ХАБАРИ МАТБУОТӢ оиди сафари кории Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Қатар (17 - 18 феврали соли 2024)
17 феврали соли 2024 сафари кории Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ба Давлати Қатар баргузор гардид.
ХАБАРИ МАТБУОТӢ
16 феврали соли 2024 дар Прокуратураи генералӣ бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ- намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, муҳтарам Ализода Зариф барои воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод оид ба натиҷаи фаъолияти мақомоти прокуратура дар соли 2023 баромад намуд.
ХАБАРИ МАТБУОТӢ
Санаи 02 феврали соли 2024 сафари кории Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ҷаноби Сауд Абдуллоҳ Алмуаҷиб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни сафари корӣ мулоқоти расмии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмон Юсуф Аҳмадзод бо Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ҷаноби Сауд Абдуллоҳ Алмуаҷиб доир гардида, дар рафти он масъалаҳои муқовимат ба терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, хариду фурӯши одамон, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва дигар зуҳуроти ҷинояткории трансмиллӣ муҳокима гардиданд.
Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.
Хабарҳо
ХАБАРИ МАТБУОТӢ
8 майи соли 2024 дар бинои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод бо Сафири Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллер баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои марбут ба мубодилаи маълумот вобаста ба хатару таҳдидҳое, ки ба амнияти ҳарду кишвар хатар эҷод менамоянд, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони ҳарду кишвар, пешгирӣ ва мубориза бо зуҳуроти ифротгароии хушунатомез ва терроризм, киберҷиноятҳо, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дигар масъалаҳои мубрам баррасӣ гардиданд.
ХАБАРИ МАТБУОТӢ оид ба сафари кории муовини Прокурори генералии Малайзия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон
7 майи соли 2024 сафари кории муовини Прокурори генералии Малайзия хонум Дато Сузана бинти Атан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни сафари корӣ мулоқоти расмии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини Прокурори генералии Малайзия (солиситори II) хонум, Дато Сузана бинти Атан доир гардида, дар рафти он масъалаҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои дорои хусусияти байналмилалӣ, аз қабили терроризм ва ифротгароӣ, хариду фурӯши одамон, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар зуҳуроти ҷиноии фаромиллӣ, ки барои тамоми инсоният хатари зиёд доранд, муҳокима гардиданд.
ИДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
Базми гул дар чамани Наврӯз аст,
Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст.
Имрўзҳо кулли мардуми заҳматқарини кишвари маҳбуб ва офтобрўяи Тоҷикистони азиз бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва тинҷию оромии Ватан ва арҷгузорӣ ба мероси ниёгонамон дар мутобиқат ба тақвими қадимаи халқи тоҷик ва ҷомеаи ҷаҳонӣ Соли нави аҷдодии мардуми ориёӣ - Наврўзро бо шукўҳу шаҳомати ҳамешагӣ пешвоз мегиранд.
Наврӯз таърихи хеле қадимӣ дошта, аксарияти сарчашмаҳои бостонӣ пайдоиши онро бо салтанати шоҳи чаҳоруми пешдодӣ Ҷамшед нисбат медиҳанд. Абулқосим Фирдавсӣ дар ин бора чунин гуфтааст:
Ҷаҳон анҷуман шуд бар тахти ӯй,
Фурӯмонда аз фарраибахти ӯй.
Ба Ҷамшед-бар гавҳар афшонданд,
Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.
Таҷлили иди касбӣ дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
14 марти соли 2024 дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандон ва собиқадорони мақомоти прокуратура бахшида ба ҷашни 32-солагии таъсисёбии мақомоти прокуратураи Тоҷикистони соҳибстиқлол маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод кормандон ва собиқадорони мақомотро бо ин ҷашн табрик намуда, доир ба таърихи таъсисёбии мақомоти прокуратура, хизматҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёд ва таҳкими мақомот дар даврони истиқлол, нақши мақомот дар барқароркунии сохти конститутсионӣ ва сулҳу субот дар ҷомеа, таъмини қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа баромад намуд.
ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ – ТАЛАБИ ЗАМОН
Вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва дигар вазорату идораҳо дар ду соли минбаъда низоми пардохтҳои ғайринақдиро дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ пурра ҷорӣ карда, ҳамгироии фаъолиятро дар ин самт таъмин намоянд.
Эмомалӣ РАҲМОН
29.03.2024 18:40, шаҳри Душанбе
29 март таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис нахуст Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 гузориши вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода шунида шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки ҷиҳати татбиқи босамари тадбирҳо нақшаи чорабиниҳо дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 тасдиқ ва ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шавад.
Вобаста ба таъсири манфии равандҳои номатлуби ҷаҳонӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим ба иқтисоду иҷтимоиёти кишвар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони мақомоти масъул барои ба қадри кофӣ захира намудани маводи зарурӣ, истифодаи сарфакоронаи захираҳои обӣ, кам кардани талафоти техникии неруи барқ, ҷамъоварии дуруст ва пурраи маблағҳои истифодабарии неруи барқ ва тарғиби фарҳанги сариштакорӣ дар рӯзгори мардум супоришҳои мушаххас доданд.
Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва корхонаву ташкилоти дигар вазифадор шуданд, ки то санаи 10 ҳар моҳ оид ба рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.
Сипас, дар кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, “Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” ва “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ” муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.
Дар кори маҷлиси ҳукумат ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба Нақшаи амали солҳои 2024-2026 Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Дар бораи Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дар бораи Андоза ва тартиби пардохти музди сайёҳии экологӣ дар ҳудуди табиии махсус муҳофизатшаванда, баррасӣ карда шуд.
Баъди муҳокимаи ҳамаи масъалаҳои маҷлис Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба иҷрои дастурҳои қаблии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишондиҳандаҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳидоятҳои дар мулоқот бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дин додашуда ба аъзои Ҳукумат, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту корхонаҳо супоришҳои мушаххас доданд.
Дастуру супоришҳо ҳамчунин оид ба вусъати корҳои ободонӣ, кишту кори баҳорӣ ва истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.
Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар иҷрои ҳатмии дастуру ҳидоятҳои рӯзи 9 март дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар додашударо ёдовар шуданд.
Аз ҷумла, аз аъзои Ҳукумати мамлакат ва аҳли ҷомеа риояи қатъии муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” талаб карда шуд.
Фотогузоришҳо