Базми гул дар чамани Наврӯз аст,

Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст.

 

Имрўзҳо кулли мардуми заҳматқарини кишвари маҳбуб ва офтобрўяи Тоҷикистони азиз бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва тинҷию оромии Ватан ва арҷгузорӣ ба мероси ниёгонамон дар мутобиқат ба тақвими қадимаи халқи тоҷик ва ҷомеаи ҷаҳонӣ Соли нави аҷдодии мардуми ориёӣ - Наврўзро бо шукўҳу шаҳомати ҳамешагӣ пешвоз мегиранд.

Наврӯз таърихи хеле қадимӣ дошта, аксарияти сарчашмаҳои бостонӣ пайдоиши онро бо салтанати шоҳи чаҳоруми пешдодӣ Ҷамшед нисбат медиҳанд.  Абулқосим Фирдавсӣ дар ин бора чунин гуфтааст:

Ҷаҳон анҷуман шуд бар тахти ӯй,
Фурӯмонда аз фар
раибахти ӯй.
Ба Ҷамшед
-бар гавҳар афшонданд,
Мар он рӯзро
рӯзи нав хонданд.

Наврӯз дар ҳама давр бо шукӯҳу шаҳомати зиёд пешвоз гирифта мешуд. Барои дар сатҳи олӣ гузаронидани он майдону тахтҳо месохтанд. Мисоли равшани он бунёди тахти Ҷамшед (Персеполис) аз ҷониби Дориюши бузург аст, ки осори он то ҳол боқӣ монда, оламиёнро ба ҳайрат овардааст.

Иди Наврӯз яке аз он ҷашнҳои муҳими бостонии гузаштагони мо мебошад, ки мақом ва манзалати он нисбат ба дигар идҳои миллӣ, таърихӣ ва анъанавии мардуми ориёитабор ва умуман кулли сарзаминҳои ҳавзаи Наврўз бо шуҳрат ва шукӯҳи худ мавқеи намоёнро соҳиб гаштааст.

Зимни суханронӣ ба ифтихори таҷлили дуюмин ҷашни ҷаҳонии Наврӯзи хуҷастапай Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд намуданд: «…Аз манобеи таърихии бостонӣ бармеояд, ки қавмҳои ориёии қадим, ки аввал дар ҳудуди Мовароуннаҳр ва атрофи он ба сар мебурданд, қабл аз омаданашон ба сарзамини имрӯзии Эрон ҳам Наврӯзро ҷашн мегирифтаанд. Як қисмате аз сарзамини онҳо, ки минтақаи бузурги кӯҳистонии Бадахшону Ҳиндукушро дар бар мегирифт ва сарзамини ниҳоят сард ба шумор мерафт, расидани фасли баҳор барояшон дар ниҳояти интизорӣ ба анҷом мерасид, ба он хотир буд, ки ин ҷашн дар мунтаҳои шукуҳу азамат таҷлил меёфт. Ва ҳамин амал то ба имрӯз дар ин минтақа азизу муҳтарам аст…». 

Наврӯз ҳамчун яке аз дӯстдоштатарин ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик буда, дорои аҳамияти бузурги иҷтимоию ахлоқӣ мебошад, ки барои тарбия ва рушди наслҳои имрўзу фардои ҷомеаи Тоҷикистони тозаистиқлол дар рўҳияи ҳувияти баланди миллӣ, худогоҳию хештаншиносӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва таърихи куҳани ориёибунёдамон нақши муассир дорад.

Боиси ифтихору сарбаландии кулли мардуми шарифи мост, ки бо кӯшишу талошҳои бевоситаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдории давлатҳои Эрон, Афғонистон, Туркия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Покистон, Ҳиндустон ва Озарбайҷон созмони бонуфузи ЮНЕСКО 30-юми сентябри соли 2009 Наврӯзро дар баробари 76 унсури мероси ғайримоддии ҷаҳонба Рӯйхати мероси ғайримодди фарҳанги башарият дохил намуд.

23 феврали соли 2010-ум бошад, қатъномаи Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул ва мутобиқи он Наврӯз ҷашни байналмилалӣ эътироф гардид.

Ҳамзамон, бо пешниҳоди Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 июли соли 2010 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид шуда, рўзҳои 21-24-уми март Иди байналмилалии Наврўз эълон гардид.

Ҳамин тариқ, ҷашни бостонии миллии мо - Наврӯз на танҳо дар Тоҷикистони азиз ва кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврўз, балки дар миқёси байналмилалӣ соли чордаҳум аст, ки ботантана ва шукўҳу щаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз табрикотҳои идонаи Наврўзии худ роҷеъ ба ин масъала махсус таъкид намуданд, ки «…Наврӯз мисли дигар ҷашнҳои аҷдодии мо ҳикмату фалсафа ва аҳаммияти бузурги илмӣ дорад. Омили муттаҳидкунанда ва василаи ҳамдигарфаҳмии халқу миллатҳои гуногун будани Наврӯз яке аз бузургтарин ҳикматҳои он ба ҳисоб меравад, ки дар шароити мураккабу печидаи ҷаҳони имрӯза бисёр муҳим мебошад. Густаришу ситоиши хираду дониш ва муҳаббату самимият дар байни одамон, сулҳу субот миёни қавму миллатҳо ва шодиву нишоти ҳамаи афроди ҷомеа моҳият ва фалсафаи зиндагисози Наврӯз аст, ки тайи ҳазорсолаҳо ба мардуми мо ва халқҳои дигар хизмат кардааст…».

Таҳқиқ ва эҳё намудани оину анъанаҳои бостонии ҷашни Наврӯз ва гиромидошти он дар сатҳи баланд ҳамчун муқаддасоти волои бебаҳо барои ворисони ояндаи миллати мо бояд вазифаи муқаддас бошад. Наслҳои мо бояд аз таърихи хеш огоҳӣ пайдо намуда, расму оинҳои миллии қадимаи аҷдодиамонро ҳамеша ҳифз намоянд. Тамоми ойинҳои Наврӯзӣ заминаи бузурги ахлоқию тарбиявӣ буда, метавонад наслҳоро ба садоқату вафодорӣ, покии зоҳиру ботин, бунёдкориву созандагӣ ва зебоипарастӣ ҳидоят намояд.

Ҷашни Наврӯзро набояд танҳо ҳамчун василаи фароғату истироҳат ё худ шодиву сурур ба қалам диҳем. Зеро Наврӯз нишонаи пешрафти тафаккури созандаву бунёдкоронаи халқ, мизони ҳаракати сайёраҳо, вуруди Соли нави мардуми ориёинажод буда, мардумон дар ҳама давру замон фарорасии онро ҳамчун эҳёи нуру зиё ва файзу баракат бесаброна интизорӣ мекашиданд.

Тибқи манбаъҳои илмию адабии ниёгонамон дар айёми Наврӯз кинаю адоватро аз худ дур кардану бахшидани гуноҳи якдигар, кушодани оғӯши дӯстиву рафоқат ба фарзу суннати ҳамешагии мардум табдил ёфта буд. Ба дидори пирону барҷомондагон расидану гирифтани дуои хайри онҳо, дасти кумак дароз кардан ба ятимону бенавоён ва камбизоатону бепарасторон, обод кардани харобаву вайронаҳо, ки одату анъанаҳои маъмули инсонпарваронаи ниёгонамон буданд, дар айёми мо ба шарофати талошу заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат бо такя ба хиради азаливу дастгирӣ ва муттаҳидии сарҷамъонаи халқи тоҷик ба рамзу шиори ҳаррӯзаи зиндагии мардум табдил ёфтаанд.

Сарвари давлатамон ҳанўз дар оғози ҳазорсолаи навин дар яке аз табрикотҳои худ бахшида ба ҷашнгирии Наврўзи оламафрўз таъкид намудаанд, ки: «…Бузургтарин ҳикмати гузаштагони некноми мо "гуфтори нек, рафтори нек ва пиндори нек" мебошад, ки имрӯз ҳам дастури амали ҳар фарди ватандору бофарҳанг ва баору номус бояд бошад. Ин ҳикмат дар сиришти ҳар шахс ахлоқи ҳамидаву меҳру садоқат ва покизагии рафтору кирдор мепарварад, дар баробари ободиву файзу баракати ҳар хонавода ба пешрафти нерӯмандии кишвар мусоидат менамояд…».

Таърих гувоҳ аст, ки на истилои Александри Македонӣ, на ҳуҷуми арабҳову тохтутози муғулҳо ва на дигар ғосибони кучманчиву бодиянишин халқи моро аз забону таърих ва фарҳанги миллии чандин ҳазорсолааш ҷудо карда натавонистанд. Баръакс, ба олимону ҳакимон, донишмандону адибон ва меъморону наққошон муяссар гашт, ки парчами фарҳанги миллии халқи тоҷикро боз ҳам баландтар бардошта, онро дар дарозои таърих ҳифз намуда, чун ахтари тирашаб боз ҳам равшантар афрӯзанд.

Намунаи равшани он эҳёи ойини давлатдории миллии тоҷикон дар аҳди Сомониён ва ба авҷи аъло расидани мақому мартабаи Иди Наврӯз ҳамчун иди миллӣ ва рамзи пояндагии давлату миллат мебошад, ки бо шукӯҳу шаҳомати махсус таҷлил мегардид. Маҳз ба шарофати ҳамин гуна анъанаҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик истилогарони аҷнабӣ имкон наёфтанд ҷашнҳои фарҳангии халқи тоҷик, аз ҷумла Наврӯзро аз хотираи халқ зудоянд ва аз байн баранд.

Рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва раванди бемайлони демократикунонии ҷомеаи Тоҷикистон бори дигар ба ҷаҳониён собит сохт, ки миллати мо яке аз миллатҳои қадимтарин ва соҳиби фарҳангу таърихи куҳан буда, эҷодгари сарнавишти худ аст ва метавонад бо неруи маънавию дастовардҳои сиёсиаш тамаддуни башариро боз ҳам ғанитар гардонад.

Фарҳангу тамаддуни қадимаи мардумсолориву давлатмеҳварӣ ва инсонпарваронаи халқи тоҷик, эҳсоси баланди хештаншиносиву худогоҳии миллӣ ва ватандӯстию меҳанпарастӣ, ҳамчунин қотеъона ҷонибдори сулҳу салоҳ ва ризоияти миллӣ будани он дар давоми зиёда аз 32 соли Истиқлолияти давлатӣ тасдиқи худро ёфтааст.

Наврӯз ба рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи муҳими пайванди наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯз, эҳёи анъанаҳои зебопарастӣ, инсондӯстӣ, дур сохтани кинаҳо, ҳамдигарбахшӣ ва расидан ба қадри зиндагии хушу хуррамона табдил ёфтааст.

Бо дарназардошти хавфу хатарҳои замони муосир, таҳдиду чолишҳои хатарзои паҳлуҳои манфии равандҳои ҷаҳонишавӣ, вусъати низоъҳои мусаллаҳона ва зуҳуроти экстремистию террористии минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла давлатҳои ҳамҷавор мо бояд роҳ надиҳем, ки пояҳои бисёр устувори таърихӣ, анъанаҳо ва суннатҳои неки халқи мо поймол шаванд ва бо унсурҳои зарарноки бегона олуда гарданд.

Аз ин лиҳоз, сокинони кишварро мебояд, ки ҳамчун афроди рушанзамир ва ватандӯсту меҳанпараст таърихи халқи хешро хуб донанд, мероси фарҳангиамонро соҳибӣ кунанд, бо дилу нияти нек зери парчами анъанаву суннатҳои неки инсонпарварона ва дигар фазилатҳои азалии халқи тоҷик муттаҳид бошанд.

Иди байналмилалии Наврўз муборак!

 

 

Директори Донишкадаи

Прокуратураи генералии

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

генерал-майори адлия                                                                Қурбонзода Ш.Ҳ.