Хабарҳо

Иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” пайваста таҳти назорати прокурорӣ қарор дорад.

Дар натиҷаи санҷиши прокурорӣ вобаста ба ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” моҳи августи соли равон дар тарабхонаи “Яккасарой”-и шаҳри Хуҷанд ҳолатҳои зиёди вайрон кардани талаботи қонуни мазкур ошкор гардид.

Чунончи, директори тарабхонаи “Яккасарой”-и шаҳри Хуҷанд Бузруков Беҳрӯзхӯҷа Тоҳирович санаи 11.08.2023 сол, соати 20:08 дақиқа дар ин тарабхона маросими тӯйи домодию арӯсии фарзанди Усмонов Н.Р.-ро бе бастани шартномаи хизматрасонӣ бо соҳиби маърака баргузор намудааст.

Ҳамчунин, номбурда рӯзи 15.08.2023 сол дар вақти корӣ соати 13:00 дақиқа дар тарабхонаи “Яккасарой” тӯйи арӯсию домодии Назыров У. ва Юнусова М.-ро баргузор намуда, талаботи қонунро дағалона вайрон кардааст.

Дар маъракаи тӯйи домодию арӯсии шаҳрвандон Назыров У. ва Юнусова М. рӯзи 15.08.2023 сол дар вақти корӣ соати 13:00 дақиқа шаҳрванд Мирдадоев Ғуломҷон Воҳидович бошад, дар туй ҳамчун сароянда ва шаҳрванд Юсупов Парвизҷон Пӯлотҷонович ба ҳайси баранда иштирок намуда, бидуни бастани шартномаи хизматрасонӣ инчунин рӯзи 17.08.2023 сол соати 13:00 дақиқа дар маъракаи тӯйи хонадоршавии бародари Назыров У.Ҷ., ки дар вақти корӣ баргузор гардида буд, хизмат расонидаанд.

Ба ғайр аз ин, бархилофи талаботи қисми 3 моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” рӯзи 15.08.2023 сол соати 11:00 дақиқа шаҳрванд Бобохонов Фирӯз Темурович дар ин тарабхона маъракаи домодталбони духтараш Бобохонова М.-ро бо иштироки 72 нафар бо додани 3 намуд таъом баргузор намуда, дар он шаҳрванд Манонова Маликахон Ҷӯраевна  ҳамчун сароянда бе бастани шартномаи тарафайн  иштирок ва хизмат расонидааст.

Маъмури тарабхонаи “Яккасарой” Раҷабов Фараҳманд Ғаффорович маъракаи домодталбони Бобохонов Ф.Т.-ро дар вақти корӣ ва бе бастани шартнома байни соҳиби маърака баргузор намудааст.

Нисбати номбурдагон аз тарафи прокуратураи шаҳри Хуҷанд бо моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла нисбати директори ҶДММ “Яккасарой” Бузруков Б.Т. барои такроран вайрон кардани талаботи қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қисми 3-и моддаи зикршуда парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, барои баррасӣ ба суди шаҳри Хуҷанд ирсол гардиданд.

Бо қарори суди шаҳр директори ҶДММ “Яккасарой” Бузруков Б.Т. ба маблағи 1200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 81600 сомонӣ, маъмури тарабхона Раҷабов Ф.Ғ. ба андозаи 650 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 44200 сомонӣ, баранда Юсупов П.П. ба андозаи 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 51000 сомонӣ, сароянда Мирдадоев Ғ.В. ба андозаи 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 51000 сомонӣ, сароянда Манонова М.Ҷ. ба андозаи 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 3400 сомонӣ, соҳибони маърака Назаров У.Ҷ. ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 6800 сомонӣ ва Бобохонов Ф.Т, ба андозаи 110 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 7480 сомонӣ ҷарима баста шудаанд.