21 сентябри соли 2023 мулоқоти маҷозии роҳбарияти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Агентии Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи адолати ҷиноятӣ, воқеъ дар шаҳри Гаагаи Нидерланд ҷаноби Ладислав Ҳамран баргузор гардид.

Ҳадафи баргузории мулоқот ба роҳ мондани ҳамкории мустақим бо Агентии Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи адолати ҷиноятӣ (Евроюст) ва банақшагирии иқдомҳои ҳамкории минбаъдаи ду ниҳод дар радифи шахси тамоси аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимнан пешиҳодшуда маҳсуб гардид.

Дар ҷараёни мулоқот қайд гардид, ки ба роҳ мондани табодули маълумоти тафтишотӣ ва иҷрои дархостҳои якдигар оид ба истирдоди ҷинояткорон ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ роҷеъ ба тафтиши ҷиноятҳои трансмиллӣ, бахусус, терроризму экстремизм, маблағгузории терроризм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо, хариду фурӯши одамон, қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда саривақтӣ ва мувофиқи мақсад буда, боиси ноил гаштан ба натиҷаҳои назаррас хоҳад шуд.