Хабарҳо

16.05.2024

ХАБАРИ МАТБУОТӢ аз натиҷаи ҷаласаи 5-уми Прокуророни генералии давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ)

16 майи соли 2024 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 5-уми Прокуророни генералии давлатҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) баргузор гардид.

Дар ҷаласа Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Алиев Камран Байрам оғли, Прокурори генералии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Муваҳидии Озод, Прокурори генералии Ҷумҳурии Қазоқистон Асилов Берик Ногаевич, муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Қирғизистон Султонов Улукбек Ташболотович, муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Исломии Покистон Рашиддин Наваз Касурӣ, Прокурори генералии Суди олии аппелятсионии Ҷумҳурии Туркия Бекир Шаҳин, муовини Прокурори генералии Туркманистон Ниязлиев Алланазар Атаевич, Прокурори генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Юлдошев Нигматилла Тулкинович ва Котиби генералии Созмони ҳамкории иқтисодӣ Хусрав Нозирӣ иштирок намуданд.

15.05.2024

ХАБАРИ МАТБУОТӢ оид ба сафари кории Прокурори генералии Суди Олии аппелятсионии Ҷумҳурии Туркия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

15 майи соли 2024 сафари кории Прокурори генералии Суди Олии аппелатсионии Ҷумҳурии Туркия Бекир Шаҳин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Зимни сафари корӣ мулоқоти расмии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Прокурори генералии Суди Олии аппелятсионии Ҷумҳурии Туркия Бекир Шаҳин доир гардида, дар рафти он масъалаҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои дорои хусусияти байналмилалӣ, аз қабили терроризм ва ифротгароӣ, хариду фурӯши одамон, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷиноии фаромиллӣ, ки барои тамоми инсоният хатари зиёд доранд, инчунин интиқол ва истирдоди маҳбусон ва дастгир намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар кофтуков қарор доранд, муҳокима гардиданд.

7 ноябри соли 2023 дар доираи сафари кории худ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод бо Прокурори генералии Прокуратураи Олии Халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Ин Юн баргузор гардид. 

Зимни мулоқот масъалаҳои пурзӯр намудани фаъолият дар самти мубориза бо экстремизм, терроризм, киберҷинояткорӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва ҳамчунин масъалаҳои амниятӣ баррасӣ шуданд.

Дар масъалаи истирдоди ҷинояткорон, расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва дигар ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ ба мувофиқа расонида шуд. Ҷонибҳо муҳимияти густариши ҳамкории зич миёни ниҳодҳои дахлдори ҳифзи ҳуқуқи ҷонибҳоро ҷиҳати ҳалли ин масъалаҳо таъкид намуданд.

Махсусан зикр гардид, ки ин самти ҳамкории ҳуқуқии дуҷониба аз ҷониби роҳбарони ду кишвар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Цзиньпин 18 майи соли 2023 зимни  сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин муайян гардида буд.

Фотогузоришҳо

   

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Мулоқот бо роҳбарият ва фаъолони кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрҳои Конибодому Исфара

Харитаи сомона