8 ноябри соли 2023 дар доираи сафари кории худ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод дар ҷаласаи 21-уми Прокуророни генералии давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) иштирок намуда, дар мавзӯи: «Нақши мақомоти прокуратура дар таъмини навсозии давлат» суханронӣ кард.

Дар ин чорабинӣ ҳамчунин Прокуророни генералии давлатҳои узви СҲШ – Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин ҳайатҳо таҳти роҳбарии Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус, Прокурори генералии Муғулистон, Котиботи СҲШ ва Сохтори зиддитеррористии СҲШ иштирок ва баромад намуданд.

Дар рафти ҷаласа оид ба нақши прокуратура дар таъмини навсозии давлат, фароҳам овардани фазои мусоиди соҳибкорӣ барои рушди устувори иҷтимоию иқтисодии минтақаи СҲШ ва баланд бардоштани некӯаҳволӣ ва сатҳи зиндагии шаҳрвандон табодули афкор сурат гирифт.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои мақомоти прокуратураи давлатҳои узви СҲШ дар мубориза бар зидди ҷиноятҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи молия бо мақсади ҳифзи субот, тартиботи иҷтимоию иқтисодӣ, рушди иқтисодиёти миллӣ дар ҷараёни навсозии давлатҳо тақвият бахшида, дар кори ташкилотхои байналмилалӣ, ки фаъолияти онхо ба рушди иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии шахрвандон нигаронида шудааст, фаъолона иштирок намуда, ба боз ҳам густариш додани ҳамкории мақомоти прокуратураи давлатҳои узви СҲШ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист бо назардошти эълон гардидани соли 2024 ҳамчун Соли экологияи СҲШ мусоидат намоянд.

Ҷонибҳо инчунин тасмим гирифтанд, ки баҳри таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва ширкатҳои хориҷӣ дар қаламрави давлатҳои худ чораҳои муассир андешанд; ҳамкории мақомоти прокуратураи давлатҳои аъзои СҲШ-ро дар мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромарзӣ вусъат диҳанд, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди соҳибкорӣ, бо ин мақсад истифодаи тамоми шаклҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла ҳамкории мақомоти прокуратураи ноҳияҳои наздисарҳадӣ назоратро таъмин намоянд.

Аз натиҷаи ҷаласа Протоколи ниҳоӣ қабул карда шуд.