Хабарҳо

ИСТИҚЛОЛ – САРЧАШМАИ МУЗАФФАРИЯТУ ДАСТОВАРДҲО

Боиси фараҳмандист, ки имсол мардуми тоҷик 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу ваҳдат ва якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ истиқбол менамояд. Истиқлоли давлатӣ рамзи пирӯзиву хушбахтӣ, дастоварди пурарзиш ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани азизамон буда, он ба таъмини некуаҳволии мардум ва рушди бомароми кишвар заминаи мусоид фароҳам овард. Дар ин айём, баъди сипарӣ гардидани якчанд марҳилаҳои таърихӣ, бори дигар миллати соҳибтамаддуни тоҷик имконияти эҳёи давлатдориро ба даст оварда, Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр муаррифӣ гардид.

Ҳуҷҷати расмии оғози ин даврони нави таърихӣ Изҳороти Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" мебошад, ки дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олӣ (даъвати дувоздаҳум) 9 сентябри соли 1991 қабул гардид. Вале эълони истиқлол ва ба даст овардани соҳибихтиёрии сиёсиву иқтисодӣ оғози рисолати сангине буд, ки то воқеияти ҳаётӣ пайдо кардани худ марҳилаҳои душвори ташаккулро паси сар намуд. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, дар натиҷаи манфиатҷӯии душманони дохилӣ ва берунӣ, Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд ва асосҳои сохти давлатдорӣ фалаҷ гардида, хатари аз байн рафтани давлату миллат ба вуҷуд омад. Таҳти роҳбарии намояндагони ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати ислом ва тарафдорони он, соли 1992 дар мамлакат табаддулоти давлатӣ ба вуқуъ омада, сохти конститутсионии ҷумҳурӣ зӯран сарнагун гардид, ки дар натиҷа Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд.

Бар асари ин ҷанг зиёда аз 100 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, иқтисодиёти мамлакат зарари ҷиддӣ дид. Қариб як миллион нафар аҳолии кишвар гуреза шуд; мамлакат ба минтақаҳои гуногуни ба якдигар зид тақсим гашт; гуруснагӣ тамоми кишварро фаро гирифт ва хавфу хатари нестшавии миллат ба миён омад.

Дар ин лаҳзаҳои мудҳиш ва барои мардуми тоҷик тақдирсоз роҳбаре лозим буд, ки Тоҷикистонро аз вартаи нобудшавӣ халос намояд. Хушбахтона, 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид, ки дар он намояндагони мардумӣ якдилона раиси онвақтаи вилояти Кӯлоб, вакили мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ – Роҳбари давлат интихоб намуданд.

Дар он замон ҷомеаро хиёнаткорию бесарусомонӣ фаро гирифта буд ва касе аз боқӣ мондани давлату миллат бовар надошт. Аммо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи қавӣ дар иҷлосияи мазкур бо шиори ватандӯстонаи худ – «Ман ба шумо сулҳ меорам» масъулияти роҳбариро ба дӯш гирифта, умед ва боварро ба ҳифзу пойдории истиқлоли давлатӣ ва сулҳу ваҳдат дар дили мардум ҷой намуданд.

Роҳбари навинтихоби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба савганди худ содиқ монда, дар он лаҳзаҳои тақдирсоз ба иҷрои вазифаҳои хизматии худ шуруъ карда, оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш сохтанду дар мамлакат фазои сулҳу оромиро таъмин карда, зиёда аз як миллион гурезаро ба Ватан баргардонданд. Шароити зисти онҳоро муҳайё сохта, ба барқарорсозии иқтисодиёти азбайнрафта ва сохтори фалаҷшудаи давлатӣ шуруъ намуданд.

Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлоли давлатӣ масъалаи бунёди Артиши миллӣ ҳамчун кафолати пойдории давлат ва ҳифзи марзу буми он вазифаи муҳим маҳсуб меёфт. Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон баъди барҳамхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ аз Қувваҳои Мусаллаҳи он ягон меросе ба даст наоварда буд.  Қатъи назар аз вазъи мураккаби иқтисодӣ, набудани мутахассисони соҳавӣ ва шароити моддӣ-маишӣ, бо талошҳои хастагинопазири Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллӣ аз сифр, дар ҷойи холӣ созмон ёфта, якҷо бо дигар сохторҳои низомӣ дар муҳофизати истиқлоли давлатӣ, ҳимояи марзу буми Ватан ва пешгирии амалҳои таҷовузкоронаи душманон саҳми босазои худро гузошт. Ҷузъу томҳои низомии кишвар дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба неруи қудратманд табдил ёфта, шароити хизматӣ ва зисти низомиён беҳтар гардида, ба талаботи замон мутобиқ гардид.

Фаъолияти сохторҳои давлатӣ мунтазам ба низом даромада, сохторҳои нав ҷавобгӯй ба талаботи замон таъсис дода шуданд.

Дар даҳсолаи дуюми даврони истиқлол бошад, аллакай, рушди бомароми иҷтимоиву иқтисодии кишвар оғоз гардида, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ корҳои зиёд ба анҷом расиданд. Чунончи, дар сию ду соли охир ҳаҷми буҷети давлатӣ ба 37 миллиард сомонӣ расида, ба садҳо баробар зиёд гардидани маҷмуи маҳсулоти дохилӣ мусоидат намуд.

Дар ин давра шумораи корхонаҳои саноатӣ нуҳ маротиба ва ҷойҳои кор ҳафт баробар афзуда, танҳо соли 2022 беш аз 500 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бо 6 ҳазор ҷойи нави кор ба фаъолият пардохтанд.

Ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафи стратегии миллӣ оид ба таъмини истиқлоли энергетикӣ бо бунёду таҷдиди неругоҳҳои барқи обии хурду бузург, зеристгоҳҳои баландшиддати барқӣ, кашидани хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, аксари инфрасохтори энергетикии кишвар  навсозӣ шуд.

Неругоҳи барқи обии "Роғун" яке аз иншоотҳои стратегӣ ва дастоварди муҳими даврони соҳибистиқлолии кишварамон ба ҳисоб рафта, бунёди ин иншоотии ҳаётан муҳим маҳз ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар ин раванд, бо мақсади таъмини рафтуомади мусофирон, ҳамлу нақли молу маҳсулот байни минтақаҳо ва ба кишвари транзитӣ табдил додани ҷумҳурӣ  ҳазорҳо километр  роҳу пулҳо ва  нақбҳои мошингузару роҳҳои оҳан бунёд гардид, ки барои баромадан аз бунбасти коммуникатсионии кишвар  заминаи воқеӣ гузошт.

Ҷиҳати таъмини дигар ҳадафи стратегӣ – ҳифзи амнияти озуқаворӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шуда, бо талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва заҳмати кишоварзон фаровонии бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин мегардад.

Бо мақсади рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ин муддат  миллиардҳо сомонӣ равона гардида, ҳазорҳо муассисаҳои нави таълимӣ, аз ҷумла  муассисаҳои таълимии типи нав – литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин, муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ ба истифода дода шуданд.

Дар ин давра аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ ҳазорҳо иншоотҳои соҳаи тандурустӣ бунёд ёфт, ки ба шаҳрвандон бо сифати баланд хизмат мерасонанд.

Яке аз ҳадафҳои дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин беҳтар намудани шароити зист ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад. Ҷиҳати ҳалли мушкилоти иҷтимоии аҳолии кишвар бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳазорҳо иншооту биноҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ин иқдом бомаром идома дорад.

Дар даврони соҳибихтиёрӣ бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои давлатӣ  ва корҳои анҷомдода зиёда аз миллионҳо  ҷойҳои кори доимӣ ва мавсимӣ таъсис ва барои сокинони мамлакат шароити арзандаи зиндагӣ  фароҳам оварда шуд.

Боиси сарфарозист, ки Тоҷикистон бо 178 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ барқарор намуда, узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ гардида, нақши давлати мо дар созмонҳои бонуфуз барои ҳалли масъалаҳои мубрами дорои аҳамияти ҷаҳониву минтақавӣ, аз ҷумла таъмини амнияту субот ва беҳдошти экологиву иқлим, муассир ва созанда арзёбӣ мегардад.

Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул шудани панҷумин иқдоми Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлими сайёра ва дар ин замина эълон намудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо обрӯи мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам афзун намуд.

Маҳз самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шуда, миёни амнтарин кишварҳои олам дар ҷойи дуюм  қарор дорад. Дар ин раванд, пойтахти кишвар – шаҳри зебои Душанбе, симои худро бакуллӣ тағйир дода, ба яке аз зеботарин шаҳрҳои дунё табдил ёфта, ба макони баргузории чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ ва сайёҳӣ мубаддал гардидааст.

Дар маҷмуъ, роҳи пуршарафи тайкардаи халқамон, зикри дастовардҳои бунёдии давлат ва мардуми Тоҷикистон бори дигар моро водор менамояд, ки ба таври ҳамешагӣ ва минбаъд низ дар атрофи Сарвари давлат муттаҳиду сарҷамъ бошем ва дастовардҳои камназирамонро ҳифз намоем.

Баъди соҳибистиқлол гардидани кишварамон, дар танзими фаъолияти мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ низ дигаргуниҳои куллӣ ба амал омада, мустақилияти он таъмин гардид, вазифаҳо ва самтҳои асосии фаъолияти он бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ, вазъи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ муайян шуданд.

Кормандони мақомоти прокуратура якҷо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакат дар ҳифзи истиқлоли давлатӣ, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, безарар гардондани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, пешгирии амалҳои таҷовузкоронаи душманон ва муътадил намудани вазъи сиёсиву ҷамъиятии давлат саҳми арзанда гузоштаанд. Дар душвортарин лаҳзаҳои солҳои соҳибистиқлолӣ кормандони мақомоти прокуратура вазифаҳои хизматии худро бо ҳисси баланди масъулият, кордонӣ ва садоқат ба халқу Ватан иҷро намуда, бар зидди ҷинояткорон муборизаи беамон бурдаанд. Дар ин роҳ даҳҳо кормандони мақомот, аз ҷумла аввалин Прокурори генералии Тоҷикистони соҳибистиқлол Нурулло Ҳувайдуллоев, ҷони худро фидо намудаанд.

Заҳматҳои софдилонаи кормандони мақомот ҳамасола  аз  ҷониби  Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Прокуратураи генералӣ қадр мешаванд.

Дар муддати ҳашт соли охир 22 кас бо рутбаҳои олии дараҷавӣ ва 60 нафар бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд ва минбаъд низ заҳмати кормандони фаъолу ташаббускор қадр хоҳад шуд.

Бо дарназардошти нақши муҳими мақомоти прокуратура дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеа, бо дастгирии Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати густариши заминаҳои ҳуқуқӣ, моддиву техникӣ ва кадрии он тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ шуда, шароитҳои корию иҷтимоии кормандон сол ба сол беҳтару хубтар мешавад. Солҳои охир биноҳои нави маъмурии замонавӣ бунёд ёфта, зиёда аз нисфи биноҳои дигар навсозӣ шуданд.

Раванду рӯйдодҳои ҷаҳони имрӯза ба ҳар яки мо ҳушдор медиҳад, ки барои ҳифзи истиқлолу озодӣ – бузургтарин неъмати зиндагӣ ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллатамон ҳамеша ҳушёру омода бошем.

Мо бояд ба тарғибу ташвиқи моҳияти давлату давлатдории муосири миллӣ, эҳтироми волоияти қонун, қадру қимати сулҳу оромӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ  диҳем.  Аз  ин лиҳоз, моро зарур аст, ки сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори ҳамешагии худ қарор дода, баҳри рушду инкишофи кишварамон аз ин ҳам бештар саъю талош намоем.

Дар ин лаҳзаҳои пурифтихор мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати Ҷашни бузурги миллӣ – 32-солагии Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфта, ба онҳо сиҳатмандиву хушбахтӣ, саодати рӯзгор ва барору комёбиҳо орзу менамоям!

Ҷовидону поянда бод, Истиқлоли давлатии Тоҷикистон!

 

РАҲМОН ЮСУФ АҲМАДЗОД,

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

генерал-полковники адлия