Хабарҳо

Хабари иловагӣ оид ба ҳодисаи рабудани муовини раиси Ориёнбонк

Дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои фаврӣ-тафтишотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар аъзои дигари гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ марбут ба рабудан ва куштори муовини аввали роҳбари ҶСК «Ориёнбонк» Исматуллоев Шуҳрат Абдуғафорович – шаҳрванд Сафаров Бахтовар Назарович, соли таваллудаш 5 марти 1995 (қаблан барои содир намудани муомилоти ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор маҳкум шудааст), дар  ҳудуди Ҷумҳурии Туркия дастгир ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода шуд.

Номбурда як рӯз пас аз содир намудани ҷиноят - 24 июни соли 2023 тавассути кишварҳои ҳамсоя ба Ҷумҳурии Туркия фирор намуда буд.

Айни ҳол, дар доираи тафтиши парвандаи ҷиноятӣ шахсияти роҳбар ва 15 нафар аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ муайян ва 13 нафари онҳо дастгир ва ба ҳабс гирифта шудаанд.

Амалиётҳои фаврӣ-тафтишотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар баҳри дарёфт ва ба ҷавобгарӣ кашидани аъзои боқимондаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ идома доранд.