Хабарҳо

Натиҷаи тафтиши парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба ҳодисаи лату кӯби сарбозон

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки  моҳи апрели соли 2023 дар шабакаи иҷтимоӣ сабти видеоии ҳодисаи лату кӯби сарбозон пахш гардида, таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаро ба бор овард.

Ҳолати мазкур зери назорати шахсан Прокурори генералӣ, генерал-полковники адлия Раҳмон Ю.А. мавриди санҷиши пурра ва ҳаматарафа қарор гирифта, ҳамаи шахсони гунаҳгор дар муҳлати кӯтоҳ муайян ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, бо ҳукми суд маҳкум гардиданд.

24 апрели соли 2023 аз натиҷаи санҷиши ҳодисаи лату кӯби сарбозон  нисбати хизматчиёни ҳарбии қисми ҳарбии № 0215 ҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон -  сардориКомендатураи якуми сарҳадӣ, подполковник Лазуриев Н.Х. вакомандири ротаи қисми ҳарбии мазкур,капитан Юсупов Ш.Ф. бо моддаи 391 қисми 3 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержантон Камолов А.Ш., Саидфуллоев Х.Ҳ. бо моддаҳои 373 қисми 2 бандҳои “а,б,в” ва 391 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қаториҳо Нозимов М.Б., Қосимзода Ҷ.А., Азимов Ф. Б., бо моддаи 373 қисми 2 бандҳои “а,б,в” ва сержанти хурд Холматов С. Қ. бо моддаи 373 қисми 2 банди “в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурдагон ба ҳабс гирифта шуданд.

Парвандаи ҷиноятии мазкур баъди ба охир расидани тафтишоти пешакӣ                 20 майи соли 2023 барои моҳиятан баррасӣ намудан ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонида шуд.

          Бо ҳукми суди Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли равон судшавандагон Лазуриев Н. Х. ва Юсупов Ш. Ф. дар содир намудани ҷиноятӣ дар моддаи 391 қисми 3 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда гунаҳгор дониста шуда, нисбаташон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 11 солу 6 моҳ, бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъин карда шуд.

Сержантон Камолов А. Ш. ва Саидфуллоев Ҳ.Ҳ. бо моддаи 373 қисми 2 бандҳои “а,б,в” ва моддаи 391 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 11 солу 6 моҳ, бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъин карда шуд.

Инчунин, сарбозони қаторӣ Нозимов М. Б., Қосимзода Ҷ. А. ва Азимов Ф. Б. бо моддаи 373 қисми 2 бандҳои “а,б,в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сержанти хурд Холматов С. К. бо моддаи 373 қисми 2 банди “в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташон  ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 9 солу 6 моҳ, бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъин карда шудааст.

Новобаста аз ин, бо дастури Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи қисмҳои ҳарбии кишвар доир ба муайян кардани ҳолатҳои ҷой доштани чунин таҷрибаи номатлуби бадрафторию бузургсолорӣ (дедовщина), лату кӯби хизматчиёни ҳарбӣ ва дар ин замина муайяну ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳгор, баланд бардоштани масъулият ва ҳисси ҷавобгарии ҳайати роҳбарикунандаи қисмҳои ҳарбӣ санҷишҳои прокурорӣ гузаронида шуда, назорат дар ин самт пурзӯр карда шуд.