Хабарҳо

14.03.2024

Таҷлили иди касбӣ дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

14 марти соли 2024 дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандон ва собиқадорони мақомоти прокуратура бахшида ба ҷашни 32-солагии таъсисёбии мақомоти прокуратураи Тоҷикистони соҳибстиқлол маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод кормандон ва собиқадорони мақомотро бо ин ҷашн табрик намуда, доир ба таърихи таъсисёбии мақомоти прокуратура, хизматҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёд ва таҳкими мақомот дар даврони истиқлол, нақши мақомот дар барқароркунии сохти конститутсионӣ ва сулҳу субот дар ҷомеа, таъмини қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа баромад намуд.

29.02.2024 14:30, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии Суди олии иқтисодӣ, Прокуратураи генералӣ ва Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом доданд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе ва судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон таъин шуданд.

Ҳамчунин, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азаматзода Баҳриддин Вайсиддин Сардори Сарситод-муовини аввали фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бобозода Лутфулло Нусратулло Муовини фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ақибгоҳ, Давлатзода Талбидагӣ Халифа Муовини фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тайёрии ҷангӣ ва махсус таъин гардиданд.

Ба вазифаҳои сардорони як қатор раёсатҳо ва командирони баъзе қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои варзидаи низомӣ таъин карда шуданд.

Ба пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифа озод ва таъйин намудани муовини аввал ва муовинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 феврали соли 2024 аз ҷониби Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон розигӣ дода шуд ва имрӯз фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора ба имзо расиданд.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин аз ҳисоби кадрҳои соҳибтахассус ва корозмудаи ин соҳа сардорони се раёсати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд.

Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти сохторҳои зикргардида Пешвои миллат таваҷҷуҳи роҳбарони Суди олии иқтисодӣ, Прокуратураи генералӣ ва Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таъмини волоияти қонун, мубориза бар зидди ҳамагуна қонунвайронкуниҳо, интихоб ва таъини дурусти кадрҳо, баланд бардоштани савияи донишҳои техникӣ, роҳу усулҳои нави пешгирӣ, муайян ва ошкор намудани ҷинояткорӣ ва хатару таҳдидҳои халалдоркунандаи суботу оромӣ ҷалб намуда, ҷиҳати иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар чаҳорчӯбаи қонун ва санадҳои танзимкунандаи фаъолияти мақомот супоришҳои қатъӣ доданд.

Фотогузоришҳо

   

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Мулоқот бо роҳбарият ва фаъолони кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрҳои Конибодому Исфара

Харитаи сомона