Хабарҳо

Азонихудкунӣ ва сохтакории хизматӣ !

Шаҳрванд Карамшоев Зеваршоҳ Муборакшоевич, тибқи қарори маҷлиси Ҷамоати деҳоти Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим ба вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим таъин гардида, то инҷониб фаъолият карда, ба сармуҳосиби Ҷамоат Мирзоев Аёмбек Одинаевич супориш додааст, ки ба номи муҳандис-заминсози Ҷамоат Шакарбеков Отиф Иқболович, ки фаъолият намекард моҳои феврал ва марти соли 2022 маблағҳои ҳисобикунӣ ҷудо намуда, ба ӯ диҳад.

Мирзоев А.О. дар моҳи феврали соли 2022 маблағи 909,47 сомонӣ ва моҳи марти соли 2022 маблағи 923.28 сомониро ба номи Шакарбеков О.И. дар маҷмуъ ба маблағи 1832 сомонӣ ҳуҷҷатҳои сохтакорона тартиб дода, ба Раёсати молияи ноҳияи Ишкошим пешниҳод намуда, маблағро гирифта азонихуд карда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Карамшоев З.М. такроран маблағи сӯзишвории аз Раёсати молия ба Ҷамоат ҷудогардидаро дар давраи соли 2022, ки дар маҷмуъ 5124 сомониро ташкил медод гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Ба ғайр аз ин, Карамшоев З.М. такроран ба сармуҳосиб Мирзоев А.О. супориш додааст, ки аз суратҳисоби Ҷамоат ба суратҳисоби ҶДММ «Фирӯза» 2000 сомонӣ барои харидори намудани қисмҳои эҳтиёти воситаи нақлиёт гузаронад, ки аз ин ӯ ба маблағи 1100 сомониашро ба қисмҳои эҳтиётии автомашинаи хизматӣ хароҷот намуда, маблағи 900 сомонии боқимондаашро гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Карамшоев З.М. бо мақсади рӯйпуш намудани кирдорҳои ҷиноятии худ санаи 20 декабри соли 2022 сохтакорона санади харид аз номи шаҳрвандон Бодурхонова Ф., Сафарбеков Ҷ. ва Азимов Ф. тартиб дода, аз номи онҳо имзо гузоштааст.

Прокурори ноҳияи Ишкошим нисбати Карамшоев З.М. бо моддаҳои 245 қисми 2 бандҳои «а,г» ва 323-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, бо анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол намудааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи Ишкошим аз 18 марти соли 2023 Карамшоев З.М. бо моддаҳои 245 қисми 2 бандҳои «а,г» ва 323-и Кодекси ҷиноятии Ҷумхурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 150 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 10200 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.

 

Маркази матбуоти Прокуратураи

генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон