Хабарҳо

14.03.2024

Таҷлили иди касбӣ дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

14 марти соли 2024 дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандон ва собиқадорони мақомоти прокуратура бахшида ба ҷашни 32-солагии таъсисёбии мақомоти прокуратураи Тоҷикистони соҳибстиқлол маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод кормандон ва собиқадорони мақомотро бо ин ҷашн табрик намуда, доир ба таърихи таъсисёбии мақомоти прокуратура, хизматҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёд ва таҳкими мақомот дар даврони истиқлол, нақши мақомот дар барқароркунии сохти конститутсионӣ ва сулҳу субот дар ҷомеа, таъмини қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа баромад намуд.

26.02.2024 14:20, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба татбиқи амалии нақшаи чорабиниҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд ва дигар масъалаҳои ҳалталаб машварати корӣ доир намуданд.

Дар машварати корӣ, ки бо иштироки роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини сарвазири мамлакат, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералӣ, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо, Академияи миллии илмҳо, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Маркази исломшиносӣ ва дигар мақомоти марказии давлатӣ баргузор шуд, масоили вобаста ба татбиқи амалии нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус таъмини волоияти қонун ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ таҳлилу баррасӣ шуд.

Фотогузоришҳо

   

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Мулоқот бо роҳбарият ва фаъолони кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрҳои Конибодому Исфара

Харитаи сомона