Хабарҳо

16.05.2024

ХАБАРИ МАТБУОТӢ аз натиҷаи ҷаласаи 5-уми Прокуророни генералии давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ)

16 майи соли 2024 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 5-уми Прокуророни генералии давлатҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) баргузор гардид.

Дар ҷаласа Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Алиев Камран Байрам оғли, Прокурори генералии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Муваҳидии Озод, Прокурори генералии Ҷумҳурии Қазоқистон Асилов Берик Ногаевич, муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Қирғизистон Султонов Улукбек Ташболотович, муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Исломии Покистон Рашиддин Наваз Касурӣ, Прокурори генералии Суди олии аппелятсионии Ҷумҳурии Туркия Бекир Шаҳин, муовини Прокурори генералии Туркманистон Ниязлиев Алланазар Атаевич, Прокурори генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Юлдошев Нигматилла Тулкинович ва Котиби генералии Созмони ҳамкории иқтисодӣ Хусрав Нозирӣ иштирок намуданд.

15.05.2024

ХАБАРИ МАТБУОТӢ оид ба сафари кории Прокурори генералии Суди Олии аппелятсионии Ҷумҳурии Туркия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

15 майи соли 2024 сафари кории Прокурори генералии Суди Олии аппелатсионии Ҷумҳурии Туркия Бекир Шаҳин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Зимни сафари корӣ мулоқоти расмии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Прокурори генералии Суди Олии аппелятсионии Ҷумҳурии Туркия Бекир Шаҳин доир гардида, дар рафти он масъалаҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои дорои хусусияти байналмилалӣ, аз қабили терроризм ва ифротгароӣ, хариду фурӯши одамон, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷиноии фаромиллӣ, ки барои тамоми инсоният хатари зиёд доранд, инчунин интиқол ва истирдоди маҳбусон ва дастгир намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар кофтуков қарор доранд, муҳокима гардиданд.

30.04.2024 12:52, шаҳри Душанбе

30 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Олжас Бектеновро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот маҷмӯи масоили дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ шуд.

“Боиси хушнудист, ки шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон дар тамоми соҳаҳо босуръат густариш меёбад ва мо манфиатдорем, ки заминаи хамкории ду кишвар минбаъд ҳам мустаҳкам шавад”, – изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат.

Олжас Бектенов дар навбати худ чунин изҳор дошт: - “Дар Қазоқистон нақши Шуморо ҷиҳати ташаккул ва рушди муносибатҳои ду кишвар баланд арзёбӣ менамоянд. Тоҷикистонро мо шарики боэътимоди стратегӣ ва ҳампаймон медонем, байни кишварҳои мо ҳеҷ масъалаи ҳалношуда набуд ва нест, ҳамаи онҳо дар руҳияи ҳампаймонӣ ва бародарӣ ҳал мешаванд”.

Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории кишварҳоро дар соҳаҳои афзалиятноки тиҷоратию иқтисодӣ, бахусус энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, молиявию бонкӣ, сармоягузорӣ, маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ муҳокима карданд.     

Таъкид гардид, ки дар соли гузашта гардиши мол миёни кишварҳо ҳудуди як миллиарду яксаду панҷоҳ миллион долларро ташкил дод ва барои боло бурдани ин нишондод тадбирҳои муштарак андешидан лозим аст. 

Зарур дониста шуд, ки дар ин самт иқтидори Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ бештар истифода шавад ва иҷрои шартномаву қарордодҳои ба маблағи тақрибан се миллиард доллар қаблан басташуда зери назорат бошад.

Ҷалби сармоя ба соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судовари саноати сабук ва кӯҳӣ, хӯрокворӣ, кимиё, металлургияи ранга, мошинсозӣ, дорусозӣ ва сайёҳӣ муҳим шумурда шуд.

Бо итминони комил изҳор гардид, ки Тоҷикистону Қазоқистон метавонанд татбиқи лоиҳаҳои калонҳаҷми саноатиро ба роҳ монанд, ки ба манфиати ҳарду кишвар мебошад.

Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва афзун намудани содироти маҳсулоти ин соҳаи иқтисоди Тоҷикистон ба Қазоқистон аз самтҳои муҳимми ҳамкорӣ дониста шуд.

Ҳамкории кишварҳо дар соҳаи истифода аз захираҳои об ва коммуникатсияҳои нақлиётию транзитӣ намунаи барҷастаи ҳамсоягии неки минтақавӣ номида шуд.

Дар ин замина ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ ба роҳ мондани хатсайрҳои мустақими мусофиркашониро тавассути нақлиёти заминӣ ва дубора оғоз гардидани хатсайрҳои нақлиёти ҳавоиро миёни пойтахтҳои ду кишвар таъкид карданд.

Таҳкиму тавсеаи робитаҳо дар соҳаҳои фарҳангиву гуманитарӣ ҷузъи муҳимми муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии ҷонибҳо дониста шуд.

Ҳамчунин ҷадвали мулоқоту музокироти дар пешистодаи дуҷонибаву бисёрҷониба мавриди ибрози назар қарор гирифт.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамчунин ҳамкории кишварҳоро дар ҷаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Хазинаи наҷоти Арал ва дар қолаби Вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ намуданд.

Фотогузоришҳо

   

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Мулоқот бо роҳбарият ва фаъолони кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрҳои Конибодому Исфара

Харитаи сомона