имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби намояндагони гурӯҳҳои экстремистию террористӣ таблиғу ташвиқи ғояҳои экстремистӣ зиёд ба мушоҳида расида, баъзе шаҳрвандон гумроҳшуда, ба сафи онҳо мепайванданд.

Чунончӣ, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Бабамурадов Маҳмудҷон Мирзоназарович, санаи таваллудаш 16-уми сентябри соли 1964, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Дӯстӣ, ҷамоати деҳоти Навзамин, деҳаи Умед, миллаташ тоҷик, роҳбари хоҷагии деҳқонии «Шукрулло», бо истифода аз телефони мобилӣ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ барномаи «Ислоҳ.Тв»-ро мунтазам тамошо намуда, навору баромадҳои ровии он Муҳаммадиқболи Садурдинро, ки аъзои фаъоли ташкилотҳои эктремистӣ-террористии “Ҳизби наҳзати ислом”  ва «Паймони миллӣ» буда, фаъолияти ташкилотҳои мазкур бо санади судӣ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ-террористӣ мамнуъ эътироф шудааст, қобили қабул дониста, бо ӯ дар алоқа пайвастааст.

Номбурда моҳи июли соли 2023 матнеро бо мавзӯӣ «Камбудиҳои оби полезӣ ва оид ба фаъолияти роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот» омода намуда, онро ба ровии барномаи «Ислоҳ.Тв» Муҳаммадиқболи Садурдин барои нашр намудан ирсол намудааст.

Дар ин замина, 2-уми августи соли 2023 дар сомонаи мамнуъи  «Ислоҳ.нет» мақолаву наворҳо бо номи «Номаҳо аз ноҳияҳо ба Ислоҳ.нет №42» оид ба фаъолияти масъулини мақомот ва муассисаву ташкилотҳои ноҳияи Дӯстӣ нашр ва пахш гардидааст, ки хусусияти ғаразноки сиёсӣ ва иғвоангезӣ дошта, чунин тарзи ҷамъоварӣ ва паҳнкунии маълумоти иғвоангези ифротӣ  бо мақсади ҷиноӣ ва ғаразнокии ТЭТ «Ҳизби наҳзати ислом» ва ТЭТ «Паймони миллӣ» нигаронида шудааст.

Оид ба ин ҳолат 16-уми октябри соли 2023 аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Дӯстӣ нисбати Бабамуродов М.М. бо моддаи 307 иловаи 3 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, 24-уми ноябри соли 2023 баъди тафтишоти пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

Бо ҳукми суди вилояти Хатлон аз 19-уми декабри соли 2023 Бабамуродов М.М.дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 307 иловаи 3 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 (панҷ) сол, бо нигоҳ доштан дар калонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр, таъин карда шуд.