Материалы

ПРЕСС - РЕЛИЗ оиди сафари кории Додситони кулли Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

8 июни соли 2023 сафари кории Додситони кулли Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷаноби Муҳаммад Ҷаъфар Мунтазирӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Зимни сафари корӣ мулоқоти расмии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Додситони кулли Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷаноби Муҳаммад Ҷаъфар Мунтазирӣ доир гардида, дар рафти он масъалаҳои ҳамкории мақомоти ду кишвар дар самти муборизаи муштарак бо ҷинояткорӣ, расонидани ёрии њуќуќї оид ба парвандањои љиноятї, истирдоди љинояткорон ва бозпас додани мањкумшудагон, инчунин бо назардошти вазъ дар Афғонистон ба роҳ мондани таҷрибаи пурсамари мубодилаи маълумоти фаврї дар самти муќовимати бевосита ба терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ муҳокима гардиданд.

Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.     

 

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон