Хабарҳо

Назорати прокурорӣ ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ"

Риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ" аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ таҳти назорати доимии прокурорӣ қарор дода шудааст.

Дар ин раванд дар нимсолаи  аввали соли 2023 тибқи Нақшаи кории Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт санҷишҳои густурдаи прокурорӣ гузаронида шуданд.

Муайян карда шуд, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ ҷиҳати татбиқи Қонуни мазкур тадбирҳои зарурӣ аз қабили таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ, таъсиси шӯроҳои ҳудудӣ оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, бунёди инфрасохтори дахлдор, содда намудани расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ, андозбандӣ, қарздиҳӣ, иҷозатномадиҳӣ ва иҷозатдиҳӣ, фаъолияти зиддиинҳисорӣ, маҳдуд намудани санҷишҳои фаъолияти субъектони соҳибкорӣ ва ғайра андешида шудаанд.

Дар ин раванд миқдори сохторҳои бақайдгирандаи фаъолияти соҳибкорӣ  аз 4 ба 1 адад, муҳлати бақайдгирӣ аз 49 то 3 рўз кам карда шудааст.

Низоми иҷозатномадиҳӣ (литсензиякунонӣ) барои машғул шудан ба намудҳои алоҳидаи фаъолияти соҳибкорӣ низ мавриди ислоҳот қарор дода шуда, шумораи намудҳои фаъолияте, ки иҷозатномаро талаб менамоянд аз  650  то 74 адад кам гардидааст.

Дар раванди ислоҳоти низоми андозбандӣ дар асоси Кодекси андоз аз 17 сентябри соли 2012 номгўйи андозҳо аз 21 то 10 адад ва Кодекси нави андоз аз 23 декабри соли 2021 то 7 адад кам карда шуда, маъмурикунонии андоз ва хизматрасониҳои давлатӣ дар ин самт ҷиддан такмил дода шуданд. 

Миқдори санҷишҳои фаъолияти соҳибкорон аз ҷониби мақомоти санҷишию назоратӣ аз 292 021 адади соли 2016 дар соли 2021 то  45 107 адад расида, 245 914 адад ё 6,5 баробар кам шудааст. Дар соли 2022 бошад, бо назардошти  эълон гардидани мораторий ба санҷишҳо шумораи онҳо ҳамагӣ  9 723 ададро ташкил додааст.

Чораҳои андешидашуда ба вусъати фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷиддан афзудани саҳми он  дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар мусоидат намуданд.

Чунончи, шумораи субъектони соҳибкорӣ аз 187 ҳазор адади соли 2012 дар соли 2021  ба  338 ҳазор  адад расида, айни ҳол 90 фоизи субъектҳои хоҷагидори ҷумҳурӣ ба бахши хусусӣ рост меояд.

Саҳми бахши хусусӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2022 ба 70 фоиз, даромадҳо ба буҷети давлатӣ  80 фоиз ва таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор 68 фоиз расидааст. 

Ба шарофати ин тадбирҳо тибқи ҳисоботи Бонки Умумиҷаҳонӣ «Пешбурди тиҷорат» Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳ соли охир чор маротиба ба рўйхати кишварҳои ислоҳотгар дар самти фароҳам овардани шароит барои фаъолияти соҳибкорӣ шомил гардидааст.

Санҷишҳои прокурорӣ муайян намуданд, ки дар баробари корҳои иҷрошуда дар самти дастгирии давлатии соҳибкорӣ  ва рушди бахши хусусӣ ҳоло ҳам баъзе мушкилот  ва камбудиҳо ҷой доранд.

Чунончи, ҳолатҳои беиҷро мондани бандҳои алоҳидаи барномаҳои маҳаллии рушди бахши хусусӣ,  таъмин накардани фаъолияти самараноки шўроҳои ҳудудӣ оид ба рушди соҳибкорӣ, риоя накардани муҳлати баррасии  муроҷиатҳо оид ба додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, сари вақт пардохт накардани арзиши корҳои иҷронамудаи соҳибкорон ва ғайра дар баъзе шаҳру ноҳияҳо  дида мешаванд. 

Ҳолатҳои алоҳидаи риоя накардани тартиби гузаронидани санҷишҳои фаъолияти соҳибкорон, азҷумла дар мавриди гузаронидани санҷишҳои ғайринақшавӣ, нодуруст татбиқ намудани  ҷавобгарии маъмурӣ аз натиҷаи санҷишҳо ва ғайра  роҳ дода мешавад.

Дар маҷмуъ зимни санҷишҳои мазкур аз ҷониби прокуророн баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 143 амр, 110 эътироз, 106  пешниҳод оварда, дар асоси санадҳои эътиноӣ 95 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 48 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, 8 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. 

Таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир ба дастгирии давлатӣ ва ҳимояи соҳибкорӣ, азҷумла вобаста ба назорати прокурорӣ дар ин самт рўзҳои 18-21 майи соли 2023 дар  Форуми байналмилалии иқтисодии “Россия ва ҷаҳони ислом”, ки дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон баргузор гардид, муаррифӣ карда шуда, аз ҷониби иштирокчиён хеле судманд ва лоиқи пайгирӣ арзёбӣ гардид.