30 ноябри соли 2023 дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ҷаласаи навбатии Шўрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзоёни Шўрои ҳамоҳангсозӣ – роҳбарони Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  иштирок намуданд.

Ҳамчунин, дар ҷаласаи Шўро раиси Суди Олӣ, Вазири мудофиа, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, Фармондеҳони гвардияи миллӣ ва Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, раиси  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии таъмини  амволи  махсус, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи  иҷтимоии аҳолӣ, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, сардори Хадамоти алоқа, прокуророн, сардорони раёсату шуъбаҳои амнияти миллӣ, корҳои дохилии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа вазъи пешгирӣ ва ошкор кардани ҷиноятҳои экстремистӣ-террористӣ, содиршавии ҷиноятҳо ба муқобили амнияти иттилоотӣ, ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузории амалкунанда дар самти пешгирии фурӯши воситаҳои нашъадор ва ҳабҳои синтетикӣ баррасӣ гардиданд.

Аз натиҷа қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.