АНДМ ва МК, Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давомнокии ду рӯз, дар се минтақа охирҳои моҳи августи соли равон бо иштироки 68 прокуророни шаҳру ноҳияҳо ва ба онҳо баробаркадашуда дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон доир гардида,ба шунавандагон мафҳум, моҳият ва масоили мубрами ҷиноятҳои коррупсионии марбут ба гирифтану додани пора (ҷанбаҳои назариявии онҳо), мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта аз рӯи таҷрибаи тафтишотӣ-судӣ, тартиб ва тарзу усули баамалбарории корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯии ин қабил ҷиноятҳо омӯзонида шуд.

Аз ҷониби мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистӣ диққати ҳозирин ба нақши фоноскопия то оғози чорабиниҳо, тартиби коркарди маводҳо ҳангоми гузаронидани амалиёти додан ва гирифтани пора, истифодаи воситаҳои техникаи криминалистӣ, аз ҷумла асбобу таҷҳизоти гӯш ва сабткунанди овоз, қаламу хокаҳои махсуси коркарди пешакии маблағҳо, тарзу усули таъини ташхис, дарёфти далелҳо ва ислоҳи камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта, бештар ҷалб гардид.

Бо фарҷоми барнома аз прокурорҳо тақозо гардид, ки донишҳои андӯхтаи худро зимни баргузории машғулият семинарҳо дар маҳалҳо ба самъи кормандон расонанд.     

 

Дар бораи баргузории машғулиятҳои таълимӣ оид ба омӯзиши

 "Ошкор, тафтиш ва баррасии судии ҷинояти азонихудкунӣ ё

исрофкории маблағҳои буҷетӣ дар корхона,

муассиса ва ташкилотҳо"

 

2-уми ноябри соли 2022 аз ҷониби Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастури Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия муҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳмадзод оид ба «Ошкор, тафтиш ва баррасии судии ҷинояти азонихудкунӣ ё исрофкории маблағҳои буҷетӣ дар корхона, муассиса ва ташкилотҳо” бо кормандони мақомоти прокуратура машғулиятҳои назариявию амалӣ оғоз гардид.

Машғулиятҳо бо ҷалби кормандони варзидаи мақомоти прокуратура, устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ ва криминалистии Вазорати адлия ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия оид ба асосҳои баҳисобгирии бухгалтерӣ, тартиб додани ҳисоботи молиявӣ, мафҳум, моҳият ва тавсифи умумии  ҷинояти азонихудкунӣ ё исрофкорӣ, тарзу усули ташкил ва амалигардонии ревизия, методика ва роҳҳои ошкорсозӣ, тафтиши пешакии ин қабил ҷиноят, мафҳуми зарар, тартиби барқарор намудани зарар, асосҳои таъин намудани ташхисҳои судӣ-муҳосибӣ, дастгиркунии айбдоркунии давлатӣ дар суд ва ғайра гузаронида хоҳанд шуд.

Ҳадаф аз баргузории чунин машғулиятҳо баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии кормандон ҷиҳати таъмини назорати риояи қатъи қонунҳо ва истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ маҳсуб ёфта, баргузории онҳо 9-10  ноябр бо кормандони прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои  вилояти Хатлон ва 15-16 ноябр дар вилояти Суғд дар назар аст.

 

 

Санаи 05-уми октябри соли 2022 гиромидошти Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои конуният, тартиботи ҳуқукӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки тамоми кормандони Донишкада маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Дар маҷлис директори Донишкада, генерал-майори адлия Қурбонзода Ш.Ҳ. ва муаллими калон, мушовири адлияи дараҷаи1 Замонов Р.Р. дар мавзӯи рушд ва инкишофи забони тоҷикӣ дар давраи 31 соли Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.

Аз ҷумла, Замонов Р.Р. иброз намуд, ки забони модарӣ лафзи бузург, ширину муқаддас буда, барои ҳар як фарди комил бо баробари пайдо шудани ҷон дар бадан пайдо мешавад.

Ҳануз тифле, ки нав ба олами ҳастӣ чашм боз намудааст, ба аллаи модар. ки бо забони модарӣ сурат мегирад, ниёз дорад ва таҳти навои форами он худро озоду бофароғат ҳис мекунад, унс мегирад.

Қобили зикр аст, ки 22 июли соли 1989 Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Қонуни забонро қабул кард ва бо қарори Шӯрои Олӣ забони давлатӣ-забони тоҷикӣ эълон гардид.

Он замон кишвари мо дар ҳайати як давлати абарқудрат буд ва сиёсати забонии ҳамаи ҷумҳуриҳои бародарӣ дар ин давра аз як марказ идора мешуд.

Қонуни забоне, ки дар ҷумҳурии мо қабул гардид, яке аз қонунҳои аввалин дар сатҳи Иттиҳоди Шуравӣ маҳсуб меёфт.

Бо сабаби он, ки ин аввалин қонуни забон дар кишвар буд ва Тоҷикистон сиёсати худро вобаста ба сиёсати марказӣ пиёда мекард, он як силсила нуқсону камбудиҳо дошт.

05-уми октябри соли 2009 қонуни нав бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.

Дар қонуни нав масъалаҳое, ки дар қонуни пешин инъикос наёфта буданд, ҷойгоҳи худро пайдо кард ва он яке аз қонунҳои хеле муосири сатҳи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Айни замон вазифаи ҳар як шаҳрванд пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки барои поку беолоиш ва орӣ аз камбудиву нуқсонҳои ғайр нигоҳ доштани алфози модарии хеш саҳмгузор бошад.

Таъкид гардид, ки ҳамеша пайи он мекушем, ки забони миллати хешро пок, беолоиш ва пойдор нигоҳ дошта, намегузорем, ки эҳтироми ин забони бузург-лафзи поки модар коста бигардад.

Забони модариам ифтихорам, саодатбахши халқи номдорам,

Дар олам аз ҳама ширинтарӣ ту, ба Синову Хайёмат саҷда орам !

 

Маркази матбуоти Прокуратураи

генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

   Тавре маълум аст, 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлоли давлатии худро эълон намуда, дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҳамчун кишвари мустақилу соҳибихтиёр арзи ҳастӣ намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин неъмати бузургро чунин тафсир намудаанд:  “Истиқлолияти давлатии тоҷикон, ки ба мардуми мо дар даҳсолаи охири садаи бистум муяссар гардид, дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти халқамон гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва ба марҳалаи сифатан нави рушди кишварамон оғоз бахшид. Бешубҳа, ин бузургтарин дастоварди миллати куҳанбунёди тоҷик дар тули асрҳо ва неъмати бебаҳо барои наслҳои ояндаи халқи мост, ки ҷовидона соҳиби давлати миллии хеш хоҳанд шуд”.


Истиқлоли давлатӣ нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихору номус, рамзи саодату хушбахтӣ ва тантанаи орзуву ормонҳои деринаи мардуми мо мебошад, ки Тоҷикистони азизро ба як марҳилаи хоси таърихӣ ворид намуда, бо ҷомеаи ҷаҳон пайваст. Мутаассифона, дар ибтидои Истиқлоли давлатӣ гурӯҳҳои ҷинояткор таҳти роҳбарии ҳизби террористӣ-экстремистии наҳзати исломӣ вазъро ноором карда, мунтаҳо мунҷар ба даргириҳои низомӣ шуданд. Куштори мардуми бегуноҳ, террори тарафдорони сохти конститутсионӣ, арбобони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, дуздӣ ва ғоратгарӣ ба авҷи аъло расида, даҳҳо ҳазор шаҳрвандони бегуноҳ беному нишон шуданд. Ба иқтисодиёти мамлакат зарари беандоза расонда шуда, манзилҳои зист иншооти ҳаётан муҳиму аҳамияти стратегидошта харобу валангор гардиданд. Зиёда аз як миллион нафар шаҳрвандон гуреза ва садҳо нафар мутахассисони барҷаста тарки кишвар намуданд.

Дар натиҷаи фалаҷ шудани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳокимияти давлатӣ содир шудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин характери оммавӣ гирифта, фазои кишварро тарсу ҳарос фаро гирифта буд. Нақлиёти ҷамъиятӣ, роҳҳои оҳан ва ҳавоӣ аз фаъолият бозмонданд. Хазинаи давлат, аз ҷумла Бонки миллӣ аз ҷониби ин гурӯҳҳо ба пуррагӣ тасарруф шуда буд. Саросари кишварро қаҳтию гуруснагӣ, норасоии оби ошомиданӣ ва бебарқӣ фаро гирифта, ин бадбахтӣ умеди мардуми мамлакатро аз фардои давлати соҳибистиқлол сард намуда, хавфи воқеии аз даст додани Истиқлоли давлатӣ ва парокандашавии кишварро ба миён овард.    

Хушбахтона, моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, вакили мардумӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари давлат интихоб шуда, рисолати таърихии худро бо шиори “Ман ба Шумо сулҳ меорам” оғоз намуданд ва умеди мардумро дубора ба ояндаи дурахшони кишвар зинда намуданд. 

Сарвари тозаинтихоби давлат ва сарсупурдаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, новобаста аз вазъи ноороми пойтахти кишвар ва таъмин набудани амният, якҷо бо роҳбарони навтаъини мақомоти давлатӣ пас аз Иҷлосияи таърихӣ бо ҷасорати бемисл ба шаҳри Душанбе ворид шуда, ба фаъолият шуруъ намуданд. Ин фарзанди фарзонаи миллат барои ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсии кишвар дар мадди аввал фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои ҳокимияти давлатиро барқарор намуда, низоми идоракунии давлатиро ба роҳ монданд. Қувваҳои Мусаллаҳ бе ягон заминаи меросии моддию техникӣ дар ҷойи холӣ таъсис шуданд. Дар ин замина, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати таъмини қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва пешгирии содиршавии ҷиноятҳо аъзои гурӯҳҳои муташакили ҷиноятӣ безарар ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд, ки он барои ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар мусоидат намуд.   

Барои ҳамқадаму ҳамрадиф будани ҷумҳурӣ бо кишварҳои пешрафта ва ҷомеаи мутамаддин зарурати тағйир додани санадҳои танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла Конститутсияи кишвар ба миён омад. Дар ин робита, таҳти роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд, ки он ба ташкили низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ замина гузошт. Дар асоси ин санад, ислоҳоти конститутсионӣ амалӣ шуда, ҳокимияти давлатӣ ба шохаҳои қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ таҷзия гардид. Парлумони касбии дупалатагӣ, сохторҳои ҳарбӣ ва дигар рукнҳои давлатдорӣ таъсис ёфтанд.  

Ҳамчунин, Парчами давлатӣ, Нишон ва Суруди миллӣ ҳамчун рамзҳои давлатӣ ва шаклҳои гуногуни моликият асоси иқтисодиёти Тоҷикистон эътироф гардида, ба муомилот пули миллӣ ворид шуд.

Барои расидан ба сулҳу ваҳдат ва хотима додани ҷанги шаҳрвандӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаёти худро дар хатар монда, борҳо бо намояндагони гурӯҳҳои мусаллаҳ ба минтақаҳои ҷангзадаву хавфнок, аз ҷумла Афғонистон сафар намудаанд.        

Бо талошҳои шабонарӯзии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи тоҷик муяссар гардид, ки пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ гирифта шуда, 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расад. Ин ҳуҷҷати таърихӣ барои ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва зиндагии ороми сокинони мамлакат шароити мусоид фароҳам овард.

Бояд гуфт, ки аз фаъолият бозмондани корхонаҳои истеҳсолӣ, таназзули бошиддати иқтисодиёт, сатҳи баланди бекорӣ, таварруми бесобиқа, кам шудани ҳаҷми даромади Буҷети давлатӣ ва афзоиши босуръати сатҳи камбизоатӣ ба воқеияти бисёр вазнини он рӯзҳо табдил ёфта буд. Дар ҳамин ҳол, бо иқдоми дурандешонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешгирии хатари гуруснагӣ ва минбаъд бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ таъмин намудани бозори истеъмолӣ дар давоми солҳои 1995 – 1997 ба аҳолӣ 75 ҳазор гектар замин, ки байни мардум ҳамчун «заминҳои президентӣ» маъмул мебошад, тақсим шуд.   

Бо ташаббусҳои созандаю бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат дар як муддати кӯтоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, иншооти азим бунёд гардиданд. Дар ин раванд таъмини истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ҳамчун ҳадафҳои стратегии миллӣ, ки ояндаи Тоҷикистон ба амалӣ гардидани онҳо вобаста буд, муайян гардиданд.

Маҳз татбиқи ҳадафҳои зикршуда ва амалӣ намудани афзалиятҳои пешбинигардида имкон дод, ки даромади Буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонии соли 2000 то 28 миллиард сомонӣ дар соли 2021 афзоиш ёбад. Бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 2000 корхонаҳои хурду калони истеҳсолӣ, 2723 муассисаи тандурустӣ ва 3246 муассисаи таълимӣ барои 1 миллиону 410 ҳазор хонанда сохта шуданд.

Танҳо дар давоми се сол ба муносибати Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар мамлакат 25 ҳазор иншооту биноҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ сохта шуданд. Тоҷикистони мустақил ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ пазируфта шуда, бо 180 давлат робитаи дипломатӣ ва тиҷоративу иқтисодӣ барқарор намуд.

Таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи Истиқлоли давлатӣ саҳми кормандони мақомоти прокуратура низ  назаррас буда, онҳо дар душвортарин лаҳзаҳо вазифаҳои хизматии худро бо ҳисси баланди масъулият, кордонӣ ва садоқат ба халқу Ватан иҷро намуда, бо гурӯҳҳои ҷинояткор муборизаи оштинопазир бурдаанд. Дар ин роҳ чандин нафар кормандон ҷони худро фидо намуданд ва мо хотираи онҳоро доимо пос медорем.

Хизмати кормандони мақомотро Сарвари давлат пайваста қадршиносӣ менамоянд. Аз ҷумла, ба муносибати Ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат 3 нафар корманди мақомот бо рутбаҳои олии “Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3” ва 6  нафар бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардонда шуданд.

Ин ғамхориву дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо - кормандони мақомотро водор менамояд, ки дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои халқу Ватан ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон беҳтару хубтар фаъолият намоем.

 

      Прокурори генералии

      Ҷумҳурии Тоҷикистон,

      генерал-полковники адлия,

      Раҳмон Юсуф АҲМАДЗОД 

 

 

       Албатта, инсонхо дар вуҷуди худ рашку ҳасодат доранд, аммо ақлу хирад, дониш бархеро водор месозад, то он аз ҳадди эътидол нагузарад ва зарараш ба дигарон нарасад. Махсусан, агар рашк хуруҷ бинамояд, одамӣ саривақт худро идора карда натавониста, тобеи он мешаваду ба ихтиёри ӯ мегузарад. Дар ин сурат аст, ки чашм кӯр мешавад, донишу ақлу хирад пушти дари вучудаш мемонанд ва ғуломвор камари ҳиммат ба хидматаш мебандад. Мутассифона, Набиев Ҷӯрабек Ҳафизович худро дар дасти рашк вогузошт ва дар оташиқахру ғазаб сӯхту дар андешаи ситонидани қассос гардид. Дap натиҷа чиноятеро содир кард, ки якеро аз ҳаёт маҳрум сохту худро пушти панҷараи маҳбас нишонд. Агар садди роҳаш намешуданд, ба яқин, аз пушти мақтул худ ҳам ҷон мебохту манзили охираташ зери замин мешуд. Ҳодиса      ва      сабабҳои    рухдоди он чунин аст:

      Набиев Ҷ.Ҳ бинобар мунтазам рафту омад доштани ҳамсояаш Содиқов А.В. ба манзили зисти ӯ вa бародараш Набиев У.Ҳ, ки дар як ҳавлӣ истиқомат доштанд, оид ба муносибати маҳрамона доштани ӯбо ҳамсараш Набиева А.Т шубҳа намуда, нияти ба ҳалокат расонидани Содиқов А.В.-ро намудааст.

      Минбаъд Набиев Ҷ.Ҳ. 3 декабри соли 2021 тахминан соати 11:30 дақика дap манзили зисташ қарор дошта, ба он ҷо ворид шудани Содиқов А.В- ро мушоҳида намуда, аз набудани ҳамсараш ва фарзандонаш истифода карда, дар заминаи рашк ва хусумати шахсӣ охиронро бо пой зада, ба за­мин афтонида, ба воситаи табаре, ки бо нияти амалӣ намудани қасди куштор дар дасташ нигох медошт, ду маротиба дар қисмати cap, як маротиба ба қисмати пеши гардан ва як маро­тиба дар кисмати пойи чапаш зарба зада, ба саломатиаш ҷарохатҳои вазнини чисмонӣ расонидааст.

      Ба ин кирдори содирнамудааш қонеъ нашуда, Набиев Ҷ.Х, бо мақсади фавран ба қатл расонидани Содиқов А.В. ва якбора нест кардани пайҳои ҷиноят, дар ҳолати зинда будани ҷабрдида ба сару бадани ӯ сӯзишвории навъи бензин рехта, ӯро оташ задааст.

      Баъдан, бо мақсади аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дур намудани худ, На­биев Ҷ.Ҳ. қасди худкуширо на­муда, тавассути банди хоҷагӣ худро дар болочӯби оғилхонаи манзили зисташ овехтааст.

      Ин ҳолатро хамсояҳо Ҳасанов М.Б. ва Шоймирзоев М.П. мушоҳида намуда, фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, бо кушодани банд ҳодисаи даст ба худкушии На­биев Ҷ.Ҳ.-ро пешгирӣ намуда, сӯхторро дар бадани ҷабрдида Содиқов А.В. хомуш карда, номбурдаро ба беморхонаи марказии ноҳия дастрас намудаанд. Аммо бо сабаби бардоштани ҷарохатҳои вазнин ба саломатӣ, ҷабрдида дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

      Дар натиҷаи андешидани чорахои фаврӣ-тафтишотии     мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Набиев А.Т. дастгир шуда, ҷинояти содирнамуда ошкор гардид ва пешбурди тафтиши пурра ва ҳамачонибаи парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Шаҳринав таъмин гашта, номбурда бо моддаи 104 қисми 2 банди «е»-и КҶ Ҷумҳурии Точикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои одамкушӣ бо бераҳмии махсус муқаррар менамоянд, ба чавобгарии чиноятӣ кашида шуд.

      Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои чиноятии Суди Олии Ҷумхурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2022 Набиев Ҷ.Х,. гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 23 сол, бо адо кардани ҷазо дар колонияи ислоҳии низоми сахт таъин карда шуд. Мурод аз овардани ҳодисаи рухдода ва ҳукми судӣ он аст, ки ҳар нафари ба рашк гирифтор қазияро набояд худаш ҳал бинмояду ҳукм бибарорад ва дар пайи иҷроишаш бишавад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба он хотир амал мекунанд, ки бо тасмими дуруст гунаҳгор муайян ва ҷазои сазовору одилона бигирад. Тавре бармеояд, натиҷаи ин ҳодисаҳо нек нестанд. На танҳо ҳар ду ҷониб манфиате ҳосил накарданд, балки зарар диданду ин зарарҳо ба ду оила ва аъзои онҳо мерасанд. Пас, зарур аст, ки чашми ибратбин дошта бошем ва дар гирифтани тасмим ба саросемагӣ роҳ надиҳем.

Махмудзода Бахтиёр.

Прокурори калони Раёсати назорати

конунӣ будани санадхои судӣ оид ба

парвандаҳои ҷиноятии Прокуратураи

генералии Чумхурии Тоҷикистон,

 мушовири адлияи дараҷаи 1

  Натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ вобаста ба вазъи даъват, сафарбаркунии ҳаваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти  мақомоти давлатӣ дар ин самт нишон дод, ки ташкили кор ва фаъолияти шахсони масъули мақомоти ваколатдори давлатӣ дар ин соҳа ҷиҳати сафарбаркунии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи бениҳоят паст қарор дошта, ин омилҳо сол аз сол барои таъмини иҷрои саривақтии нақшаи даъват таъсири манфӣ расонида истодааст.


   Аз ҷумла, бо дахолати бевоситаи танҳо дастгоҳи прокуратураи вилояти Суғд ва прокуророни шаҳру ноҳияҳои вилоят барои мусоидат намудан ба сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳи Мусаллаҳ супоришҳои дахлдор дода шуда, дар натиҷа ба хизмати ҳарбӣ дар давоми соли 2021 зиёда аз 100 нафар, сафарбар карда шуданд.

    Ҳол он, ки фаъолияти мақомоти прокуратура, амният ва корҳои дохилӣ дар давраи даъват ба хизмати ҳарбӣ бояд ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амният, пешгирии қонунвайронкуниҳо ва баррасии масъалаҳои оқибати саркаши аз хизмати ҳарбӣ равона шавад.

   Яке аз самтҳои асосии кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳотҳо, кумитаи маҳаллаҳо тайёр ва омода намудани шаҳрванд ба хизмати ҳарбӣ мебошад.

   Самаранокии фаъолияти масъулини мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар сатҳи паст қарор дошта, фаъолияти кории онҳо нисбат ба омӯзиш ва омодагӣ ба даъват инчунин саривақт ҷудо намудани маблағҳои муайян барои гузаронидани даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ба таври лозима ба роҳ монда нашудааст.

   Аз ҳамин лиҳоз ин мавзуъ ба нақшаи гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ барои нимсолаи якуми соли 2022 ворид карда шудааст.

   Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”  бо қарори  Маҷлиси намояндагони       Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2021, № 302 қабул карда шуда бо қарори  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон 25 январи соли 2021, № 113 ҷонибдорӣ карда шудааст.

   Қонуни мазкур 29 январи соли 2021, № 1753  аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шудааст.

  Қонуни мазкур 10 боб ва 62 модда иборат  буда, муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба иҷрои уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.

   Дар моддаи 1 Қонуни мазкур, ки мафҳумҳои асосиро шарҳ медиҳад  сараввал мафҳуми уҳдадории ҳарбӣ - уҳдадории конститутсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он фаҳмонида шудааст.

   Баъдан истилоҳи комилан нави воридгардида, яъне хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ - намуди хизмати ҳарбӣ, ки дар он шаҳрвандони синни даъватӣ ҳуқуқи ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ё озод шудан аз даъватро надоранд, вале метавонанд ин намуди хизматро ба тариқи ихтиёрӣ адо намоянд  дар матни қонун ворид карда шудааст.

     Моддаи 4-и Қонун принсипҳои хизмати ҳарбиро муайян намудааст:

   1) қонуният;

   2) эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

   3) садоқат ба Ватан ва халқи Тоҷикистон;

   4) садоқат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

   5) риояи интизоми ҳарбӣ;

   6) ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои хизматчиёни ҳарбӣ ва дахлнопазирии онҳо ҳангоми иҷрои уҳдадории хизмати ҳарбӣ;

   7) яккасардорӣ ва риояи мартабот;

   8) вобаста набудан ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ.

  Моддаи 6-и Қонун ба хизмати ҳарбӣ нисбат ба намудҳои дигари хизмати давлатӣ афзалият додан, ки  ин афзалият ба қатъ гардидани муносибатҳои меҳнатии муайян ё машғул шудан ба фаъолияти дигар ҳангоми даъват, ё бо хоҳиши худ дохил шудани шаҳрванд ба хизмати ҳарбӣ, ё ҷамъомадҳои ҳарбӣ ифода меёбад муайян карда шудааст.

  Моддаи 7 Қонуни мазкур кафолати бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба собиқаи хизмати давлатӣ дохил намудани  муҳлати дар хизмати ҳарбӣ будани шаҳрванде, ки ба хизмати давлатӣ дохил мешаванд  пешбинӣ намудааст.

   Фасли алоҳидаи Қонун ба танзими давлатии иҷрои  уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ бахшида шудааст, ки  моддаи 10 уҳдадории мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхона, муассиса ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқӣ, оид ба таъмини иҷрои уҳдадории ҳарбии шаҳрвандонро ба танзим медарорад.

   Маҳз ҳамин фасл уҳдадории мақомоти дахлдорро ба истиснои комиссариятҳои ҳарбӣ муқаррар менамояд ва агар комиссияҳои даъвати ҷавонон ба хизмати муҳлатноки ҳарбӣ ҳамин фишангҳоро тавонанд мавриди амал қарор диҳанд мушкилоти иҷрои нақшаи  даъват аз байн меравад.

    Чунончи талаботи Қонуни мазкур ба уҳдаи мақомоти дар поён зикргардида  чунин амалҳоро пешбинӣ намудааст:

1. Мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин дигар мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, сарфи назар аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқӣ, уҳдадоранд:

1) даъватшавандагон ва шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордоштаро ба ҳисоб гирифта, дар муҳлати 1 ҳафта ба комиссариатҳои ҳарбӣ хабар диҳанд;

2) бо дархости комиссариати ҳарбӣ маълумот оид ба шаҳрвандони ба қайди ҳарбӣ гузошташаванда ва дар қайди ҳарбӣ қарордоштаро, ки барои дохил кардан ба ҳуҷҷатҳои қайди ҳарбӣ заруранд, фиристанд;

3) шаҳрвандонро оид ба даъвати комиссариати ҳарбӣ хабардор намоянд;

4) ба шаҳрвандон имконияти сари вақт ба даъвати комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданро таъмин намоянд.

2. Роҳбарони мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқӣ, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ (шӯрои маҳалла, кумитаи маҳалла ва ба мисли инҳо) уҳдадоранд дар муҳлати 1 моҳ ба комиссариати ҳарбӣ дар бораи тағйироти ҳайати кормандон, шаҳрвандони ба таври доимӣ ё муваққатӣ истиқоматкунандае, ки дар қайди ҳарбӣ мебошанд ё онҳое, ки уҳдадоранд дар қайди ҳарбӣ бошанд, маълумот пешниҳод кунанд.

3. Мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ уҳдадоранд дар муҳлати 7 рӯз дар бораи оғоз намудани парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати шаҳрвандоне, ки дар қайди ҳарбӣ мебошанд ё уҳдадоранд дар қайди ҳарбӣ бошанд, ба комиссариатҳои ҳарбии дахлдор хабар диҳанд ва дар мавриди қатъ намудани парвандаи ҷиноятӣ, новобаста ба асосҳои қатъ, уҳдадоранд дар муҳлати 7 рӯз ба комиссариатҳои ҳарбии дахлдор хабар диҳанд.

4. Судҳо уҳдадоранд дар муҳлати 7 рӯз ба комиссариатҳои ҳарбии дахлдор оид ба масъалаҳои зерин хабар диҳанд:

1) дар бораи баррасӣ ва қатъ намудани парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати шаҳрвандоне, ки дар қайди ҳарбӣ мебошанд ё уҳдадоранд дар қайди ҳарбӣ бошанд;

2) дар бораи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд нисбати шаҳрвандоне, ки дар қайди ҳарбӣ мебошанд ё уҳдадоранд дар қайди ҳарбӣ бошанд.

5. Мақомоти корҳои дохилӣ уҳдадоранд:

1) дар асоси дархости комиссари ҳарбии ноҳия ва ё шаҳр дар муҳлати 7 рӯз ба комиссариати ҳарбӣ маълумоти заруриро дар бораи шаҳрвандон барои ба ҳуҷҷатҳои қайди ҳарбӣ дохил намудан фиристанд;

2) дар асоси дархости комиссари ҳарбии ноҳия ва шаҳр (командири қисми ҳарбӣ) шаҳрвандонеро, ки аз қайди ҳарбӣ, даъват ба хизмати ҳарбӣ ё ҷамъомадҳои ҳарбӣ, адои хизмати ҳарбию ҷамъомадҳои ҳарбӣ саркашӣ намудаанд, инчунин шахсонеро, ки худсарона қисми ҳарбиро тарк намудаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷӯстуҷӯ ва боздошт намоянд;

3) дар бораи ошкор намудани шаҳрвандоне, ки уҳдадоранд ба қайди ҳарбӣ гирифта шаванд, инчунин дар бораи шахсоне, ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул кардаанд, вале дар қайди ҳарбӣ намебошанд, дар муҳлати 7 рӯз ба комиссариатҳои ҳарбии дахлдор хабар диҳанд;

4) ҳангоми гирифтани шиноснома аз шаҳрвандони ҷинси мард ҳуҷҷати тасдиқкунандаи қайди ҳарбиро талаб намоянд;

5) тартиботи ҷамъиятиро ҳангоми даъвати шаҳрвандон дар нуқтаҳои даъватӣ ва сафарбаршавии даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ таъмин намоянд.

6. Мақомоти амнияти миллӣ уҳдадоранд бо дархости комиссари ҳарбӣ дар муҳлати 7 рӯз нисбат ба шаҳрвандони дар қайди ҳарбӣ қарордошта ба комиссариатҳои ҳарбии дахлдор маълумот пешниҳод намоянд.

7. Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ уҳдадоранд дар бораи ворид намудани тағйирот ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ нисбати шаҳрвандоне, ки дар қайди ҳарбӣ мебошанд ё уҳдадоранд дар қайди ҳарбӣ бошанд, дар муҳлати 7 рӯз ба комиссариатҳои ҳарбии дахлдор хабар диҳанд.

8. Мақомоти шуғли аҳолӣ уҳдадоранд дар бораи аз ҷониби онҳо ба қайд гирифтани шаҳрвандони аз 16 то 27-сола дар муҳлати 7 рӯз ба комиссариатҳои ҳарбии дахлдор хабар диҳанд.

9. Мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ уҳдадоранд дар бораи маъюб донистани шаҳрвандоне, ки дар қайди ҳарбӣ мебошанд ё уҳдадоранд дар қайди ҳарбӣ бошанд, дар муҳлати 7 рӯз ба комиссариатҳои ҳарбии дахлдор хабар диҳанд.

10. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадор аст дар муҳлати 7 рӯз бо дархости Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба баромад ва воридшавии шаҳрвандони аз 18 то 27-сола ба/аз Тоҷикистон бо нишон додани ҷойи истиқомат маълумот пешниҳод намояд.

11. Роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин дигар мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқӣ, барои таъмини иҷрои уҳдадориҳои дар Қонуни мазкур пешбинигардида шахсан масъул мебошанд.

Тибқи талаботи моддаи 18 Қонуни мазкур  бо мақсади таъмини қайди ҳарбӣ шаҳрвандон уҳдадоранд:

1) дар комиссариати ҳарбии маҳалли истиқомат ё дар қайди ҳарбии ҳайати эҳтиёти мақомоти амнияти миллӣ дар қайди ҳарбӣ бошанд;

2) дар вақти муқарраршуда ва маҳалли муайян аз рӯи даъват (даъватнома) ба комиссариати ҳарбӣ (мақомоти амнияти миллӣ) ҳозир шуда, ҳуҷҷатҳои заруриро мувофиқи номгӯи дар даъватномаи комиссариати ҳарбӣ (мақомоти амнияти миллӣ) ё мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот нишондодашуда пешниҳод намоянд;

3) ҳангоми аз хизмати ҳарбӣ ба ҳайати эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳангоми аз мақомоти пешбининамудаи қисми 4 моддаи 16 Қонуни мазкур рухсат шудан дар муҳлати 14 рӯз аз рӯзи хориҷ шудан аз рӯйхати ҳайати шахсии қисми ҳарбӣ ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли истиқомат барои ба қайди ҳарбӣ гузоштан ҳозир шаванд;

4) дар муҳлати 7 рӯз ба комиссариати ҳарбӣ ё мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти маҳалли истиқомат дар бораи тағйир ёфтани вазъи оилавӣ, ҷойи кор ё мансаб, ҷойи истиқомат дар ҳудуди шаҳр ё ноҳия хабар расонанд;

5) ҳангоми ба ҷойи нави истиқомат, инчунин муваққатан ба муҳлати зиёда аз 45 рӯз аз ҷойи истиқомати доимӣ рафтан аз қайди ҳарбӣ баромада, дар муҳлати 20 рӯзи расидан ба ҷойи нави истиқомат, ҷойи қарордошти муваққатӣ ё бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон худро ба қайди ҳарбӣ гузоранд;

6) ҳуҷҷатҳои бақайдгирии ҳарбиро эҳтиёткорона нигоҳ доранд. Дар ҳолати гум кардани ҳуҷҷатҳои мазкур дар муҳлати 14 рӯз ба комиссариати ҳарбии маҳалли истиқомат барои ҳалли масъалаи гирифтани ҳуҷҷатҳо ба ҷойи ҳуҷҷатҳои гумшуда муроҷиат намоянд;

7) уҳдадориҳои дигари бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қайди ҳарбӣ муқаррарнамударо иҷро намоянд.

2. Шаҳрвандоне, ки бояд ба хизмати ҳарбӣ даъват шаванд ва дар давраи даъват ба муҳлати зиёда аз 15 рӯз аз ҷойи истиқомат мераванд, уҳдадоранд дар ин бора ба комиссариати ҳарбии маҳалли истиқомат шахсан хабар расонанд.

   Мутобиқи моддаи 21 Қонун  мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот якҷоя бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатие, ки дар онҳо мутобиқи Қонуни мазкур хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, инчунин шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқӣ, уҳдадоранд доир ба тарбияи ҳарбию ватандӯстии шаҳрвандон мунтазам кор баранд.

   Гирифтани дониши зарурӣ оид ба мудофиаи давлат, уҳдадориҳои ҳарбии шаҳрвандон, инчунин соҳиб шудани таълимгирандагон ба малакаи мудофиаи гражданӣ дар стандартҳои таълимии давлатии таҳсилоти умумӣ ва таҳсилоти миёнаи касбӣ пешбинӣ карда мешаванд.

   Тайёрии ҳарбӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хонандагону донишҷӯёни ҷинси мард дар давоми 2 соли охири таҳсил ҳатман бо гузаронидани ҷамъомади таълимии ҳарбӣ на камтар аз як маротиба дар анҷоми соли охири таҳсил сурат мегирад.

   Нақша ва барномаҳои таълимии тайёрии ҳарбиро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намуда, барои тасдиқ ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

   Санҷишҳои прокурорӣ нишон дод, ки сифати таълиму тарбия оид ба омадагии ибтидоии ҳарбӣ дар аксарияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ тибқи талабот ба роҳ монда нашудааст.

   Чунончӣ, тибқи барномаҳои таълимӣ, дар муассисаҳои мазкур барои синфҳои 10 ва 11 дар охири соли таълимӣ ба муддати 6 рӯз, яъне 34 соат, ҷамъомади таълимии ҳарбӣ  пешбини шудааст, ки дар давоми он, ҷавонон бояд, ки бо Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуда, омодагии тактикӣ, тирандозӣ, асосҳои хизмати ҳарбӣ, оинномаҳо, саф ва хусусияти он, топографияи ҳарбӣ, мудофиаи гражданӣ, асосҳои донишҳои тиббӣ ва омодагии ҷисмониро аз худ намоянд.

   Дар аксарияти кулли муассисаҳои таълимии миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ талаботҳои барномаи зикршуда бо таври дахлдор иҷро карда намешаванд. Ба аксарияти хонандагони мактаб, қоидаҳои саф кашидан, қадам задан дар қатор ва дар танҳоӣ, истифодаи яроқ, аз ҷумла, ба қисмҳо ҷудо кардан, тоза кардан, аз нав ҷамъ кардан ва аз онҳо тирандозӣ намудан ба дараҷаи дахлдор омӯзонида намешаванд.

    Ғайр аз ин, камбудии ҷиддӣ аз он иборат мебошад, ки дар бисёр мактабҳо синфхонаҳои таълимии ҳарбӣ ва майдончаҳои варзишӣ, ки барои омодагии хонандагон ба хизмати ҳарбӣ нақши асосиро мебозанд, ташкил карда нашудаанд.

   Аз ҷумла, дар вилояти Суғд ҳамагӣ дар 237 муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ, синфхонаҳои таълими ҳарбӣ ташкил карда нашудааст. Дар 352 мактабҳо бошад, майдончаҳои ҳарбӣ ташкил карда нашудааст. Инчунин, дар 62 адад мактабҳои вилоят, таълими фаннӣ омодагии ибтидоии ҳарбӣ ба роҳ монда нашуда, ҳамзамон  норасогии омӯзгорони фанни мазкур, 40 нафарро ташкил медиҳад.

    Аз шумораи умумии омӯзгорони фанни таълими омодагии ибтидоии ҳарбӣ, ки алҳол 842 нафар мебошанд, 177 нафар ё 21 фоизашон ихтисоси соҳавӣ надоранд.

    Мисол, дар шаҳри Панҷакент ба таълими фанни омодагии ибтидоӣ ҳарбӣ, 53 нафар бо ихтисоси омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонӣ ва 18 нафар омӯзгорон бо ихтисоси фанҳои таърих, биология, химия ва ҳатто фани суруд ва мусиқӣ дарс мегузаранд.

      Таъминот бо китоби дарсии ҳамин фан дар вилоят 87 фоизро ташкил намуда, он дар шаҳру ноҳияҳои Шаҳристон 42,1 фоиз, Бӯстон 60,2, Зафаробод 75, Деваштич 82,6, Кӯҳистони Мастчоҳ 80, Спитамен ва Гулистон 85 фоизро ташкил медиҳад.

      Айнан дар чунин вазъ ба истиснои шаҳри Душанбе  муассисаҳои  дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ қарор доранд.

      Мехостам ба самъи Шумо тағйироти воридгардидаи дигаррро дар самти омодагӣ ба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ расонам.

     Тибқи муқаррароти моддаи 28-и Қонуни мазкур шаҳрвандони синни даъватӣ дар асоси қарори раисони шаҳру ноҳияҳо бо мақсади омӯзиш бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон то оғози даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ба комиссариати ҳарбии маҳалли истиқомат даъват карда мешаванд.

      Шаҳрванди синни даъватӣ дар ҳолати ҳозир нашудан тибқи даъватномаи комиссариати ҳарбӣ ба чорабиниҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

      Шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-солаи дар қайди ҳарбӣ қарордошта ё шаҳрвандоне, ки уҳдадоранд дар қайди ҳарбӣ бошанд ва барои ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ё озод шудан аз даъват ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок ҳуқуқ надоранд, ба хизмати ҳарбӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ, ки мутобиқи Қонуни мазкур дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст, дар вазифаҳои сарбозон ва сержантҳо даъват карда мешаванд.

     Шаҳрвандони ҷинси марди то 27-сола, ки хизмати ҳарбиро адо накардаанду кафедраҳои ҳарбиро дар назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии касбӣ хатм намудаанд ва бо гирифтани рутбаи ҳарбии афсарӣ ба ҳайати эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил карда шудаанд, аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок даъват карда мешаванд.

  Мутобиқи моддаи 30 Қонуни зикргардида аз даъват ба хизмати ҳарбӣ шаҳрвандони зерин озод карда мешаванд:

- онҳое, ки бинобар вазъи саломатӣ ғайриқобили хизмати ҳарбӣ дониста шудаанд;

- онҳое, ки хизмати ҳарбӣ ё хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо намуда истодаанд ё адо кардаанд;

- онҳое, ки хизмати ҳарбӣ ё намуди дигари хизмати ба хизмати ҳарбӣ баробаркардашударо дар давлати дигар адо мекунанд ё адо кардаанд;

- онҳое, ки барои содир кардани ҷиноят бо ҳукми суд ба ҷазои аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд.

      Шаҳрвандони зерин ҳуқуқ доранд аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод карда шаванд:

- онҳое, ки падар (модар) ё бародар (хоҳар)-ашон ҳангоми адои хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок ё ба таври ихтиёрӣ дар вазифаҳои сарбозон, сержантҳо, прапоршикҳо ва афсарон ва ё дар давраи гузаштани ҷамъомадҳои ҳарбӣ ҳалок шудаанд ё вафот кардаанд, ё ин ки маъюби гурӯҳҳои I ва II гардидаанд;

- онҳое, ки дар оила писар (писархонд)-и ягона мебошанд;

- онҳое, ки унвони илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм ё доктори ҳабилитатро доранд.

      Тибқи муқаррароти  моддаи 31 Қонуни мазкур  даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ бо асосҳои зерин ба таъхир гузошта мешавад:

- муваққатан ғайриқобили хизмати ҳарбӣ дониста шудан бинобар вазъи саломатӣ - ба муҳлати то 6 моҳ;

- нигоҳубини узви оилаи ба кумаки дигар кас эҳтиёҷдошта, ки таҳти таъминоти пурраи давлат қарор надорад, дар сурати набудани шахсони дигаре, ки дар асоси қонун уҳдадоранд ба аъзои зикргардидаи оила ғамхорӣ намуда, онҳоро таъмин кунанд (ба кумак ва нигоҳубини каси дигар эҳтиёҷдошта он аъзои оила ҳисобида мешаванд, ки ба синни нафақа расидаанд ё маъюби гурӯҳи I ё II мебошанд, инчунин он аъзои оила, ки ба синни 18 нарасидаанд);

- таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ - то хатми муассисаҳои таълимии мазкур; 

- тарбияи кӯдаки аз модар маҳруммонда;

- оғоз карда шудани парвандаи ҷиноятӣ - то қабули қарори дахлдор;

- адои ҷазои ҷиноятӣ дар намуди корҳои ҳатмӣ, корҳои ислоҳӣ ва ё махдуд кардани озодӣ.

- Ба ғайр аз асосҳои дар қисми 1 моддаи мазкур зикргардида барои ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ шаҳрвандони зерин ҳуқуқ доранд:

- даъватшавандае, ки модараш ғайр аз ӯ ду ва зиёда фарзанди ноболиғ дошта, онҳоро бе ҳамсар тарбия менамояд - то ба балоғат расидани фарзанди (писари) дигар;

- онҳое, ки вакили Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ интихоб шудаанд - дар давоми муҳлати ваколат;

- онҳое, ки дар шуъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ барои дарёфти тахассуси дараҷаи бакалавр ва мутахассис бори аввал таҳсил менамоянд - дар давраи таҳсил;

- омӯзгороне, ки таҳсилоти олии омӯзгорӣ дошта, дар вазифаи омӯзгори муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии деҳот кор мекунанд - дар давраи иҷрои ин кор;

- онҳое, ки таҳсилоти олии тиббӣ дошта, дар муассисаҳои таълимӣ ё тиббии деҳот кор мекунанд - дар давраи иҷрои ин кор;

- онҳое, ки ду ва зиёда фарзанд доранд.

      Тағйироти ҷиддии дигар дар моддаи 35 Қонун ворид гардидааст, ки тибқи он даъватшаванда уҳдадор аст бо даъвати комиссариати ҳарбӣ ба муоинаи тиббӣ, комиссияи даъватӣ ё барои фиристодан ба қисми ҳарбӣ бо мақсади адои хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок ҳозир шавад ва дар комиссариати ҳарбӣ то сафарбар шудан ба маҳалли адои хизмати ҳарбӣ қарор гирад.

    Падар ё модари шаҳрванде, ки бояд ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок даъват шавад ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда уҳдадоранд даъватномаи комиссариати ҳарбиро бо гузоштани имзо қабул намоянд ва ба шаҳрванди ба хизмати ҳарбӣ даъватшаванда расонанд.

    Даъватномаро ба шаҳрванд кормандони комиссариати ҳарбии ҷойи истиқомат, кор ё таҳсили шаҳрванд ба воситаи роҳбарон, шахсони масъули дигари корхона, муассиса ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқӣ, инчунин шахсони мансабдоре, ки барои кори баҳисобгирии ҳарбии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, роҳбарони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ (шӯрои маҳалла, кумитаи маҳалла, кумитаи манзил ва ба мисли инҳо) масъуланд, месупоранд. Дар даъватнома бояд оқибатҳои ҳуқуқии аз тарафи шаҳрванд иҷро нагардидани талаботи ба зиммаи ӯ гузошташуда дарҷ шаванд.

     Шаҳрванд уҳдадор аст барои иҷрои уҳдадории ҳарбӣ ва адои хизмати ҳарбӣ тибқи даъват (даъватнома)-и комиссариати ҳарбӣ дар муҳлати муайянгардида ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шавад.

     Дар сурати саркашӣ кардани даъватшаванда аз гирифтани даъватнома ва ё бе сабабҳои узрнок ҳозир нашудани даъватшаванда дар муҳлати муайяннамудаи даъватнома, даъватшаванда тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

    Шаҳрвандони ҷинси мард, ки баъди хатми муассисаи таълимии давлатии таҳсилоти олии касбӣ ба ҳайати эҳтиёт бо гирифтани рутбаи ҳарбии афсарӣ дохил шудаанд, уҳдадоранд аз рӯи даъватномаи комиссариати ҳарбӣ барои гузаштани муоинаи тиббӣ ҷиҳати қабули қарор оид ба даъват ба хизмати ҳарбӣ ва гирифтани амрномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рафтан ба маҳалли хизмати ҳарбӣ ҳозир шаванд.

    Дар сурати мувофиқи даъватномаи комиссариати ҳарбӣ бо сабабҳои узрнок ҳозир нашудани даъватшаванда ба чорабиниҳои алоқаманд бо даъват ба хизмати ҳарбӣ, ӯ бояд дар муддати 10 рӯз аз лаҳзаи гирифтани даъватнома ба комиссариати ҳарбӣ дар ин бора ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро пешниҳод намояд.

    Моддаи дигари  Қонун (моддаи 37)  муқаррар менамояд, ки шаҳрванди қобил ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ки ҳуқуқи озод шудан ё ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбиро надорад, метавонад ба таври ихтиёрӣ бо супоридани маблағ ба суратҳисоби махсус хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо намояд.

     Хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ бо гузаштани ҷамъомади якмоҳа гузаронида мешавад. Шаҳрванд пас аз адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ба хизмати ҳарбии ҳатмӣ даъват карда намешавад.

   Шаҳрвандони аз 18 то 27-сола, ки дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ба хизмати ҳарбӣ дохил шудаанд, ба ҳайати эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар давраи сафарбарӣ ва ҳолати ҷангӣ ба хизмати ҳарбии ҳатмӣ даъват карда мешаванд.

    Қонуни мазкур муҳлати хизмати ҳарбии ҳатмии хизматчиёни ҳарбӣ бо тартиби зерин муқаррар намудааст:

- барои онҳое, ки хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро дар вазифаҳои сарбозон ва сержантҳо адо мекунанд - 24 моҳ, барои шахсони дорои таҳсилоти олии касбӣ - 12 моҳ;

- барои онҳое, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ дар вазифаҳои сарбозҳо ва сержантҳо адо мекунанд - 1 моҳ;

- барои онҳое, ки аз рӯи даъват дар вазифаҳои афсарон хизмати ҳарбиро адо мекунанд - 24 моҳ;

-барои сержантҳо, прапоршикон, инчунин хизматчиёни ҳарбии ҷинси зан, ки бо тартиби ихтиёрӣ хизмат мекунанд - 3 сол, пас аз адои муҳлат ин гурӯҳи хизматчиёни ҳарбӣ ҳуқуқ доранд хизмати ҳарбиро бо тартиби муайяннамудаи низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ тамдид намоянд;

- барои афсароне, ки муассисаҳои таълимии давлатии ҳарбии таҳсилоти олии касбиро хатм намудаанд - 10 сол;

- барои афсароне, ки муассисаҳои таълимии мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар асоси роҳхати мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таълимии амниятӣ ё хадамоти махсуси давлатҳои хориҷиро хатм намудаанд - на камтар аз 15 сол;

- барои афсароне, ки аз ҳайати эҳтиёт ба тариқи ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ дохил шудаанд - 5 сол…

       Оғози хизмати ҳарбӣ чунин ҳисоб карда мешавад:

- барои шаҳрвандоне, ки ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок даъват шудаанд - аз рӯзи ҳозиршавӣ ба комиссариати ҳарбӣ барои сафарбар шудан ба маҳалли адои хизмати ҳарбӣ;

- барои шаҳрвандоне, ки ба хизмати ҳарбӣ ба таври ихтиёрӣ дохил мешаванд - аз рӯзи ба рӯйхати ҳайати шахсии қисми ҳарбӣ дохил шудани онҳо;

- барои шаҳрвандоне, ки ба муассисаҳои таълимии давлатии ҳарбии таҳсилоти олии касбӣ дохил мешаванд - аз рӯзи ба рӯйхати курсантони муассисаи таълимии давлатии ҳарбии таҳсилоти олии касбӣ шомил намудан.

     Анҷоми хизмати ҳарбӣ бо тартиби муайяннамудаи низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ санаи аз рӯйхати ҳайати шахсӣ хориҷ гардидани хизматчии ҳарбӣ ҳисобида мешавад.

      Қонуни мазкур асосҳои зерини рухсат намудан аз хизмати ҳарбиро  муқаррар намудааст:

(ғайр аз сарбозон ва сержантҳое, ки хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро адо мекунанд)

1) аз рӯи синну сол - дар сурати расидан ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан;

2) аз рӯи вазъи саломатӣ - бо сабаби аз ҷониби комиссияи тиббию ҳарбӣ ғайриқобили хизмати ҳарбӣ донистан;

3) вобаста ба вазъи саломатӣ қобили маҳдуди хизмати ҳарбӣ донистани хизматчии ҳарбии рутбаи ҳарбии то прапоршики калондошта аз ҷониби комиссияи тиббии ҳарбӣ;

4) ҳангоми маҳрум шудан аз рутбаи ҳарбии афсарӣ ё прапоршикӣ;

5) ҳангоми эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар бораи таъини ҷазо дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ;

6) ҳангоми риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим;

7) ҳангоми қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё доштани шаҳрвандии давлати дигар;

8) аз рӯи аттестатсия ба хизмати ҳарбӣ номувофиқ будан;

9) барои паст задани шаъни баланди рутбаи ҳарбӣ;

10) вобаста ба маҳрум шудан аз иҷозат ба сирри давлатӣ ё рад шудани додани чунин иҷозат;

11) пешниҳод намудани маълумоти ошкоро бардурӯғ ё ҳуҷҷатҳои қалбакӣ дар бораи худ ё хешовандони наздики худ;

12) вобаста ба гузаштан ба хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ ё сохторҳои дигари ҳарбишуда, агар хизматчии ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ на кам аз 10 сол хизмат карда бошад;

13) бо сабабҳои оилавӣ ва асосҳои дигаре, ки низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ муқаррар намудааст.

      Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

      Қайд кардан бамаврид аст, ки баъди  мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур ва илова гардидани баъзе талаботҳои нав, аз ҷумла барои аз рӯйи даъват бе сабабҳои узрнок бо мақсади бақайдгирии ибтидоии ҳарбӣ, гузаронидани омӯзиши шаҳрвандони синну соли даъватӣ ва шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашудани даъватшавандаба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.06.2021 №1784  тағйиротҳо ворид карда шудаанд.

    Прокурори калони Раёсати назорати

    иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонон,

    мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3

    Наботов М.Ғ.

  Дар мизи мудаввар кормандони Прокуратураҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон,  Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҳиндустон иштирок намуданд.


   Дар рафти ҷаласаи корӣ кормандони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо маърӯза оид ба мушкилиҳои ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон ба иттилоотӣ бехатар, амали намудани ваколатҳои прокурорӣ ҳангоми ҳимояи судии ҳуқуқҳои онҳо ва назорати прокурорӣ аз болои тафтиши ҷиноятҳои нисбати ноболиғон бо истифодаи шабакаи “Интернет”содиршаванда, баромад карданд.

    Ба масъалаҳои бо қонунгузорӣ танзим намудани иттилооте, ки барои паҳн намудан дар байни кӯдакон манъ мебошад, механизмҳои бастани ингуна иттилоот, нақши мақомоти прокуратура дар мубориза ба муқобили таъсири манфии фазои маҷозӣ ба мафкураи насли наврас, ҷалби наврасон ба ҳаргуна гуруҳҳои мулоқотӣ ва моил намудани онҳо ба содиркунии ҷиноят равшани андохта шуд.

     Иштирокчиёни мизи мудаввар бо таҷрибаи назорати прокурорӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон аз иттилоотӣ хатарнок табодули афкор намуда, бо қонунгузорӣ ва  амалияи ҳуқуқтатбиқкунии  дигар давлатҳо шинос шуданд.

     Дар охири кори мизи мудаввар оид ба вусъат бахшидани ҳамкории самаранок ҷиҳати  сулҳу субот ва бехатарӣ таклифҳо пешниҳод шуданд.

 

       Раёсати назорати иҷрои қонунҳо

       оид ба ноболиғон ва ҷавонон

  Ҳаёт ширинтарин неъматест, ки Офаридгор барои кулли мавҷудоти зинда, алалхусус инсон арзонӣ доштааст ва ҳар лаҳзаву соати он фараҳбахшу гуворост. Агар нафаре пайи ободӣ, бунёди оила, пешрафт ва анҷом додани корҳои хайр кӯшиш намояд, тоифаи дигар пайи ранҷу озори одамон шуда, даст ба ҷоҳилию бадрафторӣ ва амалҳои зишт мезананд, ки ин гуна рафтору муносибат ба дигарон дарду алам ва оҳу афсӯсро ба ёдгор мегузорад. На ҳамеша одамон ба қадри зиндагӣ, ин оламе, ки пур аз нишоту хуррамӣ ва меҳру муҳаббат аст, мерасанд. Зеро дар ҷараёни зиндагӣ мушкилот ва душвориҳое эҷод мешаванд, ки одамон дар назди эҳсосу иродаи худ дар ҳалли онҳо ноилоҷ мемонанд ва амалҳоеро анҷом медиҳанд, ки боиси ранҷу озор, бадбахтӣ ва ҳатто фарҷоми ҳаёти як нафар мегардад.


   Гоҳе инсонҳо на ҳамеша сабру таҳаммул ва устувориро, ки асоси барҳам задани ҳар гуна низоъ ва кору амалҳои номат­луб аст, пеша мекунанд. Бо андаке сабуксарию беандешагӣ ҷабр ба ҷони худу наздиконашон намуда, рӯзи равшанро ба шаби тор мубаддал мекунанд. Ҳодисаи нангине, ки моҳи декабри соли гузашта дар ноҳияи Шаҳринав pyx дод, як муддат боиси ташвишу изтироби сокинон гардид. Ниҳоятан, яке бо марги маҷбурӣ аз олам гузашт, зан хонавайрон ва шавҳар ба ҳабси тӯлонӣ маҳкум шуд.

   Дар натаҷаи тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбати Набиев Ҷ.Ҳ. бо моддаи 104 қисми 2 банди "е" Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум гардид, ки бинобар мунтазам рафтуомад доштани ҳамсояаш Содиқов А.В. ба манзили зисти ӯ ва бародараш Набиев У.Ҳ., ки дар як ҳавлӣ истиқомат доштанд, оид ба муносибати маҳрамона доштани ӯ бо ҳамсараш шубҳа намуда, мақсади ба ҳалокат расонидани Содиқов А.В.-ро мекунад.

  Набиев Ҷ.Ҳ. 3 декабри соли 2021, тахминан соати 11:30 дақиқа, дар манзили зисташ қарор дошта, ба он ҷо ворид шудани Содиқов А.В.-ро мушоҳида намуда, аз набудани ҳамсару фарзандонаш истифода карда, дар заминаи рашк ва хусумати шахсӣ охиринро бо пой зада, ба замин афтонида, ба воситаи табаре, ки барои амалӣ намудани қасди куштор дар дасташ нигоҳ медошт, ду маротиба дар қисмати cap, як маротиба ба қисмати пеши гардан ва як маротиба дар қисмати пойи чапаш зарба зада, ба саломатиаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ расонидааст.

   Ба ин кирдори содирнамудааш қонеъ нашуда, Набиев Ҷ.Ҳ. бо мақсади фавран ба қатл расонидани Содиқов А.В. ва якбора нест кардани пайҳои ҷиноят, дар ҳолати зинда будан ба сару бадани ҷабрдида бензин рехта, ӯро оташ задааст.

   Баъдан, бо мақсади аз чавобгарии ҷиноятӣ дур шудан, Набиев Ҷ.Ҳ. қасди худкушӣ намуда, тавассути банди хоҷагӣ худро дар болочӯби оғилхонаи манзили зисташ овехтааст.

   Ин ҳолатро ҳамсояҳо мушоҳида намуда, фавран ба чойи ҳодиса ҳозир шуда, бо кушодани банд ҳодисаи даст ба худкушӣ задани На­биев Ҷ.Ҳ.-ро пешгирӣ карда, сӯхторро дар бадани ҷабрдида Содиқов А.В. хомӯш ва номбурдаро ба беморхонаи марказии ноҳия дастрас намудаанд. Аммо бо сабаби бардоштани чароҳатҳои вазнин ба саломатӣ, ҷабрдида дар беморхона ба ҳалокат расид.

  Дар натиҷаи андешидани чораҳои фаврӣ-тафтишотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Набиев Ҷ.Ҳ. дастгир шуда, ҷинояти содарнамуда ошкор гардид, пешбурди тафтиши пурра ва ҳамаҷонибаи парвандаи чиноятӣ аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Шаҳринав таъмин гашта, номбурда бо моддаи 104 қисми 2 банда "е"-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Точикистон ба ҷавобгарӣ кашида шуд.

  Санаи 24 феврали соли равон коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олӣ судшаванда Набиев Ҷ.Ҳ.-ро ба ҷазои маҳрум coxтан аз озодӣ ба муҳлати 23 сол маҳкум кард.

 

 Бахтиёр Маҳмудзода, прокурори колони

 Раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои

 судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии

 Прокуратураи генералии ҶТ

 Ҷалолуддин Садриддинов,

  муовини capдopu РНТ ВКД ҶТ

  Зиндагӣ нишебу фарози зиёд дорад ва гоҳе инсон дар ҳолати ноумедиву афсурдагӣ афтода, ҳама рохҳоро дар пешорӯи худ баста мебинад. Дар ин маврид ё бо сабру таҳаммул ва бо шиори «поёни шаби сиёҳ сафед аст», аз ин варта солим берун мешавад ва ё даст ба майхорагиву нашъамандӣ мезанаду мушкили худро бештар месозад ва нафақат худро бадбахттар мегардонад, балки пайвандону наздикон ва умуман атрофиёни худро низ дилсиёҳ месозад.


    Воқеан, майзадагӣ ё истеъмоли аз ҳад зиёди машруботи спиртӣ, пеш аз ҳама, ба саломатӣ ва қобилияти кории шахси майпараст таъсири манфӣ расонида, боиси таназзулёбии оила, тарбияи нодурусти фарзандон ва дигар оқибатҳои ногувору ҳатто дар баъзе ҳолат боиси содир намудани ҷиноят мегардад. Ба ибораи дигар, майзадагӣ на танҳо боиси корношоямии инсон, балки сабаби радди маъракаву беобрӯ шудани ӯ мешавад. Аз ҷумла, қадру қимати падар дар натиҷаи майзадагӣ дар назди хонавода, хусусан, фарзандон паст мегардад, чаро ки онҳо тамоми бадбахтии худро дар зиндагӣ маҳз аз ҳамин гуна бархӯрди масъули хо­навода мебинанд ва ин воқеият ҳам дорад. Зеро майхорагии сутуни хонавода ба пош хӯрдани оила, дуруст тарбия наёфтануосебпазир гаштани фарзандон боис мегар­дад. Мақсад аз овардани чунин муқаддима аз он иборат аст, ки чанде пеш сокини шаҳри Турсунзода, ҷамоати деҳоти Регар, деҳаи Файзобод шаҳрванд Қаландаров К.Б. маҳз дар натиҷаи майпарастӣ ва машғул нагардидан ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ даст ба содир намудани ҷинояти махсусан вазнин, яъне суйиқасди куштори ҳамсараш Якубова Л.А. дар назди фарзандони хурдсолаш задааст.

    Дар натиҷаи тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбати Қаландаров К.Б. бо моддаҳои 32 қисми 3-104 қисми 2 банди «е» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум гардид, ки ӯ соли 2001 бо шаҳрванд Якубова Л.А. оила барпо на­муда, аз зиндагии якҷоя соҳиби 4 фарзанд гардиданд. Вале моҳи сентябри соли 2021 бинобар бад шудани муносибати оилавӣ Қаландаров К.Б. аз ҳамсари худ ҷудо шуд. Ҳарчанд байни ин ду шаҳрванд муносибати оилавие дигар вуҷуд надошта бошад ҳам, вале бо сабаби надоштани ҷойи зисти доимӣ Яқубова Л.А. бо чор фарзанди хурдсол дар манзили истиқоматии шавҳари собиқаш Қаландаров К.Б. дар ҳуҷраи алоҳида зиндагӣ намудааст.

   Аз даст додани ҳамсар ва вайрон шудани хонаводаву бесаробон мондани кӯдаконимаъсум барои Қаландаров К.Б. дарси ибрате нагашту мавсуф ба майхорагии худ идома дод. Минбаъд, Қаландаров К.Б. 17 ноя­бри соли 2021 дар ҳолати мастӣ ба ҳуҷраи хоби собиқ ҳамсараш даромада, бе ягон сабаб бо ӯ муноқиша ва дар заминаи рашк қасди куштори ӯро намудааст. Аз ҷумла, барои анҷом додани ин ҷиноят аз ошхонаи манзили зисташ ду адад корди ошхонагиро гирифта, дар ҳузури фарзандони хурдсолаш (Қаландаров Ҷамолиддин ва Қаландаров Ҷонибек) ба ҳамсари собиқаш Якубова Л.А. ҳамла намуда, шаш маротиба ба қисмати қафаси сина, шикам, камар ва дасти модари фарзандонаш зарба задааст. Дар ин лаҳзаи ҷиноят фарзанди ноболиғашон Қаландаров Ҷ.К. бо мақсади ҳимояи модар ва пешгирӣ аз амалҳои минбаъдаи падар доду фарёд карда, байни онҳо медарояд, бинобар ин, Қаландаров К.Б. қасди ҷинояти худро то ба охир амалӣ карда натавонистааст, вале ба саломатии ҳамсараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ расонидааст.

   Дар натиҷаи андешидани чораҳои фаврӣ-тафтишотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Қаландаров К.Б. дастгир шуда, ҷинояти содир намуда ошкор гардид ва пешбурди тафтиши пурра ва ҳамаҷонибаи парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби прокуратураи шахри Турсунзодатаъмин гашта, номбурда бо моддаҳои 32 қисми 3-104 қисми 2 банди «е»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои суйиқасди одамкушӣ бо бераҳмии махсус муқаррар менамояд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд.

   Бо ҳукми коллегияи судӣоид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олӣаз 3 марти соли 2022 Қаландаров К.Б. гунаҳгор дониста шуда, ба ҷазои 15 сол маҳрум сохтан аз озодӣбо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт маҳкум карда шуд.

   Тахдилу баррасии амалкарди ҷиноии Қаландаров К.Б. нишон медиҳад, ки мав­суф маҳз дар натиҷаи майхорагӣ ба чунин ҷинояти махсусан вазнин даст задааст. Ба ибораи дигар, бадбахтии ӯ маҳз дар бадмастиаш будааст, ки тавассути он аз замину замон бе хабар гашта, анҷом додани ҳама корро барои худ раво донистааст. Воқеан, ин амали нангини Қаландаров К.Б. бори дигар ба ҷомеа гӯшзад менамояд, ки майпарастӣинсонро аз масъулияту ҷавобгарӣ дар назди крнун озод наменамояд.

    Муминзода Т., муовин сардори Раёсати

    назорати қонунӣ будани санадҳои суди

    оид ба парвандаҳои ҷиноятии

    Прокуратураи генералии

    Ҷумҳурии Тоҷикистон   

 

    Тағдирзода Р. М., прокурори калони

    Раёсати назорати қонунӣ будани

    санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои

    ҷиноятии Прокуратураи генералии

    Ҷумҳурии Тоҷикистон

   Дар ташаккули давлати нави ҳуқуқбунёд, ки мо бо иродаи мардум роҳи бунёди онро пеш гирифтаем, нақши прокуратура ниҳоят муҳим аст. Чунки фаъолияти он аз назорати иҷрои якхелаи қонунҳо, таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, манфиатҳои давлат ва ҷомеа иборат мебошад. Дар баробари ин, прокуратура яке аз сохторҳои муҳимтарини низоми давлатдорӣ буда, ба ягон шохаи ҳокимият тааллуқ надорад ва иҷрои ҳатмии қонунҳоро аз ҷониби тамоми шохаҳои ҳокимият, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва шахсони мансабдор назорат намуда, дар мамлакат фазои ягонаи ҳуқуқиро фароҳам меорад. 

Эмомалӣ РАҲМОН


    Ташаккул ва таҳкими мақомоти прокуратура ба вазъи таърихӣ ва иҷтимоию иқтисодии давраҳои муайяни тараққиёти ҷомеа вобаста буда, дар қатори дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз муҳимтарин ниҳоде ба шумор меравад, ки дар рушди арзишҳои демократӣ, устувории вазъи тартиботи ҳуқуқӣ, пешгириву ошкорсозии ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ нақши намоён дорад.

     Мақомоти прокуратура ҳамчун сохтори калидӣ дар низоми ҳуқуқии мамлакат чун дигар аркони давлатӣ дар замони истиқлолият таҳаввулоти зиёдеро аз cap гузаронда, дар ҷомеа ҳамчун ниҳоди мустақил ва ҷавобгӯ ба принсипҳои демократии давлатдорӣ ҷойгоҳи шоиста касб намуд. Зеро, дар ин давра барои фаъолияти самараноки мақомоти прокуратура заминаҳои устувори ҳуқуқӣ - конститутсионӣ фароҳам гардида, ваколату салоҳияти назоративу мурофиавии он дақиқан муайян шуд. Дар ин робита, самтҳои асосии фаъолияти прокуратура бо назардошти манфиатҳои миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият, вазъи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат мушаххас гардид. Аз ҳамин дидгоҳ, метавон гуфт, ки заминаҳои рушд ва таҳкими фаъолияти мақомоти прокуратура дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди мустақили давлатӣ ба таърихи давлатдории навини тоҷикон, яъне ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ пайванди ногусастанӣ дорад.

    Таърих ва роҳи тайкардаи мақомоти прокуратура дар даврони истиқлолият нишон медиҳад, ки таҳкиму тавсеаи фаъолияти ин сохтор таҳти ҳидояту дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконпазир гардида, мавқеи он дар низоми ҳуқуқии кишвар боло рафт. Ин нукта равшан аст, ки ҳанӯз, дар айёми нооромиҳо ва даргириҳои мусаллаҳона дар кишвар барои истеҳком бахшидани нақши прокуратура дар ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир гардида, барои фаъолияти пурсамари он заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуд. Аз ҷумла, 14 марти соли 1992 се санади ҳуқуқии барои мақомот тақдирсоз қабул гардид, ки заминаи ҳуқуқии мустақилият ва ба мақомоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеу ҳисоботдиҳанда будани онро асос гузоштанд. Маҳз, бо назардошти аҳамияти ин рӯйдод 14 марти соли 1992 ҳамчун рӯзи таъсисёбии прокуратураи Тоҷикистон ҳисобида шуда, 8 августи соли 2015 бо ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» санаи 14 март - Иди касбии кормандони мақомоти прокуратура эълон гашт.

     Таърихи давлатдории навини тоҷикон фаромӯш нахоҳад кард, ки солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ бо дасисаи душманони дохилию хориҷӣ кишвари мо ба вазъи ногувори сиёсиву иҷтимоӣ печида, рукнҳои давлатдорӣ фалаҷ гардида буданд. Куштори мардуми бегуноҳ, тарафдорони сохти конститутсионӣ, арбобони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, роҳзанӣ ва ғоратгарӣ, ки тарроҳони он ба ҷомеа ва миллати сарбаланди тоҷик маълум аст, умед ба фардои дурахшонро аз байн бурда буд. Дар чунин вазъ зарфияти фаъолияти мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла прокуратура низ кам гардида, ҳатто амнияти кормандон таъмин набуд. 

     Хушбахтона, баъд аз баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ ва зимоми давлатдориро ба даст гирифтани фарзанди фарзонаи халқ – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъият марҳила ба марҳила ором ва низоми идораи давлат устувор гардид. Дар заминаи барқарорсозӣ ва таҳкими сохторҳои давлатӣ 29 январи соли 1994 бо қарори Раёсати Шурои Олӣ сохтори мақомоти прокуратура дар ҳайати роҳбарият, 13 раёсату шуъбаи дастгоҳи марказӣ, 3 прокуратураи вилоятӣ, 15 прокуратураи шаҳрӣ ва 53 прокуратураи ноҳиявию махсусгардондашуда бо шумораи умумии 630 корманд тасдиқ шуд. Худи ҳамон сол бо мақсади баланд бардоштани тайёрии касбии кормандони мақомот бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои такмили ихтисос ва баъдан Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомот таъсис ёфта, моҳи августи соли 2015 он ба Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисос табдил дода шуд. Зимнан, такмили сохтори прокуратура пайваста идома карда, як қатор раёсату шуъбаҳо, инчунин, 20 прокуратураи нав дар шаҳру навоҳии мамлакат таъсис ёфт, ки ин раванд иқтидори кории мақомотро пурра намуд.

     Боиси қаноатмандист, ки дар ҷавоб ба дастгириҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ кормандони мақомоти прокуратура дар душвортарин лаҳзаҳои таърихи давлатдории навин садоқаташонро ба Ватан, арзишҳои миллӣ ва рисолати конститутсионии худ собит намудаанд. 

  Айни замон, дар назди кормандони мақомоти прокуратура бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон ва афзоиши таҳдиду хатарҳои нав, бахусус терроризму экстремизм, ки метавонанд, ба амният ва манфиатҳои милливу давлатии мо низ таъсир гузоранд, масъулияти бештар меистад. Зеро, мусаллам аст, ки дар чунин вазъ оид ба ҳифзи волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, муқовимат бо терроризму экстремизм, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои давлат, ҷомеа ва шаҳрвандон талошҳои бештар тақозо мешаванд. Аз ин рӯ, бо мақсади тақвият бахшидани нақши мақомоти прокуратура дар мубориза бо хатарҳои афзояндаи терроризм ва экстремизм дар сохтори дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ - раёсати муқовимат бо терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллӣ, инчунин, шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои кибернетикӣ таъсис дода шуданд.

    Гузашта аз ин, мақомоти прокуратура бо назардошти рушди босуръати технологияи иттилоотӣ фаъолияти хешро ба набзи замони муосир мутобиқ намуда, барои беҳбуд бахшидан ба кори ҳаррӯза ҷиҳати назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар саросари кишвар тадбирҳои мушаххас андешидааст, ки содагардонии расмиёти ҳуҷҷатнигорӣ, қабулу баррасии саривақтии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, санҷиши мавод ва пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Ҳамчунин, дар доираи татбиқи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ бо мақсади ба роҳ мондани коргузорӣ ва назорати электронии гардиши дохилиидоравии ҳуҷҷатҳо, ки барои сифатан беҳтар гардидани фаъолият мусоидат мекунад дар дастгоҳи Прокуратураи генералӣ бо ҷалби мутахассисони соҳа Барномаи автоматикунонии низоми бақайдгирӣ ва гардиши мукотибот ба роҳ монда шуд. Барномаи мазкур ба сарфаи вақти корӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти кормандон, дуруст тақсим намудани вақти корӣ, амалӣ гардондани низоми коргузории муосир, таъмини назорат аз болои фаъолияти ҳар як корманд, раванди баррасӣ, интиқол ва дар маҷмуъ, сифату самаранокии ҳаллу фасли ҳар як ҳуҷҷат муосидат намуда, барои муосиркунонии коргузорӣ, тезондани робита ва мубодилаи ҳуҷҷатҳо бо истифода аз технологияи навин, ки ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои поймолшудаи шаҳрвандон ва ташкилоту муассисаҳо равона шудааст, хизмат хоҳад кард. Гузашта аз ин, барои амалӣ гардондани иқдоми мазкур дар мақомоти прокуратура тамоми кормандон бо технологияи компютерӣ таъмин буда, имкони дастрасӣ ба интернетро доранд.

    Мо сарфарозем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри тавсеаи фаъолияти мақомоти прокуратура, аз ҷумла ҷиҳати таъминоти моддиву кадрӣ ва фароҳам овардани шароити хизмативу маишӣ барои кормандони мақомот, пайваста ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Дар навбати худ таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат ҳар як корманди мақомоти прокуратураро уҳдадор менамояд, ки дар иҷрои рисолати касбии худ содиқона амал намуда, дар таъмини волоияти қонун, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешрафти Ватани маҳбубамон саҳмгузор бошанд. Зеро вазъи ҷаҳони муосир низ аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки дар ҳифзи арзишҳои давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, оромии ҷомеа, тартиботи ҳуқуқӣ беш аз ҳар вақти дигар фаъол бошем ва алайҳи таҳдидҳои террористиву экстремистӣ муборизаи беамон барем.   

 

      Прокурори генералии

      Ҷумҳурии Тоҷикистон,

      генерал-полковники адлия,

      Раҳмон Юсуф АҲМАДЗОД