Солҳои охир қаллобӣ дар интернет, яъне мардумфиребӣ бо истифодаи интернет зиёд шуда, баъзе шаҳрвандон, ки тарзи дурусти истифодаи интернетро намедонанд, ба ҳар гуна барномаҳои сохтаю бардурӯғи қаллобон бовар карда, ба онҳо рақамҳои суратҳисоб, корти бонкӣ, ҳамёни электронӣ ё почтаи электронии худро равон карда, оқибат ба доми фиреби онҳо меафтанд. Қаллобон, ҳатто ба воситаи аккаунтҳои қалбакӣ ва наворҳои сохта (фейкӣ) бо баҳонаи кумак ба ниёзмандон, ҳадафҳои қаллобонаи хешро амалӣ месозанд.

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои қаллобие, ки бо истифода аз интернет содир шуда, боиси расонидани зарари калони моддӣ ба шаҳрвандон гардидааст, фаъолиятро пурзӯр намуда, дар ин самт тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Чунончи, дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки 05.11.2022 сокини ноҳияи Дӯстӣ Расгелдиев А. дар видеохостинги шабакаи иҷтимоии “YouTubе” ба рекламаи бардурӯғи аз номи ширкати “Газпромнефт”-и Русия паҳнгардида дар бораи аз 10 то 20 фисад ба даст овардани фоида ҳангоми иштирок дар биржаи ҷаҳонӣ ва хариди саҳмияи ширкати мазкур шинос шудааст.

Номбурда ба ин рекламаи бардурӯғ бовар карда, худро дар ин барнома ба қайд гирифта, тибқи шарту талаби тавассути паёмрасони “Телеграм” пешниҳоднамудаи шахсони номаълум, дар давраи аз 07.11.2022 то 16.01.2023, дар маҷмуъ 868500 сомониро ба ҳамёни электронии “Душанбе Сити”, ки бо рақами телефони мобилӣ ба номи шаҳрванди Украина Прокопенко Л. ба қайд гирифта шудааст, интиқол додааст. Вале он аз шабакаи интернетӣ нобуд шудааст.

Оид ба ҳолати аз тарафи шахсони номаълум тасарруф намудани маблағҳои пулии шаҳрванд Расгелдиев А. ба микдори махсусан калон 06.02.2023 бо моддаи 247 қ.4, б.“б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тибқи тобеияти тафтишотӣ ба ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонида шудааст.

Ба ин монанд, шаҳрванд Собиров Ф., сокини шаҳри Бохтар низ ба доми қаллобон афтода, 09.02.2023 дар шабакаи иҷтимоии “YouTubе” ба ин рекламаи бардурӯғи аз номи ширкати “Газпромнефт”-и Русия паҳнгардида дар бораи иштирок дар биржаи ҷаҳонӣ ва ба даст овардани фоида аз ҳисоби маблағи хариди саҳмияҳои он, бовар карда, аз руи шартҳои пешниҳодкардаи шахсони номаълум ба ҳамёни электронӣ ва суратҳисоби онҳо, ҷамъ 89700 сомонӣ пардохт намудааст.

Аммо шахсони номаълум бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ онҳоро тасарруф намуда, ба номбурда зарари махсусан калони моддӣ расонида, ҳамзамон бо истифодаи маълумотҳои шахсии Собиров Ф., бидуни хабардории ӯ ба номаш саҳифаи интернетӣ кушода, тавассути он боин маблағ криптовалюта харидаанд.

04.04.2023 оид ба ҳолати мазкур аз тарафи Прокуратураи генералӣ бо моддаи 247 қ.4 б. “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тибқи тобеияти тафтишотӣ ба ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Дар ҳолати дигар, 16.11. 2023 ба телефони мобилии шаҳрванд Ҳафиззода Ш. сокини ноҳияи М.С.А.Ҳамадонӣ бо рақами хориҷии +79153564814 зани ношинос занг зада, ба боварии ӯ даромада, хоҳиш намудааст, ки барои ба корти бонкии “Душанбе Сити”-и номбурда интиқол додани 3000 сомонӣ аз номи “Муҳаммад” ном шахс, рақами рамзи бо паёмак ба телефонаш омадаро равон кунад. Баъди бо роҳи фиреб ба даст овардани рамзи ба телефони Ҳафиззода Ш. омада, шахси номаълум аз корти бонкии ӯ маблағи 71672 сомонии аз фаъолияти соҳибкорӣ ҷамъовардаашро тасарруф карда, ба ӯ ба миқдори махсусан калон зарари моддӣ расонидааст.

Вобаста ба ин ҳолат низ 05.12. 2023 аз тарафи Прокуратураи генералӣ бо моддаи 247 қ.4 б. “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тибқи тобеияти тафтишотӣ ба ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.

Вақтҳои охир баъзе нафарон бо мақсади ба даст овардани даромади муфт бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ дар фазои интернет бозии лотореяро бо бурди автомашинаҳо эълон карда, шаҳрвандонро фиреб дода, бо суиистифодаи боварӣ маблағҳои пулиашонро тассаруф менамоянд.

Чунончи, сокинони ноҳияи Рудакӣ Ғафурзода Сомон ва Гулзода Некрӯз дар видеохостинги шабакаи иҷтимоии “YouTubе” саҳифаҳои худро бо номҳои «SOMONOfficial» ва “МАКSIМ ТV” ба қайд гирифта, автомашинаҳои тамғаҳои “КИА К5”, “Тойота Камри” ва “Хюндай Соната”-ро ба бозии лоторея гузошта, тибқи шартҳои пешбинигардида онҳоро бояд бо натиҷаи бозӣ ба шахсони бурднамуда медоданд. Аммо Ғафурзода С. ба боварии шаҳрвандон Қодиров Ҷ.Р. ва Саидов А.О. даромада, бо роҳи фиреб, ки бе гузаронидани бозӣ автомашинаҳои дар бозӣ гузошташударо бо нархи арзон ба онҳо мефурушад, аз номбурдагон тавассути интиқоли пулӣ маблағи 180500 сомониро гирифта, тасарруф намуда, ба онҳо зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Бо ҳамин роҳу усул, Гулзода Н. низ ба боварии шаҳрвандон Назаров Э., Салимов Н. ва Қараев Б. даромада, бо ваъдаи бардурӯғ, ки баъди баргузории бозӣ автомашинаҳои “Тойота Камри” ва “Хюндай Соната”-ро ба онҳо арзон мефурӯшад, аз шаҳрвандони номбурда дар се ҳолат тавассути ҳамёни электронии “Душанбе Сити”, ҷамъ 230200 сомониро гирифта, тасарруф кардааст.

Дар натиҷаи кирдорҳои қаллобонаи Ғафурзода С. ва Гулзода Н. маблағи пулии шаҳрвандон, ба миқдори махсусан калон, дар маҷмуъ 590700 сомонӣ тассаруф карда шудааст.

Бо натиҷаи санҷиш аз тарафи Прокуратураи генералӣ 08.11.2023 нисбат ба Ғафурзода С. ва Гулзода Н. бо моддаи 247 қ. 4 б. “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.

Фаромӯш набояд кард, ки интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ашхоси алоҳида, бахусус қаллобон бо мақсадҳои ғаразноку ҷиноятӣ бештар истифода гардида, онҳо бо ҳар роҳу восита ба боварии шаҳрвандон даромада, бо ваъдаҳои бардурӯғ ва фиребу суиистифодаи боварӣ, инчунин бо роҳандозии барномаҳои сохта ва аккаунтҳои қалбакӣ (фейкӣ) аз суратҳисоб, кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои электронии шаҳрвандон маблағҳояшонро тасарруф намуда, ба онҳо зарарҳои калони моддӣ мерасонанд.

Аз ин лиҳоз, ба истифодабарандагони интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ фаҳмонида мешавад, ки дар истифодаи интернет эҳтиёткор бошанд, зимни истифодаи он, қабули паёмаку тамошои видеонаворҳои сохта (фейкӣ), эълони бозиҳои интернетӣ, аз қабили лоторея, харид намудан аз интернет-мағозаҳо ва истифодаи дигар хизматрасониҳои интернетӣ ҳамеша ҳушёр бошанд ва ба хоҳишу бозиҳои қаллобони интернетӣ бовар накунанд. Харидро дар интернет-мағозаҳо танҳо тавассути сомонаҳои боэътимод анҷом дода, аз хизматрасонии ҳар гуна сомонаҳои бардурӯғ ва аккаунтҳои сохта (фейкӣ) худдорӣ намуда, маълумоти шахсӣ, рақами ҳамёни электронӣ ё рамзи кортҳои бонкии худро ба ин гуна сомонаҳо равон накунанд.

 

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон