Хабарҳо

Таҷлили иди касбӣ дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

14 марти соли 2024 дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандон ва собиқадорони мақомоти прокуратура бахшида ба ҷашни 32-солагии таъсисёбии мақомоти прокуратураи Тоҷикистони соҳибстиқлол маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод кормандон ва собиқадорони мақомотро бо ин ҷашн табрик намуда, доир ба таърихи таъсисёбии мақомоти прокуратура, хизматҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёд ва таҳкими мақомот дар даврони истиқлол, нақши мақомот дар барқароркунии сохти конститутсионӣ ва сулҳу субот дар ҷомеа, таъмини қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа баромад намуд.

Дар рафти маҷлиси тантанавӣ, бо назардоштаи иҷрои намунавори вазифаҳои хизматӣ, меҳнати софдилонаю бенуқсон, ба даст овардани муваффақиятҳои шоён дар пурзӯр намудани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бахшида ба Рӯзи кормандони прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандон ҳавасманд гардонида шуданд.

Инчунин, дар маҷлиси тантанавӣ тибқи тартиби муқаррашуда 37 нафар мутахассисони ҷавони прокуратура, ки акнун дар роҳи хизмати содиқонаи қонун қадам ниҳоданд, оид ба риояи софдилонаи Конститутсия ва дигар қонунҳо, беғаразӣ ва адолат, мубориза бар зидди ҳар гуна қонунвайронкунӣ, сарфи назар аз он, ки онро кӣ содир кардааст, самаранок бурдани назорати прокурорӣ ва тафтишоти пешакӣ, азиз доштани шарафи касбӣ, садоқатмандӣ, тозагии ахлоқӣ ва хоксорӣ савганд ёд намуданд. 

Иҷрои Суруди миллӣ аз ҷониби иштирокдорон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз истиқлолияти давлатӣ ба маҷлиси тантанавӣ ҳусни анҷом бахшид.

 

 

Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги

қонунгузорӣ ва маркази матбуоти

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон