Хабарҳо

РИСОЛАТИ АЗИМИ МИЛЛАТИ ДАВЛАТДОР

Давлатсозию давлатдорӣ кори чанд даҳсола ва ҳатто як насли инсонӣ набуда, он як даврони дурударози таърихӣ ва пайвасти ногусастании наслҳо, анъанаҳо ва арзишҳои халқиятро талаб менамояд. 

Тайи сию ду соли соҳибистиқлолӣ халқи тоҷик зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  - Пешвои миллат, Президенти кишвар,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  корҳои зиёди давлатсозию давлатдориро паси сар намуда, дар шоҳроҳи таҷрибаи идоракунии давлатӣ, бунёдгузори давлати миллӣ ва тахкимбахши истиқлоли миллии худро пайдо намуд.

Истиқлоли давлатӣ бо қабули Конститутсияи халқӣ роҳи фардои давлати миллии моро таҳти сиёсати Бунёдгузори давлати тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муайян кард.

Интихоби роҳи дурусти таърихии рушди давлат ба сӯи Давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона вазифаи навбатии тақдирсоз барои ҳар миллати дар бунёди давлати хеш камарбаста  маҳсуб мешуд. 

Дуруст муайян намудани ормони халқ дар кори тарҳрезии шакли идора, режими сиёсӣ ва сохтори давлатӣ, ки аз он муносибати халқ  бо мардуми ҷаҳон мазмун мегирад, калиди иморати бинои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва нуқтаи ибтидоии ин роҳ ба шумор мерафт. Калиди ин иморат ва нуқтаи ибтидоии ин роҳро Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  дуруст дарёб намуданд.

Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан Роҳбари давлат ҳаққи табиии  халқро  ба муайян намудани шоҳроҳи давлатдорӣ эҳтиром гузошта таъкид намуданд, ки «Халқи Тоҷикистон худ роҳи фардои идораи давлатро муқаррар мекунад».

Дар ин фикр чанд ҳикмат нуҳуфта шуда буд. Аввал ин, ки сарвари  давлат ҳаққи худмуайянкунии халқро эҳтиром гузошта, ҷонибдорӣ аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ карданд. Сониян, ҳамчун роҳбари демократ иродаи шахсии худро ба иродаи мардум пайвастанд. Сеюм, ин ки хишти аввали бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро бо пешниҳоди ҳаққи худмуайянкунӣ ва худфаъолшавии халқ масъалагузорӣ карданд. 

Президенти кишвар ҳанӯз аз рўзҳои аввали зимоми идораи давлатро ба даст гирифтан таъкид карда буданд:“Мақсади мо бунёди давлати демократии дунявӣ ва ҳуқуқбунёд аст. Ин мақсаду мароми аксарияти аҳолии ҷумҳурӣ мебошад. Ин роҳи мост ва мо ҳеҷ вақт аз ин роҳ намегардем”.

Халқи Тоҷикистон ба шоҳроҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ думболи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ баромад. Расидан ба ин мақсадҳои олӣ вақтро тақозо менамуд, зеро ин раванд буд ва он пайваста дар идома ва такмилёбӣ қарор дошт.

Роҷеъ ба он, ки Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлолӣ миллӣ ва барои давлати муосири тоҷикон нақши бунёдгузориро дорад, хизматҳои наҷотдиҳанда ва созандаи ӯ дар соҳаи сиёсати давлатӣ, тарҳрезии низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисодиёти миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат ва дигар ҷанбаҳо барои гӯши шунавою чашми бино далолати иловагиро талаб надорад.

Дар ин шоҳроҳ Роҳбари мо халқро аз парокандашавӣ, миллатро аз нестшавӣ, давлатро аз завол наҷот дода, оташи ҷангро хомӯш ва ҷойи ҷаҳлу фитна оромию саодатро ба сарзамини мо овард. Муҳимтарин нуктаи сиёсии сањми Пешвои миллат дар давлатсозии навин ин рукни таҳкими давлатдории миллист.

Бо ин мақсад,  Пешвои муаззами миллат ба эҳёи хотираҳои таърихӣ ва ҳуқуқии миллат, ҷашнгирии 5500-солагии тамаддуни Саразми бостонӣ, 3000-солагии фарҳанги ориёӣ, 1100-солагии давлатдории Сомониён, ёдбуди шахсиятҳои фарзонаи халқ – Эмоми Аъзам (1310-солагӣ), Мавлонои Балхӣ (800-солагӣ), Муҳаммади Ғаззолӣ (950-солагӣ), Абдураҳмони Ҷомӣ (600-солагӣ), эҳёи суннатҳои фолклории фалак, шашмақом, чакан ва дигар унсурҳои фарҳанги миллӣ даст зада, на танњо халќи тоҷикро бо фарҳанг ва таърихи гузаштаи худ шинос карданд, инчунин, ба мазмуни давлатдории демократии мо табиати миллӣ бахшиданд.

Роҳи тайкардаи ин шахсияти таърихӣ барои халқи тоҷик ва таҳкими истиқлоли миллӣ аз бисёр ҷиҳат роҳи бунёдгузорони давлатҳои миллии классикиро дар замони нав мемонад. Вақт, замона, таърих, манфиатҳо ва орзую умеди халқи тоҷик  корнамоиҳои ин шахсиятро барои имрӯзу фардои худ бидуни шубҳа ба мисли падарон асосгузорони давлатҳои миллии муосир, чун Т. Джеферсону Дж. Вашингтон барои амрикоиҳо, Махатма Гандию Дж. Неру барои мардуми ҳинд, Генерал Де Голь барои фаронсавиёну Отатурк барои туркҳо  қабул хоҳад кард.

Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон воқеан шахсест, ки таҳти роҳбарияшон истиқлоли   миллӣ аз  нигоҳи  назариявию илмӣ ва амалӣ  таҳия ва такмил ёфта, давлати  демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон бунёд гардида, ба харитаи сиёсии ҷаҳон ворид шуд.

Ба қадри чунин  дастовардҳои  Пешвои  миллат  расидан, номи ӯро гиромӣ доштан ва роҳи интихобшударо ҳифзу идома додан, эҳтиром аз роҳи таърихии муборизаи қаҳрамононаи халқи тоҷик барои истиқолият ва озодӣ буда, қадршиносӣ аз давлати миллӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон аст.

Муҳимтар аз ҳама Пешвои мо ба дардҳои таърихии миллат даво бахшида, халқи тоҷикро ҳамчун миллати сиёсии дорои давлат, фарҳанг ва тамаддуни хосаи ҳуқуқӣ  ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кард. 

Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ба мисли як давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамчун арзиши олӣ эътироф намуда (моддаи 5-и Конститутсия), ҳамоҳангии низоми ҳуқуқии кишварро ба стандартҳо ва арзишҳои байналмилалӣ эълон намуд (моддаи 10 Конститутсия).

Имрӯз бо дарки масъулият дар назди таърихи талхи халқ,  номи неки миллат ва ояндагон, ки онҳо низ аз мо умедҳои калон доранд,  мо мардуми Тоҷикистон бояд атрофи Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти муҳтарами мамлакат Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, истиқлолияти давлатиро бо кору фаъолияти содиқона, беғаразона ва дастовардҳои назарраси меҳнатӣ муаррифӣ ва ҳифз намоем.

Таърих ба мо боз имкони бузурги сиёсию ҳуқуқӣ дар кори ташкили давлати демократӣ ва миллӣ  додааст. Халқи Тоҷикистон бояд  аз ин имкони таърихӣ бо эҳтироми муқаддасоти миллӣ ва муттаҳидӣ атрофи роҳбар истифода намояд, ваҳдату амонии худро қадр созад. Ин аст, рисолати азими миллати давлатдор, ки Пешвои муаззами давлатсозро болои сар дорад.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, ҳамаи кормандони мақомоти прокуратура ва ҳамватанони азизро ба ҷашни бузурги миллӣ – Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод намуда, барояшон саломатӣ, рўзгори нек ва фазои сулҳу суботи ҳамешагӣ таманно дорам.

 

 

Холиқзода Абдулфайз Ғаффор,

муовини директори Донишкадаи

Прокуратураи генаралии

Ҷумҳурии Тоҷикистон