Парвандаи ҷиноятӣ нисбати хизматчии ҳарбӣ-курсант Бахтовари Раҳмоналӣ, бо моддаҳои 200 қисми 4 банди «д» ва 375 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тафтишоти он аз тарафи сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида шуда буд, дар суди ҳарбии гарнизони Душанбе, баррасӣ карда шуд.

 

Дар рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ муайян карда шудааст, ки Бахтовари Р. 12 июни соли 2017 филиали Академияи ҳарбии ақибгоҳ ва нақлиёти шаҳри Пензаи Федератсияи Россияро хатм намуда, барои таъин намудан ба вазифа ва идома додани хизмати ҳарбӣ ба ихтиёри Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шудааст.

Пас аз хатми муассисаи таҳсилоти олии ҳарбӣ ӯ уҳдадор буд, ки барои идомаи хизмати ҳарбӣ ва ба вазифаи мушаххас таъин шудан ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозир гардад. Аммо номбурда бе сабабҳои узрнок аз идомаи адои хизмати ҳарбӣ саркашӣ намуда, вақтро ба салоҳдиди худ гузаронида, аз 12 июни соли 2017 то 21 феврали соли 2022, яъне муддати зиёда аз 4 сол аз иҷрои вазифаҳои хизматии ба зимааш гузошташуда канораҷӯӣ кардааст.

Ғайр аз ин, ӯ кирдорҳои ҷинояткоронаи худро идома дода охирҳои моҳи январи соли 2022 бо мақсади ба даст овардани даромади муфт бо рафиқаш шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, бо номи “Зубайдулло” тариқи сомонаи интернетии “Вотсап” дар тамос гашт. Зимни суҳбат бо таклифи Зубайдулло ҷиҳати дастрас намудани 18 кг. воситаҳои нашъадори навъи “Ҳашиш” маслиҳати пешакӣ доир намуда, бар ивази маблағи 22.000 сомонӣ аз махфигоҳи пешакӣ муайяншуда воситаҳои нашъадорро ба микдори махсусан калон дастрас карда, барои ба соҳибияти каси дигар додани ин воситаҳо то шаҳри Душанбе, ғайриқонунӣ интиқол медиҳад.

Сипас, ӯ бо ҳамаслакаш шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, бо номи “Зубайдулло” дар тамос шуда, аз амалӣ гаштани қасди пешгирифтаашон хабар додааст ва ба воситаи кортипластикии “Душанбе-ситӣ” -и дар истифодааш қарор дошта маблағи маслиҳат намудаашро ба миқдори 22000 сомонӣ гирифтааст.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷой ва мавқеи пинҳонкардаи ӯ дар як адад борхалтаи полиэтиленӣ 18 адад бастаҳои полиэтиленӣ дар дохилаш маводи ҷигаримонанди буйи махсус дошта, ёфта ва гирифта шудааст.

Бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони Душанбе, аз 6 июни соли 2022 Бахтовари Р. бо моддаҳои 200 қисми 4 банди «д» ва 375 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста  шуда, ба ӯ дар асоси моддаи 67 қисми 3-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳо нисбаташ ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 18 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт таъин карда шудааст.

 

      Маркази матбуоти Прокуратураи

      генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон