ХАБАРИ МАТБУОТӢ оиди сафари кории Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Қатар (17 - 18 феврали соли 2024)
17 феврали соли 2024 сафари кории Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ба Давлати Қатар баргузор гардид.
ХАБАРИ МАТБУОТӢ
16 феврали соли 2024 дар Прокуратураи генералӣ бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ- намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, муҳтарам Ализода Зариф барои воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод оид ба натиҷаи фаъолияти мақомоти прокуратура дар соли 2023 баромад намуд.
ХАБАРИ МАТБУОТӢ
Санаи 02 феврали соли 2024 сафари кории Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ҷаноби Сауд Абдуллоҳ Алмуаҷиб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни сафари корӣ мулоқоти расмии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмон Юсуф Аҳмадзод бо Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ҷаноби Сауд Абдуллоҳ Алмуаҷиб доир гардида, дар рафти он масъалаҳои муқовимат ба терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, хариду фурӯши одамон, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва дигар зуҳуроти ҷинояткории трансмиллӣ муҳокима гардиданд.
Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.
Хабарҳо
ХАБАРИ МАТБУОТӢ
8 майи соли 2024 дар бинои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод бо Сафири Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллер баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои марбут ба мубодилаи маълумот вобаста ба хатару таҳдидҳое, ки ба амнияти ҳарду кишвар хатар эҷод менамоянд, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони ҳарду кишвар, пешгирӣ ва мубориза бо зуҳуроти ифротгароии хушунатомез ва терроризм, киберҷиноятҳо, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дигар масъалаҳои мубрам баррасӣ гардиданд.
ХАБАРИ МАТБУОТӢ оид ба сафари кории муовини Прокурори генералии Малайзия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон
7 майи соли 2024 сафари кории муовини Прокурори генералии Малайзия хонум Дато Сузана бинти Атан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни сафари корӣ мулоқоти расмии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини Прокурори генералии Малайзия (солиситори II) хонум, Дато Сузана бинти Атан доир гардида, дар рафти он масъалаҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои дорои хусусияти байналмилалӣ, аз қабили терроризм ва ифротгароӣ, хариду фурӯши одамон, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар зуҳуроти ҷиноии фаромиллӣ, ки барои тамоми инсоният хатари зиёд доранд, муҳокима гардиданд.
ИДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
Базми гул дар чамани Наврӯз аст,
Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст.
Имрўзҳо кулли мардуми заҳматқарини кишвари маҳбуб ва офтобрўяи Тоҷикистони азиз бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва тинҷию оромии Ватан ва арҷгузорӣ ба мероси ниёгонамон дар мутобиқат ба тақвими қадимаи халқи тоҷик ва ҷомеаи ҷаҳонӣ Соли нави аҷдодии мардуми ориёӣ - Наврўзро бо шукўҳу шаҳомати ҳамешагӣ пешвоз мегиранд.
Наврӯз таърихи хеле қадимӣ дошта, аксарияти сарчашмаҳои бостонӣ пайдоиши онро бо салтанати шоҳи чаҳоруми пешдодӣ Ҷамшед нисбат медиҳанд. Абулқосим Фирдавсӣ дар ин бора чунин гуфтааст:
Ҷаҳон анҷуман шуд бар тахти ӯй,
Фурӯмонда аз фарраибахти ӯй.
Ба Ҷамшед-бар гавҳар афшонданд,
Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.
Таҷлили иди касбӣ дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
14 марти соли 2024 дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандон ва собиқадорони мақомоти прокуратура бахшида ба ҷашни 32-солагии таъсисёбии мақомоти прокуратураи Тоҷикистони соҳибстиқлол маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод кормандон ва собиқадорони мақомотро бо ин ҷашн табрик намуда, доир ба таърихи таъсисёбии мақомоти прокуратура, хизматҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёд ва таҳкими мақомот дар даврони истиқлол, нақши мақомот дар барқароркунии сохти конститутсионӣ ва сулҳу субот дар ҷомеа, таъмини қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа баромад намуд.
ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ – ТАЛАБИ ЗАМОН
Вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва дигар вазорату идораҳо дар ду соли минбаъда низоми пардохтҳои ғайринақдиро дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ пурра ҷорӣ карда, ҳамгироии фаъолиятро дар ин самт таъмин намоянд.
Эмомалӣ РАҲМОН
имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби намояндагони гурӯҳҳои экстремистию террористӣ таблиғу ташвиқи ғояҳои экстремистӣ зиёд ба мушоҳида расида, баъзе шаҳрвандон гумроҳшуда, ба сафи онҳо мепайванданд.
Чунончӣ, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Бабамурадов Маҳмудҷон Мирзоназарович, санаи таваллудаш 16-уми сентябри соли 1964, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Дӯстӣ, ҷамоати деҳоти Навзамин, деҳаи Умед, миллаташ тоҷик, роҳбари хоҷагии деҳқонии «Шукрулло», бо истифода аз телефони мобилӣ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ барномаи «Ислоҳ.Тв»-ро мунтазам тамошо намуда, навору баромадҳои ровии он Муҳаммадиқболи Садурдинро, ки аъзои фаъоли ташкилотҳои эктремистӣ-террористии “Ҳизби наҳзати ислом” ва «Паймони миллӣ» буда, фаъолияти ташкилотҳои мазкур бо санади судӣ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ-террористӣ мамнуъ эътироф шудааст, қобили қабул дониста, бо ӯ дар алоқа пайвастааст.
Номбурда моҳи июли соли 2023 матнеро бо мавзӯӣ «Камбудиҳои оби полезӣ ва оид ба фаъолияти роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот» омода намуда, онро ба ровии барномаи «Ислоҳ.Тв» Муҳаммадиқболи Садурдин барои нашр намудан ирсол намудааст.
Дар ин замина, 2-уми августи соли 2023 дар сомонаи мамнуъи «Ислоҳ.нет» мақолаву наворҳо бо номи «Номаҳо аз ноҳияҳо ба Ислоҳ.нет №42» оид ба фаъолияти масъулини мақомот ва муассисаву ташкилотҳои ноҳияи Дӯстӣ нашр ва пахш гардидааст, ки хусусияти ғаразноки сиёсӣ ва иғвоангезӣ дошта, чунин тарзи ҷамъоварӣ ва паҳнкунии маълумоти иғвоангези ифротӣ бо мақсади ҷиноӣ ва ғаразнокии ТЭТ «Ҳизби наҳзати ислом» ва ТЭТ «Паймони миллӣ» нигаронида шудааст.
Оид ба ин ҳолат 16-уми октябри соли 2023 аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Дӯстӣ нисбати Бабамуродов М.М. бо моддаи 307 иловаи 3 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, 24-уми ноябри соли 2023 баъди тафтишоти пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.
Бо ҳукми суди вилояти Хатлон аз 19-уми декабри соли 2023 Бабамуродов М.М.дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 307 иловаи 3 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 (панҷ) сол, бо нигоҳ доштан дар калонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр, таъин карда шуд.
Фотогузоришҳо