Хабарҳо

Фаъолияти сомонаи “НОВЫЙ ТАДЖИКИСТАН 2” ва аъзоёни он дар қаламрави Тоҷикистон манъ карда шуд.

Бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми июни соли 2023 аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати ҳимояи асосҳои сохти конститутсионӣ, амният ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда шуда, сомонаи “НОВЫЙ ТАДЖИКИСТАН 2”  ташкилоти экстремистӣ ва иғвоангез эътироф гардида, фаъолияташ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд.

Ҳамзамон фаъолияти тамоми сомонаву вебсайтҳои ташкилоти мазкур ва саҳифаҳои интернетии гурӯҳи аъзоёни он бо номҳои: Suhrob Zafar, Умар Боев, Абдулло Ҳикматов, Парвиз Раҳимзода, Parviz Ashurov, Кундузхон Мамадалиева, Ховар Муродов, Курбонали Орипов, Сергей Булычёв, Немат Бегов, Grup-24, Қурбоналӣ Х. Қурбоналӣ, Фируз Мумин, Эмир Бахаддин, Изатулло Додобоев, Салмон Султонзода, Хикматулло Баходиров, Mansur Naimov, Хоҷа Абузар, Алихон Аюбхонович дар шабакаҳои иҷтимоии “Телеграмм”, “Фейсбук”, “Ютуб”, “Инстаграм” ва дигар сомонаҳои интернетӣ дар қаламрави кишвар баста шуданд.  

Ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар ҳар шакл ҳамкорӣ намудан бо ин ташкилоти экстремистӣ ва роҳбарону аъзоёнаш ғайриқонунӣ буда, мусоидат ва анҷом додани амалҳои мушаххас ба манфиати онҳо боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ мегардад.