Хабарҳо

ХАБАРИ МАТБУОТӢ аз натиҷаи ҷаласаи 5-уми Прокуророни генералии давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ)

16 майи соли 2024 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 5-уми Прокуророни генералии давлатҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) баргузор гардид.

Дар ҷаласа Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Алиев Камран Байрам оғли, Прокурори генералии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Муваҳидии Озод, Прокурори генералии Ҷумҳурии Қазоқистон Асилов Берик Ногаевич, муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Қирғизистон Султонов Улукбек Ташболотович, муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Исломии Покистон Рашиддин Наваз Касурӣ, Прокурори генералии Суди олии аппелятсионии Ҷумҳурии Туркия Бекир Шаҳин, муовини Прокурори генералии Туркманистон Ниязлиев Алланазар Атаевич, Прокурори генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Юлдошев Нигматилла Тулкинович ва Котиби генералии Созмони ҳамкории иқтисодӣ Хусрав Нозирӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа ҳамчунин Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Сауд бин Абдуллоҳ Ал-Муҷиб ба ҳайси меҳмони олиқадр иштирок дошт.

Иштирокдорони ҷаласа масъалаҳои вобаста ба ҷиноятҳои фаромиллии муташаккилро мавриди муҳокима қарор дода, таъкид намуданд, ки барои муборизаи беамон ба муқобили ин таҳдиду хатарҳои мураккаб ва торафт афзоянда зарур аст, ки ҳамкории ҳуқуқӣ байни мақомоти кишварҳои узв тақвият дода, роҳҳои расонидани кумакҳои ҳуқуқӣ васеъ карда шаванд.

Вобаста ба натиҷаҳои ҷаласа Декларатсияи Душанбе қабул карда шуд, ки дар он қарори иштирокдорони ҷаласаи 5-уми прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои СҲИ оид ба мусоидат баҳри тақвияти ҳамкорӣ байни давлатҳои аъзои СҲИ дар соҳаи ниҳоят муҳим, муборизаи устуворона бар зидди ҷинояткории фаромиллии муташаккил, дар сатҳи минтақа бештар намудани талошҳо ва қатъияти давлатҳои аъзои СҲИ баҳри бартараф намудан ва кам кардани таҳдиду хатарҳои ҷинояткории фаромиллии муташаккил инъикос ёфтааст.

Нақшаи ҳамкорӣ байни прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои СҲИ тасдиқ карда шуд. Иштирокдорони ҷаласа таъкид намуданд, ки Нақшаи ҳамкорӣ ба таври самарабахш ва амалан иҷро карда шавад.

Қарор қабул карда шуд, ки ҷаласаҳои прокурорҳои давлатҳои аъзои СҲИ мунтазам баргузор карда шаванд. Баҳри тақвияти ҳамкории ҳуқуқӣ байни давлатҳои аъзои СҲИ шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Оид ба табодули мутахассисон, шароит ва имконият барои такмили ихтисоси кормандони соҳа ва мутасаддиёне, ки ба мубориза ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, терроризм ва ҷинояткории фаромиллии муташаккил ҷалб шудаанд, изҳори назар карда шуд. Қарор карда шуд, ки ба Котиботи Созмон вобаста ба лоиҳаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ байни марказҳои омодасозии мутахассисони касбии прокуратураҳои генералӣ таклифу пешниҳод карда шавад.

Баъд аз анҷоми ҷаласа мулоқоти дуҷонибаи Прокурорҳои генералӣ ва роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардида, масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуданд.

 

Прокуратураи генералии

Ҷумҳурии Тоҷикистон