23-уми январи соли 2024 дар Донишкадаи омўзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратура дар заминаи барномаи тасдиқгардида бо иштироки муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии  Тоҷикистон - Сарпрокурори ҳарбӣ, генерал-майори адлия Зоирзода Икром Оймаҳмад машғулиятҳои назариявию амалӣ бо 37 нафар мутахассисони ҷавони мақомоти прокуратура оғоз гардид, ки он то 27 январи соли ҷорӣ идома дошт.

Мақсади баргузории чорабинии мазкур аз такмили донишҳои назариявию амалӣ, баланд бардоштани тахассуси касбии мутахассисони ҷавон дар ҳамаи самтҳои назорати прокурорӣ ва  тафтиши ҷиноятҳо иборат буда, ба машғулиятҳо кормандони варзидаи мақомоти прокуратура, муаллимони Донишкада ва мутахассисони соҳаҳои гуногун ҷалб карда шудаанд.

Қобили қайд аст, ки дар барномаи таълимӣ, аз қабили масъалаҳои татбиқи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ,вазъи ҳуқуқии мақомоти прокуратура, кор бо кадрҳо, ташкили кор ва назорати иҷро, иҷрои қонунгузории андоз ва гумрук, тарзу усули санҷиши иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонон, назорати таҳқиқу тафтиши пешакӣ, иштироки прокурор ҳангоми аз тарафи судҳо баррасӣ кардани парвандаҳои ҷиноятӣ, назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ бо парвандаҳои гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ ва маъмурӣ, дигар самтҳои муҳими назорати прокурорӣ ва тафтиши ҷиноятҳо ворид гардида, аз ҷониби масъулин пурра амалӣ мегардад.

Маъмулан мутахассисони ҷавон барои азхудкунии мавзуҳои интихобшуда, таҳияи санадҳои эътиноии прокурорӣ, дар мубоҳиса ва иҷрои амалҳо дар гурўҳҳо фаъолона ширкат варзида, барои боз ҳам самаранок баргузор намудани барномаҳои таълимӣ таклифу дархостҳои судманд пешниҳод менамоянд.

Дар робита ба ин, Донишкада тасмим гирифтааст, ки таклифу пешниҳоди иштирокдоронро дар рафти тартиб додани барномаҳои минбаъдаи таълимӣ дар сатҳу сифати зарурӣ таъмин намояд.

Бо анҷоми барномаи таълимӣ ба иштирокдорон барои азхуд намудани машғулиятҳо гувоҳнома супурда мешавад.