22 сентябри соли 2023 Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Брюссел қарор доранд, бо Прокурори генералии Подшоҳии Белгия ҷаноби Фредерик Ван Лёв, Директори генералии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Подшоҳии Белгия ҷаноби Фредди Рузмонт ва роҳбари Гуруҳи ҳамоҳангсози Подшоҳии Белгия оид ба таҳлили хатарҳо (CUTA) ҷаноби Герт Веркутерен мулоқотҳо анҷом доданд.

Дар рафти мулоқотҳо доираи васеи ҳамкориҳои ҳуқуқии байни ду давлат, рафти баррасии лоиҳаҳои созишномаҳо дар бораи истирдоди ҷинояткорон, расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, бозпас додани маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо, муқовимати муштарак ба терроризм ва экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, киберҷиноятҳо, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва дигар масъалаҳои мубрам баррасӣ гардиданд.

Бо Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Подшоҳии Белгия аз ҷумла соддагардонии будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Подшоҳии Белгия, қабул кардани шаҳрвандони дар ҳудуди якдигар ғайриқонунӣ қарордошта, сода кардани реҷаи раводид барои шахсони дорои мақоми махсус баррасӣ карда шуданд.

Бо Гуруҳи ҳамоҳангсози Подшоҳии Белгия оид ба таҳлили хатарҳо (CUTA), ки дорои ваколатҳои шабеҳ ба Маркази ягонаи итилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ба мувофиқа расида шуд, ки ду Марказ байни худ ҳамкории судмандро ба роҳ монда, дар ин ҷода ҳуҷҷатҳои дахлдори ҳамкорӣ ба имзо расонида мешаванд.

Сафари кории Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.