Хабарҳо

Кормандони прокуратура ба рутбаҳои дараҷавӣ ва мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд

  03 сентябри соли 2018 дар Прокуратураи генералӣ бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси  Олӣ Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло бахшида ба ҷашни 27 солагии Истиқдолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ доир гардид.

  Дар оғози маҷлис оид ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Асосгузори сулҳу Вахдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу Вахдати миллӣ дар ҷумхурӣ, таҳаввулоти азими сиёсӣ, иқдисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда шуд.

 Барои меҳнати бенуқсону софдилона ва ба даст овардани натиҷаҳои назарраси корӣ бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор кормандони мақомоти прокуратура рутбаҳои дараҷавӣ ва мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд.

Аз ҷумла, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон прокурори вилояти Суғд Воҳидов Ҳ.С, муовини якуми прокурори Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Зоирзода И.О., сардори шуъбаи таҳлил ва омори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурзода С.Н. ва прокурори калони раёсати назорати умумии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Курбонзода Т.Х. бо медали Хизмати шоиста, сардори шуъбаи қабули шаҳрвандон ва баррасии муроҷиатҳои онҳо дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрозода С.К. ва сардори шуъбаи муқовимат бо терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллии прокуратураи вилояти Хатлон Зоирзода С.Р. бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

 

     Маркази матбуоти

     Прокуратураи генералӣ