Хабарҳо

Вокуниш ба мақолаи “Ба устоди Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон Исмоил Раҳмонов чӣ шуд?”

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки 15 июни соли 2023 сардори шуъбаи таҳлилӣ, банақшагирӣ ва муносибатҳои байналмилалии Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Юсуфзода Акмал Ҳотам бо шаҳрванд Шукуров Исмоилҷон Маъмурович барои одамрабоӣ дастгир ва ба ҳабс гирифта шуданд.

Юсуфзода А.Ҳ. шаби 12 июни соли 2023 соати 2320 дақиқа аз ҳиссиёти рашк бо хешовандаш Шукуров И.М. устоди Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон Раҳмонов Исмоилҷон Қаҳоровичро дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе, наздикии қурутобхонаи “Муслим” бо истифодаи зӯроварӣ ба автомашинаи хизматияш, ки тамғаи “Хундай Аксент”, рангаш сафед, аломати қайди давлатиаш 030UD01 мебошад, савор карданд.

Сипас, онҳо  дастони Раҳмонов И.Қ-ро баста, ба самти шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд роҳсипор гардида, дар километри 118 шоҳроҳи мазкур, воқеъ дар деҳаи Чореи ноҳияи Айнӣ автомашинаро боз дошта, маҷбуран Раҳмонов И.Қ.-ро фароварда, бо мақсади ба қатл расонидан ба дарёи Фон партофта, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.

15 июни соли 2023 нисбати Юсуфзода А.Ҳ. ва Шукуров И.М. бо моддаи 130 қисми 2 бандҳои «а,в» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои одамрабоӣ аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ бо истифодаи зӯроварии барои саломатӣ ва ҳаёт хавфнок парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Раҳмонов И.Қ. то ҳол дарёфт карда нашуда, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳо барои ҷустуҷӯ ва пайдо намудани ӯ сафарбар гардидаанд.

Аз истиқоматкунандагони маҳалҳои аҳолинишини поёноби дарёҳои Фон ва Зарафшон хоҳиш карда мешавад, ки дар мавриди пайдо гардидани маълумот оид ба дарёфти Раҳмонов И.Қ. фавран ба мақомоти прокуратура ё милитсия  хабар расонанд.