Хабарҳо

Вокуниш ба хабари бардурӯғи сомонаи “Радиои Озодӣ”

Дар сомонаи намояндагии «Радиои Аврупои Озод»/ «Радиои Озодӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси фавти яке аз аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ марбут ба рабудан ва куштори муовини аввали роҳбари ҶСК «Ориёнбонк» Исматуллоев Ш.А. - Ахмедов Акбар Акрамович дар боздоштгоҳи шаҳри Душанбе ва боздошти модари ӯ мақолаҳои нодуруст нашр шудааст.

Ахмедов А.А. бо парвандаи ҷиноятии мазкур дастгир гардида, нисбаташ чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан татбиқ ва номбурда дар тавқифгоҳи тафтишотӣ қарор дорад.

Аммо намояндагии «Радиои Аврупои Озод»/ «Радиои Озодӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботҳои қонунгузориро дағалона вайрон намуда, бархилофи талаботи моддаҳои 14 ва 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» маводи бардурӯғ нашр намудаанд.

5 сентябри соли 2023 ба намояндагии «Радиои Аврупои Озод»/ «Радиои Озодӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бартараф намудани вайронкунии Қонуни мазкур амри хаттӣ дода шуд. 

Муроҷиатҳои видеоии Ахмедов А.А. ва модараш оид ба хабари бардурӯғи сомонаи "Радиои Озодӣ" дар саҳифаи видеогузоришҳои сомонаи расмии Прокуратураи генералӣ зери суроғаи: https://youtu.be/Xha6QaswGPI ва  https://youtu.be/2RDH45vj-yU гузошта шудаанд.