Тибқи моддаи 53 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон” шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон то 35 сола аст, таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ доранд, забони давлатиро медонанд, хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро адо карда бошад ва дорои сифатҳои лозимаи корию ахлоқӣ буда, аз рӯи вазъи саломатиашон ба иҷрои вазифаҳои ба ӯҳдаашон гузошташуда қодир мебошанд, ба мақомоти прокуратура ба кор қабул карда мешаванд.

   Тартиби ба кор қабул намудан дар мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ дар асоси фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст. Мутобиқи тартиби мазкур, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муассисаҳои давлатии таҳсилоти олии ҳуқуқшиносиро хатм намудаанд ва дар асоси қарори Комиссияи тақсимоти давлатӣ оид ба тақсими хатмкунандагон ба мақомоти прокуратура тақсим гардидаанд, ба кор қабул карда мешаванд.

Комиссияи давлатӣ фаъолияти худро дар асоси Низомнома, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, ба амал мебарорад.

Намояндаи Прокуратураи генералӣ дар ҳайати Комиссияи давлатӣ ҳангоми тақсим намудани хатмкунандагони факултаҳои ҳуқуқшиносии муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ширкат меварзад.

  Аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шартномаҳои ҳамкорӣ ҷиҳати омода намудани мутахассисони ҷавон ва кадрҳои соҳаи ҳуқуқшиносӣ ба имзо расонида шудаанд.

    Шахсоне, ки аз рӯи ихтисосашон таҷрибаи кофии амалӣ надоранд, дар мақомоти прокуратура ба мӯҳлати як сол коромӯзӣ мекунанд.

    Дар мавридҳои истисноӣ, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад барои кӯтоҳ намудани мӯҳлати коромӯзӣ ё аз коромӯзӣ озод кардан қарор қабул намояд. Тартиби гузаронидани коромӯзиро Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

    Шахсоне, ки бори аввал ба вазифаи прокурор ва муфаттиши прокуратура таъин мешаванд, савганди корманди прокуратураро ёд мекунанд.