Маҷалла

Журнал

Истикдолият ҳамчундастоварди муқаддастарин оғози тағироту дигаргуниҳои сарнавиштсози ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ дар таърихи муосири мамлакатамон тавонист муҳити соҳибихтиёрӣ ва мустақилиятро ташаккул дода, барои тадбиқи ҳадафҳои стратегии рушди миллӣ ва шукуфоии Ватанамон шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам оварад. 


  Аз баракати соҳибистиклолӣ ва сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат аст, ки дар давоми 28- соли истикдол мардуми шарафманди Тоникистон ба муваффақияту дастовардҳои назаррас соҳиб гардида, бо ин васила дар арсаи бай- налмилалӣ шинохти мусбати миллати тоҷик ҳамчун миллати соҳибтамаддун, ободгару бунёдкор ва сулҳхоҳу ташаббускор муяссар шуд.

     Ҳақиқати равшани таърихӣ аст, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба айёми бенизомӣ, ноамнӣ ва даҳшати ҷанги дохиливу маҳрумиятҳои зиёд рост омад.           Маҳз иродаи азалии таҳаммулгароӣ ва сулҳпарварии Тоҷикистониён буд, ки дар атрофи Сарвари раҳнамову ҳидоятгари хеш муттаҳид шуда, бо ризоияту ҳамдилӣ ва сарҷамъию иттиҳоди сартосарӣ хилофи талошҳои бадхоҳон фазоӣ босуботу ором ва осударо муҳайё сохтанд.

    Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ Пешвои мил­лат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш та заккур доданд, ки "истикдолияти давлатӣ ҳувияти миллии марду­ми тоҷикро ба зинаи комилан нав бардошт ва барои тақвияту густариш пайдо кардани вахдати тамоми сокинони Тоҷикистон заминаи пойдор фароҳам овард."

     Маҳз аз файзи истикдолияти давлатӣ аст, ки тамоми гӯшаҳои Ватани маҳбубамон ба майдони бузурги созандагию ободкорӣ, бинокорию хуррамгардонӣ табдил ёфта, намояндагони табақаҳои гуногуни аҳолии кишвар дар ин икдому ташаббусҳои бунёдкорона бо ҳисси баланди ватанпарастӣ ва садоқат ба ин сарзамину муқаддасоти ватандорӣ саҳми арзандаи хешро гузошта истодаанд. Ин ҳама гувоҳи он аст, ки марду­ми мо ба мафҳум ва моҳияти истикдолият амиқ сарфаҳм рафта, дарк намуданд, ки бақову пойдории истикдолият, ҳифзи дастовардҳои даврони мустақилият ба кору амали ободгароёнаи мосоҳибватанон вобастагии зич дорад.

    Мардуми қадршиноси Тоҷикистони азиз бо ҳисси сазовори шукргузорӣ аз истикдолият ҳамчун неъмати бебаҳо, гаронқиммат, падидаи муқаддасу ифтихорофарин ва арзиши нодир ҳамеша пайи талошу кӯшиши доимӣ мебошанд, то ки рукнҳо ва пояҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодии истикдолияти давлатии кишвари озодамон боз ҳам тақвияти бештар ёбад, чун гавҳараки чашм онро эҳтиёт намуда, ба наслҳои оянда ба мерос гузоранд.

      Зеро равандҳои тезутунд ва босуръат тағирёбандаи ҷаҳонӣ тақозо дорад, ки хушёриву зиракии сиёсиамонро аз даст надода, бо фарҳанги баланди сиёсӣ, маърифати ҳукуқӣ ва эҳсоси ватанхоҳӣ ҳамеша фикру амали ободсозиву созандагӣ дошта бошем.

       Аз ҷумлаи музаффариятҳову муваффақиятҳои муҳими айёми истикдолият дар арсаи байналмилалӣ боло рафтан ва ҷойгоҳи муносибро соҳиб шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон хамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ки шаҳодати эътибор ва мақоми намоёнро ба даст овардани кишвари озоду соҳибихтиёри мо мебошад. Дар сатҳи ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ ёфтан ва пазируфта шудани ташаббусҳои глобалии Пешвои муаззами миллат, ки ба ҳалли мушкилоти сатҳи сайёра равона гардидаанд, боз як нишонаи собити мавқеи мустаҳкам касб намудани сиёсати хориҷии ҷумхуриамон ва пуштибонии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ аз пешниҳодоти судманди Точикистон мебошад.

     Далели дигари шинохти арзандаи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва эхтиром гузоштан ба соҳибихтиёрии он баргузории чорабиниҳои пуршукуҳ ахдмияти минтақавӣ ва байналмилалӣ дошта дар пойтахти Ватанамон  шаҳри Душанбе мебошад.

     Қобили зикр аст, ки тавассути тадбирандешиҳои ободкорона ва тасмимгириҳои бунёдгаронаи роҳбарияти шаҳри Душанбе пойтахти кишвари   азизамон дар чанд соли охир куллан симои хешро тағир дода, чандин нишастҳову вохӯриҳои муҳими сатҳи ҷаҳониро ба дараҷаи шоиста ва хотирмон мизбонӣ намуд, ки ин ҳам дастоварди шоёни замони истиқлолият ва ифтихори ҳамватанон мебошад.

     Яке аз тамоюлҳои барҷастаи замони истиқлолият ин торафт асосҳои мустаҳкам пайдо намудани ҳисси ифтихор аз гузаштаи пуршарафи миллат, баланд гардидани рӯҳияи хештаншиносии миллӣ, меҳанпарастӣ, гиромидошти муқаддасоти миллӣ, тарғибу ташвиқи ҳунарҳои миллӣ ва суннатҳои неки аз ниёгон боқӣ монда, арҷгузорӣ ба фарҳангу тамаддуни оламшумули миллати тоҷик ва расидан ба қадри арзишҳои маънавии давлатдориамон ба ҳисоб меравад.

     Пешвои миллатамон ҳамеша мардуми кишварро ба гиромӣ доштани ғояи истиклолпарварӣ, пос доштани муқаддасоти он даъват намуда, мақом ва ҷойгоҳи истиқлолиятро ҳамчун "неъмати бе баҳои таърихӣ", "шарти ҳастиву бақои миллат", "кафили фардои дурахшон", "муқаддастарину азизтарин неъмат", "рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ", "нишонаи бақову пойдории давлат" ва "рӯйдоди бузурги таърихӣ" маънидод менамоянд.

   Бинобар ин, вазифаи пуршарафу боифтихор, масъулияти шаҳрвандӣ, рисолати инсонӣ ва қарзи соҳибватании мост, ки поя, асос, бунёд ва рукнҳои ис- тиқлолияти давлатиамонро боз ҳам пойдору мустаҳкамтар намо­ем ва ҷашни муқаддаси миллӣ 30 - солагии Истиқлолияти давлатии мамлакатамонро бо дастовардҳои арзанда ба таври шоиста истиқбол гирем.

 

Муҳаммадвалӣ

ШАҲИДУЛЛОЗОДА,

прокуроры ноҳияиРӯдакӣ

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ    

 

 

 

Дар ҳамоиши 126- уми Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Женеваи Швейсаркя риояти ҳуқуқҳои сиёсӣва мадании сокинони Тоҷикистон муҳокима гардид.


   Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Юсуф Раҳмон, про­куроригенералии Тоҷикистон дар ин ҳамоиш ширкат доштанд. Ба ин ҳайат Абдуҷаббор Сатторзода, раиси Бахши ҳуқуқи инсони Дастгоҳи Президент, Умед Бобозода, Ваколатдори ҳуқуқи инсон ва Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири адлияи Тоҷикистон шомиланд.

  Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ҳамоиши Ку­митаи ҳуқуқи башари СММ таъкид кард, ки Ҳукумат ҳамеша барои иҷрои тааҳудоти байналмилалиаш барои рио­яти ҳуқуқи инсон таваҷҷуҳи хоса дорад. Аз ҷумла, қонунҳо ба ҳар кас ҳақ медиҳад, пайрави ҳар гуна дин бошанд ва ё ба дине эътиқод надошта бошад. Ӯ гуфт, дар Тоҷикистон бештар аз 4 ҳазор иттиҳодияҳои динӣ ва бештар аз 70 созмони динӣ сабти ном шудааст. Вай дар мавриди иҷборан тарошидани риши мардҳо ва гирифтани ҳиҷоб аз сари занон дар Тоҷикистон гуфт, “дар Тоҷикистон ҳеҷ касеро маҷбур накардаанд, ки ришашро бигирад ва ё риш намонад ва гузоришҳо дар бораи аз сари занон кашидани ҳиҷоб асос надоранд”.

Аммо чунин гузоришҳо зиёданд ва чандин нафар гуфтаанд, ки милисаҳо ба онҳо амр додаанд, ки ришашонро бигиранд. Ҳамчунин, мақомот гуфтаанд, ки бо заноне, ки либоси динӣ мепӯшанд, корҳои "фаҳмондадиҳӣ" мегузаронанд.

Юсуф Раҳмон дар бораи мубориза бо шиканҷа суҳбат кард ва гуфт, ки ҳамаи ҳуқуқи муттаҳамон ҳангоми бозпурсӣриоя мешавад ва касе ҳақ надорад, бо муттаҳам бадрафторӣкунад. Вай вуҷуди мушкилот дар роҳи фаъолияти аҳзоби сиёсиро рад карда, гуфт, Ҳизби наҳзати исломиро барон он бастанд, ки дар ошӯби нофарҷом ба роҳбарии Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифоъ нақш дошт.Прокурори генералӣ хабар дод, ки дар Тоҷикистон самти мубориза бо ифротгаройӣ ва терроризм ду тарҳи қонун дар ин замина таҳия мешавад.

Дар ҳамин ҳол, масъулони Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал Ҳукумати Тоҷикистонро дар саркӯбии мухолифони давлат, махдуд сохтани озодии баён ва ҳуқуқҳои динй айбдор карданд. Фотин Пазартис, узви кумита гуфт, ки Ҳукумати Тоҷикистон на ҳамаи бандҳои Ахдномаи байналмилалии ҳукуқи маданӣ ва сиёси­ро риоят мекунад.

Марсиа Кран, намояндаи Кумитаи ҳукуқи башари Соз­мони Милал аз Канада гуфт, фасоду ришвахорӣ ба эътирофи худи мақомоти расмӣ дар Тоҷикистон амиқ реша давонидааст ва ба амнияти миллии кишвар тахдид мекунад. Ҳамчунин, вай хост, ки дойр ба ҷазо гирифтани онҳое омори расмӣ пешниход кунанд, ки барои табъиз дар заминаи нажодӣ, ҷинсӣ ва дигар ангезахо ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Марк Кран аз он изҳори нигаронӣ кард, ки дар Тоҷикистон табъизи ҳамҷинсгароён зиёд аст ва гуфт, ки "онҳо гузориш мегиранд, ки ин аккалиятхои ҷинсиро озор медиҳанд, бо онҳо бадрафторӣ мекунанд." Ӯ гуфт, мехоҳанд, мақомот ҷавоб бидиҳанд, ки барои монеъ шудан ба табъизи аккалиятҳои ҷинсӣ чи кор анҷом хоҳанд дод. Намояндагони Кумитаи ҳуқуқи башар мавзӯи маргу мири зиндониён ва сарбозони тоҷикро матраҳ карда, гуфтанд, гузориш гирифтааст, ки 19 сарбози тоҷик дар чанд соли гузашта дар артиш ҳалок шудаанд. Дар ҳамоиш масъалаҳои ошӯбҳои маргбор дар зиндонхои Хуҷанд ва Вахдат, бастани вебсайтҳо ва дастнорас кардани Интернету хадамоти мобил матраҳ шудааст. Аз ҳайати Тоҷикистон тақозо шуд, ки ин масоилро шарх бидиҳад. Юсуф Раҳмон дар бораи бастани вебсайтҳои хабарӣва ё маҳрум кардани мардум аз дастрасӣба онҳо посухи кӯтоҳе дод ва гуфт, агар чунин коре шуда бошад, пас бар асоси конун будааст ва ба ахдҳои байналмилалии Тоҷикистон мухолифат намекунад.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ    

 

 

 

23.04.2019  


   Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2000-ум то имрӯз 19 маротиба бо Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардуми кишвар оид ба масъалаҳои муҳими сол ва дурнамои соли минбаъда муроҷиат ва суханронӣ намудаанд.

   Чунин рӯйдод имрӯз дар ҳаёти кишвар ба як маъракаи мухими сиёсии давлатӣ мубаддал гардидааст.

  Мӯҳтавои Паём аз лиҳози сохтор самтҳову масъалаҳои гуногуни сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иҳгисодӣ ва соҳаҳои асосии ҳаёти кишварро дар бар мегирад. Боз ба таври ҷузъӣ назар намоем, он масъалаҳои маориф, тандурустӣ, ҷавонон, варзиш, занон, таълиму тарбия, мудофиа, сиёсата хориҷӣ, беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволӣ ва ғаӣраро дар бар мегирад. Аммо дар оғози Паём пеш аз баррасии вазъи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, вазъи мавҷудаи баӣналмилалӣ ба таври мухтасар баён мегардад.

   Зеро вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла давлатҳои исломӣ хеле муташанниҷ буда, таъсири он ба тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла давлата мо расидааст.

   Барои ба чунин ҳолат расидани мамлакатҳои ҷудогона ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террориста манфиатдор дониста мешаванд. Имрӯз олами ислом ба қатлу қитол, талаву тороҷ, ваҳшонияту даҳшат гирифтор шудааст ва аҷибтар аз ҳама он аст, ки тамоми корҳои ғаӣришаръӣ, балки аъмоли куфр аз номи дини мубини ислом анҷом дода мешавад.

   Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президента Чумхурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд, ки «Паёми имсола ба мақоми олии қонунгузори мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароита торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш паӣдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав-терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархурди манофеи қудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон вобаста ба ин, боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии саӣёра, инчунин шиддат гирифтани бӯҳрони молиявию иктисодӣ дар бисёр кишварҳои олам пешниҳод мегардад».

   Ҳамаи ин воқеияту рӯӣдодҳо ҳақиқатеро таъкид менамоянд, ки мушкилота аср ва тахдидҳои нав ба тамадцуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнията давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатго такдири тамоми ахди башарро ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд. Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот намуданд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, ҳамзамон як тахдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини саӣёра аст. Ин зухуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёху гаразноки сиёсӣ содир карда мешавад.

  Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд. Дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғаӣра мавзӯи асосӣ ба паӣвастани шахрвандон ба гурӯхҳои тундрав равона шудааст, ки ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад.

   Ба оташи андешаи ботили ин гуна шахсон аз «Давлатӣ исломӣ» capкарда, то толибону ҳизбҳои дигари ба номи «исломӣ» равғани бештар мерезанд. Хабари воқеаҳои рӯзҳои охир дар давлатҳои Туркия ва Австрия, ки дар нашрия ва саӣтҳои серхонандатарини ҷаҳонӣ паҳн гардид, ин андешаро дар зеҳни онҳое, ки исломро чун дини террористон мешиносанд, боз ҳам қавитар карду дини исломро боз ҳам бадномтар.

  Дар замони муосир сафи низомиёну ҷангиёни гурӯҳҳои террориста аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод меафзояд ва ба назар мерасад, ки дар тамоми кишварҳо ҳамин гуна наврасони ба доми фиреб афтода кам нестанд ва онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми роҳбаронашон қурбон мекунанд. Ба назар мерасад, ки ноогоҳӣ аз асолати фарҳанги исломӣ ва камсаводӣ ҳамчун мухдмтарин омили гумроҳшавии ин ҷавонон аст.

 Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест. Бароӣ он ки дани мубини ислом минбаъд ҳамчун манбаи зӯроварию фишор қаламдод карда нашавад, мо бояд ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем ва баҷои муқовимати тамаддунҳо гуфтугӯи тамаддунҳоро ба роҳ монем. То замоне, ки инсоният ба ҳамкорӣ ва гуфтугӯи судманд муваффақ нагардад, хатари терроризм ва ифротгароӣ боқӣ мемонад.

  Имрӯз Тоҷикисгон аз воқеаҳои ҷаҳони ислом бетараф буда наметавонад, зеро даргириҳои Шарқи Наздак ба ватани мо низ тахдид дорад. Душманони миллати тоҷик бо ҳар роху восита мехоҳанд фазоӣ ороми киншари моро халалдор намоянд, аз хориҷа истода тақцири тоҷиконро ҳал намоянд, тариқи телевизонҳои маҳворавӣ ва шабакаҳои интернета ба халқи азизи мо тахдид мекунанд, сиёсата пешгирифтаи ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулху субот ва тараққиёт равона шудааст, маврида интақом қарор медиҳанд ва мехоҳанд, ки ба воситаи қувваҳои дохилӣ, аз ҷумла баъзе ҳизбу ҳаракатҳои “исломӣ”-и ватанӣ, инчунин баъзе афроди ҷиноятпеша таблиғот бурда, ҷавонони ноогоҳро фиреб диҳанд ва онҳоро ба муқобили ватану миллати худ барангезанд.

 Террористону экстремистон, хоинону ватан фурӯшон ҷиҳод алаӣҳи кӣ эълон медоранд? Муқобили мусулмонон, муқобили калонсолону кӯдакон, ҳамдаёрону ҳамватанони худ. Вазифа меистад, ки шахсони масъул, шӯъбаю бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимията давлатӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, аминони маҳаллаҳо, зиёиён бояд ба мардум фаҳмонем, ки аз Худо битарсанд ва ба даъвати душманону хоинон бовар накунанд. Онҳое, ки аз хориҷи кишвар одамонро ба ҷиҳод ташвиқ мекунанд, дар асл хоинони миллат, ватанфурӯшони зархариданд, ки имрӯз аз Сурияву Ироқ фардо дар Амрикову Аврупо баромад мекунанд. Ҳамаи гуфторашон дурӯғ, кирдорашон фисқ ва замирашон пур аз нифоқ аст. Ба хотири пули ночиз ба Тоҷикистони азиз хиёнат карда, мехоҳанд одамонро ба вартаи ҳалокат афкананд.

   Дар ин давраи ҳассос мо бояд бениҳоят хушёр ва эҳтиёткор бошем. Ба наели ҷавон ва наврас тарзи ҳаёта содам, бидуни ҳар гуна ҷангу ваҳшониятро тарғибу ташвиқ созем. Таълиму тарбияро тавре ба роҳ монем, ки барои бекориву зоеъ рафтани вакта холӣ фурсат наёбанд.

   Бештар ба забон омӯзиву ҳунармандӣ ҷалб гарданд, то дар оянда тавонанд зиндагии шоиста дошта бошанд. Ҳаргиз ба даъватҳои бардурӯғи аҷнабиён бовар накунанд. Дар олами ислом ҳеҷ гуна ҷиҳод нест. Ҳама ншорҳое, ки аз номи ислом аз тарафи экстремистону террористон садо медиҳанд ва одамон, бахусус ҷавононро ба ҷиҳод ва барпо кардани хилофата исломӣ тарғиб менамоянд, дурӯғи маҳз аст.

   Мо бояд ба наврасону ҷавонон фахмонем, ки бояд муттахдд, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, тамоми кӯншшро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дасисаҳои душманон эмин нигаҳ дорем. Ба наели наврас ва ҷавон фаҳмонем, ки ҷиҳоди мо ҳифзу хдмояи ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, тарғиби некиву накӯкорист.

   Мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу вахдата миллӣ- Пешвои миллат, Президента Ҷумхурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон посбони сулху суботи кишвар мебошем.

   Ҳодисаҳои рӯзҳои аввали моҳи апрели соли 2017 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия рухдода яке аз амалҳои террористие мебошад, ки натанҳо кишвари Русия, балки тамоми ҷаҳонро ба ташвиш андохт. Махсусан мо, халқи тоҷик бешгар аз дигарон дар ташвиш афтодем. Зеро чандин ҳазор аҳолии чумхурии мо дар ин кишвар кору таҳсил мекунад. Ҷумхурии мо бо Федератсияи Русия ҳамеша муносибати хубу дӯстона доппу дорад.

   Мусибати ин кишвар мусибати мо ҳам ҳаст, зеро бо таъмини чандин оилаи тоҷик аз ин кишвар буда, барои осон кардани зисту зиндагӣ ва кору фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ бисер тадбирҳои судманд андешида мешавад. Ва ин амали террористие, ки дар яке аз метроҳои шаҳри Санкт-Петербург ба вуҷуд омад, амали номардонаву ғаӣриинсонӣ маҳсуб меёбад. Ифротгароӣ ва иғвоангезӣ дар тамоми давру замон ҳамчун падидаи ногувор ва номатлуб шинохта шуда, ҷомеаро ба оқибатҳои нохуш гирифтор месозад. Дар сиёсатшиносии муосир ин падидаро бешгар ба терроризму экстремизм нисбат медиҳанд.

   Дар ҳақиқат терроризм падидаи номатлуби замони муосир буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори мардум, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои маишиву фарогатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни накдиётӣ ба сифати гарав ва амсоли он дониста мешавад. Экстремизм бошад, хислати чудоихохӣ, ифротгароӣ ва игвоангезиро дар худ таҷассум намуда, бо терроризм алоқаи зич дорад. Бо ибораи дигар оқибати экстремизм терроризм аст. Вале ҷомеаи моро ҳамин матлаб кифоя аст, то ки бидонем ин ҳарду комилан хатари калони парокандагиву бесуботиро доро буда, оқибати басо нохуш ва нанговар доранд.

  Тоҷикистонро давлати ҷавонон ном бурдани Асосгузори сулху вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифодагари он аст, ки он кас ба кувваю иродаи ҷавонони кишвар итминони комил доранд ва хоҳони он ҳастанд, ки наели наврасу ҷавони кишвар ин рисолати худро сарбаландона иҷро намуда, аз паӣи омӯзишу тадқиқ бошанд.

   Зеро қабули Қонуни Чумхурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» ифодагари мақом ва таваҷҷӯхи хосаи роҳбарият ба ин табақаи ҷомеа аст.

  Пас аз қабул шудани ин санад яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Тоҷикистон сиёсати давлатии ҷавонон ташаккул ёфт ва тарбия намудани инсони комил дар руқияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, садоқату орият, бофарҳангиву маданиятнокӣ огоз гардад.

  Яке аз масъалаҳое, ки боиси нигаронии ҷомеаи кишвар гаштааст, коста шудани маърифату худогохди ҷавонон оид ба пос доштани таъриху фарҳанг, арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии миллӣ, ноогохӣ ва сатхн пасти маърифати ҷавонон мебошад, ки ин боиси гаравидани онҳо ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ, зиёд гаштани маӣли наврасону ҷавонон ба арзишҳои бегона мегардад.

   Дар замири ҷавонон ҳисси баланда миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу хунари муосир, ҷиддаяту меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонун ташаккул бояд ёфт.

   Онҳо дар оянда ҳамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати хеш Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда, рисолати таърихӣ ва эҳсоси масъулияти хешро дар баробари ниёгони гузашта, ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда амиқ дарк намоянд, ба хотири тақкими давлату-давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқпол, вахдати миллӣ, сулху субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватани азизамон тамоми нерӯи ақлониву ҷисмонии худро равона созанд.

Прокурори калони Шуъбаи қабули
шаҳрвандон ва баррасии муроҷиати онҳо
мушовири адлияи дараҷаи 1                                                          Абдуалимзода У.А.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ    

 

 

 

 Гузориши мухтасар аз Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Рӯдакӣ оид ба гурӯҳҳои экстремистиву терористӣ.  


    Дар санаи 22- юми феврали соли 2019 дар бинои ШВКД -1 ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки Раиси ноҳия Акрамзода Рустам, Прокурори ноҳия, мушовири адлияи давлатии дараҷаи III, Муҳаммадвалӣ Шаҳидуллозода, сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Икром Сафаров, сардорони ШВКД 1-2, Саидаҳмад Маҳмадҷонзода ва Абдусамад Ҳаким, раиси Суд Расулзода Нуриддин Ғафор, сардори нозироти андоз Одиназода Амирхон Икром, раисони шаҳраку ҷамоатҳо ва фаъолони ҷомеа ҷаласаи васеи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия Рӯдакӣ оид ба ҳолати шомилшавии сокинони ноҳия ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ баргузор гардид.

    Дар рафти чорабинӣ ва суханронии масъулони сохторҳои мақомоти қудратӣ дарк мегардид, ки воқеан ҳам таъсирҳои берунаи тарғиботии гурӯҳу ташкилот ва созмонҳои ифротгароӣ, бештар насли неруманду ояндасози ҷомеаи  ҷавононро ба доми фиреби худ афканда, ба ин васила ба тафаккури солими онҳо ҳаргуна ақида ва мақсадҳои хатарнокро ҷой кардани мешаванд.

    Зимни суханронии проку­рори ноҳия қайд гардид, ки давоми чанд соли охир бархе аз мамлакатҳои мусалмоннишин аз ҷониби доираҳои алоҳида ба майдони ҷанг табдил ёфта, инсонҳои зиёде аз номи дини ислом баромад намуда, ба амалҳои хунин даст мезананд, ки дар натиҷаи он ҳазорон одамони бегуноҳ қурбони ин омили манфӣ гардида, садҳо ҷойҳои ободу зебои ин маконҳо валангор гардидаанд. Дар асл, ислом динест кирдорҳои некию накукориро ҳимоят карда, дар зоти худ пок аст. Бузургии ӯ дар масири таърих ба арзишҳои миллию неъматҳои истиқлолияти халқу кишварҳои олам ҳифз гардида, онро на шамшери ғазовот, на тундгӯию қатл, балки ҳурмату эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои олии инсонӣ ва миллии халқу миллатҳои мухталиф, дини ҷаҳонӣ муаррифӣ намудааст.

    Имруз кишваримо Тоҷикистон дар баробари рушди иҷтимоиёту иқтисодиёт, пешравии илму техника ба мушкилотҳои мавҷудаи рӯз рӯ ба рӯ аст. Ҳузури фаъоли неруҳои тахрибкор, таблиғ ва паҳн намудани ғояҳои тундгароӣ, густариши хатарҳои экстремизму терроризм, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, коҳиши маънавии ҷомеа ва падидаҳои дигари номатлуб дар кишвари мо ҷой доранд. Таҷриба нишон медиҳад, ки ин қувваҳои тахрибкор баҳри расидан ба мақсадҳои нопоки худ, дар мадди аввал аз неруи ҷавонони маҳаллӣ истифода мебаранд. Зеро онҳо аз лиҳози рӯҳию равонӣ ҳанӯз ташаккул наёфтаандва афкори сиёсию иҷтимоии онҳо дар марҳилаи инкишоф қарор доранд. Яъне дар зиндагӣ таҷрибаи нокифоят дошта, зудбовар ҳастанд.

    Ҳарчанд барои пешгирӣ намудани ин падидаи номатлуб мақомотхри масъули давлатӣ чораҳои зарурӣ андешида истода бошанд ҳам, вале бетарафии ҷомеа дар ин самтбоиси қатъ нагардидани ин раванди номатлуб гардидааст.

    Намояндагони сохторҳои ҳифзу ҳуқуқ аз таҷриба ва мушоҳидаҳои худ бо далелҳо ба аҳли толор қисса намуда, иштирокдорони чорабинӣ боз бештар дарк намуданд, ки воқеан ҳам беэътиноӣ ва беназоратӣ дар муҳити хона вода ба фарзандон, метавонад боиси шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои зикргардида шавад.

   Бояд зикр кард, ки новобаста аз гузаронидани чорабинихри фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотӣ аз ҷониби сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ дар байни аҳолӣ, то ҳол шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии динӣ ва гурӯхҳои экстремистӣ, аз ҷумла, ба сафи ташкилоти террористии «Давлати Исломӣ», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Ансоруллоҳ», ҷараёни «Салафия», «Гурӯҳи 24» ва ғ. ба назар мерасад. Мавриди зикр аст, ки ҷалби бештари ҷавонони аз ҷиҳати дониши динӣ ноогоҳ ба гурӯҳҳои зикргардида, ба воситаи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ сурат мегирад яъне, роҳбарони ташкилотҳои мазкур тавас- сути васоити ахбори омма ва шабакаҳои интернетӣ баромад карда, мардумро барои бо роҳи зӯроварӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ даъват менамоянд.

    Қайд карда шуд, ки фаъо- лони ҷомеа, ки худ ҳар кадоме дар маҳаллу шаҳракҳо масъ- улияти ҷомеаро бар уҳда доранд, онҳо низ аз тахдиду хатарҳо, инчунин омилҳои зидди инсоният изҳори андеша карда, дар фаъолияти мин- баъдаи худ вазифадор гар- диданд, ки барои пешгирӣ аз шомилшавии баъзе ҷавонон, мубориза бурдан бар зидди хатарҳои олами имрӯз, саҳми созгори худро хоҳанд гузошт.

    Албатта, баргузории чунин чорабиниҳои маърифати- ҳуқуқӣ бо мардум ва намоян- дагони касбу кори гуногун, яке аз усулҳои мусоидаткунанда бар зидди терроризму экстре­мизм хоҳад буд.

     Бо мақсади ҳалли мушкилотҳои зикргардида, пешниҳод гардид, ки дар байни аҳолӣ чорабиниҳои гуногун, тарҳрезӣ ва амалӣ гардад.

    Ҳамчунин дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ дарсҳои тарбиявӣ доир ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ, ғояҳои зараровари экстремизм ва терроризм дар якҷоги бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва зиёиёни пешқадам гузаронида шавад. Аз ҷониби Бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, курсҳои омодагии пеш аз сафар гузаронида шуда, аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ, таҳлилгарони масъалаҳои сиёсӣ ва динӣ бо онҳо суҳбату вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шавад.

    Инчунин, аз тарафи имом- хатибони масҷидҳо ҳангоми баргузор кардани маросимҳои динӣ ва намозҳои ид миёни намозгузорон чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти дарк намудани моҳияти аслии дини Ислом (дар асоси мазҳаби ҳанафия) гузаронида шавад.

   Раиси ноҳия Акрамзода Рустам дар анҷоми Шӯро, оид ба пешгирӣ намудани омилҳои номатлуб баромад намуда, аз намояндагони тамоми ташки- лоту идораҳо, ки дар ҷаласа иштирок доштанд, ҳамчун шахсони масъул вазифадор намуд, ки ба кормандони худ мақсад ва моҳияти нақшаи кории Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи нох,ияро, ки дар як мавзӯи муҳими рӯз баррасӣ гардид, фаҳмонаид ва чораҳои зарурии фаврӣ андешанд.

   Ҳамчунин таъкид наму- данд, ки имрӯз мо мардуми шарифи Тоҷикистон соҳиби Истиқлолият ва Вахдати миллӣ буда, дар кишвари мо сулҳу субот ҳукмфармост. Аз ин ру хурду калон нисбати амну осоиштагии кишвар якдилона кору фаъолиятро ба роҳ монда, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз дастнадода, соҳибистиқлолии Ватани худро ҳифз намоем.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ    

 

 

 

 04.10.2017


  Чун ҳамагон огаҳӣ дорем, 27-уми июни соли 1997 дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон  ҳамчун яке аз санаҳои муборак ва тақдирсоз, яъне рӯзи баҳамоиву оштӣ ва эълони иттиҳоди ҷовидонаи миллати куҳанбунёди тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст ва мардуми шарифи тоҷик  ҳар  сол  фарорасии онро бо ифтихору  шодӣ ва шукӯҳу ҷалоли хосса ҷашн мегирад. Имрӯз бо қаноатмандиву ифтихор изҳор ме- дорем, ки ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ  тамоми талошу пайкори мо дар ҷодаи бунёди давлатдории миллӣ ва таҳкими пояҳои истиқлолият ба ҳамин матлабу мақсади олӣ, яъне таъмини ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми Тоҷикистон асос ёфта, дарки ягонагии сарнавишти таърихӣ ва ҳифзи асолати милливу фарҳангӣ дар маркази сиёсати давлату ҳукумати ҶТ қарор дорад.

Воқеан, иттиҳоди миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комё биҳо ва саодати рӯзгори мардум аз он ибтидо ме- гирад. Ваҳдат беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдати миллӣ барои ҳастии миллати бостонии мо дар баробари забони модарӣ ва дигар рукнҳои давлатдориамон нақши тақдирсоз дорад. Чи тавре ки дар хотир дорем, дарон рӯзҳо хатари пароканда шудани миллати тоҷик,пора гардидани он ва азбайн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон дарпешорӯи таърихи навинимо қарор гирифта буд.Хушбахтона, мардуми мо сари вақт барои ислоҳи ин иштибоҳи даҳшатноки миллаткуш тадбирҳо андешида, баъди музокироти сангину тӯлонии зиёда аз чорсола оқибат бо имзои санади тақдирсоз, яъне Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоити миллӣ дар Тоҷикистон раванди оштии миллӣ, ваҳдати саросарии мардуми худ ва сулҳу суботро барқарор  кард, ки имрӯз аз он айём 20  сол сипарӣ мегардад. Бист соли эҳёи миллӣ, бист соли баҳамоӣ, бист  соли  худсозӣ ва худшиносиву худогоҳӣ, бист соли сулҳу субот ва оромӣ ва муҳимтар аз ҳама, бист қадами устувор дар роҳи эъмори ҷомеаи озоди  шаҳрвандӣ, ки дар таърихи навини давлатдории мо бо ҳарфҳои заррин  сабт мегарданд. Имрӯз  мо бояд  сулҳу  субот ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ва сарвати бебаҳо ҳифз на моем, ба қадру манзалати истиқлолият ва давлатдории мустақилона расем, худро ҳамтақдир ва ҳаммароми миллати хеш донем ва аз неъмати бузурги Ватану ватандорӣ ифтихор намоем. Ҳифзи дастоварди нодир ва таърихии халқамон, яъне ваҳдати миллӣ вазифаи муҳимтарин ва аввалиндараҷаи тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.Мо бояд шукрона кунем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда ва сулҳу ваҳдати комил расидаем ва ҳоло таҷрибаи нодири сулҳи тоҷиконро созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои дунё меомӯзанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвоимиллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон дар арафаи иди Ваҳдати миллӣ гуфта буданд:

“Мову шумо бояд якнуқтаи бисёр муҳимро ҳамеша ва дар ҳама ҷой дар хотир дошта бошем, ки мо танҳо як Ватан, як сарзамини воҳиду муқад- дас дорем ва дар ҷаҳон моро  бо  номи давлату Ватани маҳбубамон Тоҷи-кистон мешиносанд ва эҳтиром мекунанд”.Албатта, имрӯз ба мо хуб маълум аст, ки миллатҳои мутамаддин, бахусус давлатҳои мусалмони арабӣ ба васоили ҷангҳои даҳшатнок ва харобиовар ҳамдигарро мекӯбанд, манзилҳои маскунӣ ва шаҳрҳоро вайрон месозанд, одамони бегуноҳро ба таври дастаҷамъӣ ба қатл мерасонанд. Тифлони маъсум ва занону пирамардонро қурбонӣ менамоянд, ҳазор-ҳазор нафарро бе ҳеҷ имконоте овораю  саргардон месозанд. Аз ин рӯ, Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт. Бинобар ин, ваҳдати миллиро бешубҳа метавон ҳамчун самараи талошҳои хурду бузурги Ватани азизамон маънидод кард ва маҳз ба ҳамин хотир, ҳар яки мо вазифадорем, ки онро мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдорӣ намоем.

 

Шарифзода Диёр СОҲИБНАЗАР

прокурори шуъбаи

таъминоти ҳуқуқӣ,

мониторинги қонунгузорӣ

ва маркази матбуоти

Прокуратураи генералии ҶТ,

мушовири адлияи дараҷаи 3

 Имрӯз миллати тоҷик дар арафаи 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии хеш қарор дорад. Истиқлолият ин падидаи давлатдорие мебошад, ки дар фазои он инсон озодана умр ба сар бурда, бо истифода аз ҳуқуқҳои худ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ҳуқуқи ширкат варзиданро дорад. 


  Зиндагиродар ҳар давлат бидуни Истиқлолияттасаввур кардан имконнопазир аст.Зиндагӣ ин худ озодии инсону истиқлоли уст. Ҳамин тавр, озодӣ ва Истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишони барҷастаи  симо ва шахсияти таърихӣ, кафили пешраф, рамзи асолату ҳувияти миллӣ ва шарти бақои таърихии миллат ва давлат мебошад. Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои  пайгиронаи  созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи  шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ, инчунин шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Тамоми сокинони кишвар имрӯз ифтихор доранд, ки бисту шаш сол қабл нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем. Ҳодисаву воқеаҳои пурошӯби ибтидои солҳои навадум водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем, ки ин ҳама як қисми таркибии сиёсати давлатии  мо  маҳсуб мешуд. Пас аз як соли эълони Истиқлолият, аниқтараш моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби  ноҳияи Б.Fафуров Иҷлосияи ХVI  Шӯрои Олии ҶТ ба арсаи сиёсат шахсиятеро баровард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ӯ иртиботи ҳамаҷониба доранд. Аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқ  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои тозаи идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Мо яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва неруҳои сарҳадиро таъсис дода, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлати худро таҳти назорати доимӣ гирифтем. Чунончи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони Истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории  муосири  миллӣ  мебошад, ки моҳиятан  шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад». Миллати азиятдидаи  тоҷик барои таҳкими истиқлолият, нигаҳдошти якпорчагии марзу бум, расидан ба сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ, интихоби роҳи рости рушду тараққиёт Конститутсияи мамлакатро қабул кард. Агар гӯем, ки аз ҳамон соли қабули Конститутсия,  яъне  соли 1994барои  ҶТ  марҳилаи  нави  инкишоффаро расид, хато нахоҳем кард.Зеро барои расидан ба сулҳи кулл ва Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама пояи қонунии фаъолияти ҳокимият зарур буд ва инро метавонист танҳо конститутсияи ҳаматарафа такмилёфта ва мутобиқ ба талаби замон таъмин намояд. Баробари ин якдилона пазируфтани Конститутсия аз ҷониби тамоми халқ нишони эътирофи Ҳукумати  қонуниро  дошт, ки акнун ду сол мешуд, бо сарварии фарзанди вафодори миллат Эмомалӣ Раҳмон барои аз варта берун овардани мамлакати дар ҷанги шаҳрвандӣ харобгардида фаъолияти шабонарӯзӣ мебурд. Кафолати зиндагии осуда ва хуррамуозодро барои халқ  ин ҳуҷҷати муҳим таъмин  менамояд. Асоси чунин зиндагӣ бошад, меҳнати софдилонаюбунёдкорона аст. Пас кафолати меҳнати озодона,  донишу ҳунаромӯзӣ, истироҳат ва табобат, саҳм гирифтандар пешрафти мамлакат барои ҳаршаҳрванд низ аз ҷониби давлат тавассути Конститутсия муайян гардидааст. Кафили Конститутсия бошад,Президенти ҶТ мебошад.Дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳони муосир дорад, таҳкими Истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии инсон барои натанҳо мардуми мо, балки тамоми инсоният мазмуни ҳаётан муҳим пайдо  мекунад. Зеро даҳсолаҳои охир пешрафти босуръати илму техника ва раванди  қувват гирифтаистодаи ҷаҳонишавӣ инсониятро ба муҳити комилан нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву  маънавӣ  гардидааст. Дар анҷом ҳаминро мехоҳам таъкид намоям, ки дар баробари соҳиб гардидани Истиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ вазифаи ҳар яки мо васеъ гардида, ба мо муяссар шуд, ки кишвари азизамон ба  сӯи ҷомеаи  демокративу  дунявӣ қадамҳои устувор гузорад. Ҳоло, ки ҶТ ҳамчун кишвари озод  эътироф шудааст, мо шаҳрвандони он бояд мисли ангуштони як даст, фарзандони як модар амал  намуда, дар бунёди Тоҷикистони навин саҳм бигузорему бо исми миллати худ ифтихор намоем. Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик  хушбахтист  ва  танҳо  бо роҳи ваҳдат ва меҳнати ҳалол метавонем  истиқлолияти худро ҳифз намоем ва ватани азизамонро ободу зебо гардонем. Ин ҳадафҳо танҳо ба воситаи илму дониш, ақлу заковат ва меҳнатдӯстӣ  муяссар  мегардад.  Аз  ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки ба қадри ин падидаи нодири таърихӣ расем зеро Истиқлолият  барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбӣ меоварад. Поянда бод Истиқлолияти давлатии тоҷикон!

 

 

Шарифзода Диёр СОҲИБНАЗАР

прокурори шуъбаи

таъминоти ҳуқуқӣ,

мониторинги қонунгузорӣ

ва маркази матбуоти

Прокуратураи генералии ҶТ,

мушовири адлияи дараҷаи 3

ПРОКУРАТУРА ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ


 Ташаккули мақомоти прокуратура ҳамчун ниҳоди мустақили давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таърихи давлатдории навини тоҷикон пайванди ногусастанӣ  дорад.

   Зеро, ки прокуратураи Тоҷикистон дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ  ҳамчун ниҳоди алоҳида  арзи вуҷуд дошта бошад ҳам, таъин ва озод намудани кадрҳои роҳбарикунанда ва муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти он аз ҷониби Прокуратураи генералии Иттиҳоди Шӯравӣ амалӣ мегардид.

   Ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мустақилияти пурраи прокуратураи Тоҷикистонро таъмин намуда, имкон дод, ки вазифаҳо ва самтҳои асосии  фаъолияти он бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ, вазъи  қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар кишвар муайян карда шаванд.

14 марти соли 1992 се санади ҳуқуқии барои прокуратураи тоҷик тақдирсоз қабул  гардид, ки заминаи ҳуқуқии ин мустақилият ва  ба мақомоти олии давлатии худи Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъу ҳисоботдиҳанда будани онро фароҳам оварданд.

   Аз ҷумла, дар ин рӯз ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағийрот ворид карда шуда,  мутобиқи он мансаби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Муқаррар карда шуд, ки Прокурори  генералӣ бо розигии Президенти мамлакат аз ҷониби Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуда, дар назди он масъул ва ҳисоботдиҳанда мебошад.

Ҳамон рӯз бо Қарори Шурои Олӣ аввалин Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Дар ҳамин сана бо Қарори Шурои Олии мамлакат лоиҳаи Қонун «Дар бораи Додситонии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар хониши аввал қабул гардид, ки он вазифаҳо, принсипҳои ташкил, фаъолият, низом, сохтор ва самтҳои асосии фаъолияти прокуратураи Тоҷикистонро муайян менамуд.

Бо дарназардошти аҳамияти ин  руйдодҳо  дар ҳаёти прокуратураи мамлакат 14 марти соли 1992 ҳамчун рӯзи таъсисёбии прокуратураи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳисобида шуда, 8 августи соли 2015 бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» санаи 14 март Иди касбии кормандони прокуратура эълон карда шудааст.

   Тули даврони Истиқлолият бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фаъолияти самараноки прокуратура заминаҳои устувори ҳуқуқӣ ташаккул дода, ҷои он дар низоми мақомоти давлатӣ муайян ва ваколатҳои он дақиқ карда шуданд. 

   29 январи соли 1994 бо Қарори Раёсати Шӯрои Олӣ сохтори мақомоти прокуратура дар ҳайати роҳбарият, 13 Раёсату шӯъбаҳои дастгоҳи марказӣ, 3 прокуратураи вилоятӣ, 15 прокуратураи шаҳрӣ ва 53 прокуратураи ноҳиявию махсусгардонидашуда бо шумораи умумии 630 корманд тасдиқ карда шуд.

   Минбаъд  он пайваста такмил дода шуда, як қатор раёсату шуъбаҳо, инчунин 20 прокуратураҳои нав,  аз ҷумла Сарпрокуратураи ҳарбӣ, прокуратураҳои ҳарбии гарнизонҳои Душанбе, Суғд, Кӯлоб, Қурғонтеппа, Хоруғ ва Рашт, Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон, прокуратураҳои нақлиёти Хатлон ва Суғд,  прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои  Балҷувон, Носири Хисрав, Сарбанд, Тоҷикобод, Сангвор, Роштқалъа, Табошар, Кӯҳистони Мастчоҳ, прокуратураҳои назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии вилоятҳои Суғду Хатлон таъсис дода шуданд.

   Дар ин раванд миқдори воҳидҳои кории  прокуратура ба 1085 нафар расонида шуд, ки ин потенсиали кории мақомотро дучанд зиёд намудааст.

Ҷиҳати баланд бардоштани тайёрии касбии кормандони мақомот бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 1994  Курсҳои такмили ихтисос ва баъдан Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомот таъсис дода шуда, моҳи августи соли 2015 он ба Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисос табдил дода шуд.

   Дар даврони Истиқлолият барои дар хориҷи кишвар баланд бардоштани ҷаҳонбинӣ ва таҷрибаи касбии кормандон имконият пайдо гардида, ҳар сол  то  50 нафар ва танҳо  дар давоми 3 соли охир зиёда аз 200 нафар кормандон бо ин мақсад ба кишварҳои хориҷӣ сафар намуданд.

    Дар ин давра музди меҳнати кормандон якчанд маротиба баланд бардошта шуда, барои фаъолияти самараноки онҳо тамоми шароитҳо муҳайё карда шудааст.

    Дар аксарияти шаҳру ноҳияҳо барои кормандон ҳуҷраҳои истиқоматии хизматӣ ҷудо карда шуда, 64 нафари онҳо бо манзили истиқоматӣ таъмин карда шудаанд.

    Айни ҳол дар ноҳияи Рашт бунёди бинои истиқоматии  12 ҳуҷрадор, дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе бинои 9 ошёнаи 52 ҳуҷрадор ва дар шаҳри Гулистон бошад, бинои истироҳатгоҳ барои кормандон дар арафаи анҷомёбист.

    Дар давраи  истиқлолият дар натиҷаи ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти давлат таъминоти прокуратура бо биноҳои маъмурӣ куллан беҳтар гардид.

Кормандони мақомот дар хотир доранд, ки солҳои пеш  баъзе прокуратураҳо, аз ҷумла Прокуратураи нақлиёт, ноҳияҳои Ховалинг, Шаҳристон, Рашт, Исфара, Шаҳринав ва ғайра дар биноҳои садамавӣ ва  баъзеашон дар  биноҳои дигар  мақомот ва  ҳатто дар манзилҳои истиқоматӣ  ҷойгир шуда буданд.

    Ҳоло бошад, барои ин прокуратураҳо биноҳои   замонавии бисёрошёна сохта шуда, дар маҷмӯъ   22 бинои нав бунёд  ва зиёда аз нисфи   биноҳои маъмурӣ азнавсозӣ карда шудаанд.

Танҳо дар давоми соли 2016 маблағгузории прокуратура  аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ  3,6 млн. сомонӣ ё 11%  зиёд карда шуда, музди меҳнати кормандон дар қатори дигар хизматчиёни давлатӣ  15 фоиз баланд бардошта шуд.

    Кормандони мақомот ҳамзамон бо воситаҳои нақлиёт, технологияи иттилоотӣ ва таҷҳизоти зарурии криминалистӣ пурра таъмин карда шудаанд.

Аз чунин дастгирию ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат мо доимо бархурдор буда, бо истифода аз ин фурсат ба роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  миннатдории самимонаи худро   изҳор  менамоем.

   Кормандони мақомот дар душвортарин лаҳзаҳои таърихи давлатдории навин садоқати худро ба  Ватан, арзишҳои миллӣ ва рисолати конститутсионии худ собит намудаанд.

Ҳамагон дар хотир доранд, ки ҳанӯз дар оғози даврони Истиқлолият дар натиҷаи дасисабозиҳои душманони дохилию хориҷӣ кишвари мо ба коми ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуда, хатари аз  даст рафтани  давлатдорӣ ба миён омада буд.

    Куштори мардуми бегуноҳ, тарафдорони сохти конститутсионӣ, арбобони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, роҳзанӣ ва ғоратгарӣ ба авҷи аъло расида, гуруҳҳои силоҳбадаст  минтақаҳои кишварро байни  худ тақсим  карда буданд.  Фаъолияти мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла прокуратура  тамоман фалаҷ гардида,  амнияти  кормандон на дар ҷои кор ва на дар ҷои зист таъмин набуд.

     24 августи соли 1992 ҷинояткорон аввалин Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодравон Нурулло Ҳувайдуллоев  ва ронандаи ӯро  ба қатл расонида буданд.

     Шаби 22 октябри соли 1992  бошад, шахсони мусаллаҳ ба утоқи кории прокурори онвақтаи шаҳри Душанбе, баъдан Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шодравон Саломиддин Шаропов ҳамла намуданд.  Ҷинояткорон ӯро наёфта,  қабулгоҳ  ва утоқи кории прокурори шаҳрро тирборон карда буданд.

    Хушбахтона, баъди дар Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олии Тоҷикистон  таъсис ёфтан ва ба шаҳри Душанбе омадани  Ҳукумати қонунӣ  вазъият ранги дигар гирифт. Дар муддати кутоҳ фаъолияти мақомоти давлатӣ барқарор карда шуда, кормандон ба ҷойҳои кории худ баргашта, муборизаи оштинопазирро бо гуруҳҳои ҷинояткор  оғоз намуданд.

   Яке аз талабҳои Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам   Эмомалӣ Раҳмон аз Прокурори генералӣ он буд, ки ҳодисаи ғасби ҳокимият бо роҳи табаддулоти давлатӣ, кушторҳои ходимони давлатӣ, шаҳрвандон ва дигар ҷиноятҳои дар ин давра содиршуда пурра ва ҳаматарафа тафтиш карда шуда, гунаҳгорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. 

    Бо ин мақсад дар назди Прокуратураи генералӣ  Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба тафтиши ҷиноятҳои  дар ин давра содиршуда иборат аз 35 гуруҳи фаврӣ - тафтишотӣ  дар ҳайати 250 нафар кормандони  мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ ва амнияти миллӣ таъсис дода шуд.

    Аз ҷониби Ситод садҳо ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, аз ҷумла актҳои террористӣ нисбати чеҳраҳои намоёни давлатию ҷамъиятӣ - ректори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, профессор Исҳоқӣ, аъзо корреспонденти Академили илмҳои Тоҷикистон, профессор Ғуломов М.Ғ, раиси ҷамъияти «Пайванд», профессор М. Осимӣ,  хизматчиёни ҳарбии Федератсияи Россия  ва ғайра, ки аз ҷониби  гуруҳҳои ҷинояткори Раҳмон Сангинов, Мансур Муаккалов, Ризвон Садиров ва дигарон содир шуда буданд, мавриди пайгирӣ ва тафтиш қарор дода шуданд.

    Дар натиҷаи чорабиниҳои муштараки прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳодисаи табаддулоти давлатии соли 1992,  исёни мусаллаҳона таҳти роҳбарии  Маҳмуд Худоёбердиев (соли 1997), сӯиқасд ба табаддулоти давлатӣ таҳти роҳбарии А. Абдуллоҷонов А. ва М. Худойбердиев (соли 1998),  Мирзо Зиёев, М. Кабирӣ ва А. Назарзода, ки  дастовардҳои даврони Истиқлолият ва тамомияти арзии  кишварро таҳти хатар гузошта буданд, бартараф карда шуда, ҷинояткорон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

     Иҷрои ин вазифаҳо дар шароити озодона амал кардани гуруҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ хеле душвор ва хатарнок  буда, чандин нафар ҳамкорони мо дар мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини волоияти қонун ҷони худро фидо намуданд.

     Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  хидматҳои кормандони мақомоти прокуратураро дар назди давлат ва миллат борҳо қайд кардаанд.

     Аз ҷумла, 24 декабри соли 2004 дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба солгарди прокуратура Президенти кишвар изҳор доштанд, ки «кормандони прокуратура ҳанӯз аз ибтидои таъсисёбии он ба шароити вазнини сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии он солҳо нигоҳ накарда, вазифаҳои хизматии худро бо ҳисси баланди масъулият, кордонӣ ва садоқат ба  халқу Ватан иҷро карда меоянд».

   Ин суханони роҳбари давлат барои ҳар кадоми мо мояи ифтихор ва сарбаландӣ буда, моро ба боз ҳам бештар тақвият додани самаранокии  фаъолият дар ҳама самтҳои назорати прокурорӣ ҳидоят менамоянд.

   Кормандони прокуратура имрӯзҳо низ дар ҳифзи волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои давлат, ҷомеа ва шаҳрвандон шабу рӯз заҳмат мекашанд.

    Барои хизматҳои арзанда дар таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва мубориза бо ҷинояткорӣ аз соли 1993  то инҷониб 62 нафар кормандони мақомот ба рутбаи олии дараҷавӣ  ва зиёда  аз 200 нафар бо мукофотҳои давлатӣ  ва унвонҳои фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда шуданд.

    Боиси ифтихор аст, ки тӯли чанд соли охир 25 нафар кормандони мо ба вазифаҳои баланди давлатӣ дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Маҷлиси Олӣ ва вазорату идораҳо тайин ва интихоб гардидаанд.

   Мо кормандони прокуратура дар оянда низ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ намуда, баҳри пешрафт, рушд ва инкишофи Ватани маҳбубамон саҳми боз ҳам бештар хоҳем гузошт.

       

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

генерал- лейтенанти адлия    Ю.А. Раҳмон

 28.09.2017


4-уми августи соли равон дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суѓд бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷавонони пешсаф» (шаҳри Панҷакент), дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафоратхонаи ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Тақвияти ҳамкориҳо дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ҳаракатҳои ифротгароӣ»  баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии кишвар, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти судӣ, сохтори шаҳрии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони масъули Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, инчунин симоҳои намоёни кишвар, чун Маърифат Шокирова, Додарбек Сайдалиев  ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ба кори мизи мудаввар роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Ҷавонони пешсаф» Малика Додоева ҳусни оѓоз бахшида, қайд намуд, ки ташкилоти мазкур чанд соли охир бо зуҳуроти номатлуби ҷомеа, чун зӯроварӣ дар оила ва ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро корҳои муайянеро анҷом додааст.

Ҳамоҳангсози реформаи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Шодмонзода Фарҳод дар суханронии худ ба  сабабҳои асосии зӯроварӣ дар оила ва ба равияҳои тундгаро гаравидани ҷавонон дахл намуда, роҳҳои ҳалли ин мушкилотро баён намуд. Иброз гардид, ки яке аз сабабҳои асосии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ бесаводии динӣ ва дунявии онҳо буда, бозомӯзии онҳо барои пешгирӣ намудани амалҳои зикршудаи номатлуб мусоидат хоҳад кард.

Намояндаи Прокуратураи генералӣ Рауфов Ф. зикр намуд, ки имрӯз ҷабрдидаи зӯроварӣ дар оила на танҳо занҳо мебошанд. Дар баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳодисаҳое ба қайд гирифта шудаанд, ки маҳз ба сабаби зӯроварии занҳо дар оила мардон даст ба худкушӣ задаанд. Дар соли 2016 ва нимсолаи аввали соли 2017  аз шумораи умумии шахсоне, ки даст ба худкушӣ ва суиқасд ба он ниҳодаанд, 55 %-ро мардҳо ва 45 %-ро занҳо ташкил медиҳанд. Дар ин самт бояд тадқиқоти зарурии сотсиологӣ гузаронида шуда, сабаби сол то сол афзоиш ёфтани худкушии мардҳо дақиқ муайян карда шавад. Ҳамчунин ба алоқамандии ақидаҳои экстремистӣ (ифротгароӣ) ба зӯроварӣ дар оила ишора карда шуд. Таъкид гардид, ки баъзе мардҳо ҳамсарони худро ба риояи расму таомули динӣ, аз ҷумла тарзи муайяни либоспӯшӣ маҷбур намуда, ба ин васила ба як қатор ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии онҳо таарруз менамоянд.          

Ба иштирокчиёни мизи мудаввар, инчунин сокинони ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералӣ драма таҳти унвони «Ҳаёт як бор дода мешавад…» (муаллифи сенария Малика Додоева) намоиш дода шуд. Драма ба мавзӯъҳои баррасикунандаи мизи мудаввар робита дошта, роҳҳои бартараф намудани монеаҳои ҳаётӣ ва ҳалли мушкилоти дар ин самт мавҷударо пешниҳод намудааст. Тамошои драма ба бинандагони он таассуроти муфид бахшид.      

          Дар рафти мизи мудаввар як қатор тавсияҳои судманд ҷиҳати пешгирӣ намудани зӯроварӣ дар оила ва ҷалб гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро баён гардиданд, ки онҳо дар зер оварда мешаванд:

-         сатҳи дониши динии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва экстремизм масъуланд, ҳанӯз нокифоя мебошад. Аз ин рӯ, бояд кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, алалхусус онҳое, ки бевосита фаъолияти зиддитеррористӣ ва зиддиэкстремистӣ мебаранд, бо донишҳои динӣ низ мусаллаҳ бошанд, то амалҳои экстремистии гурӯҳҳои тундгароро саривақт айният кунонида, бо он мубориза бурда тавонанд;

-         намояндагони муассисаҳои динӣ, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ фаъолият мекунанд, ҷиҳати маҳкум намудани амалҳои экстремистӣ-террористӣ ва ноҳақ баровардани ақидаҳои онҳо ба дараҷаи зарурӣ фаъол нестанд. Аз ин рӯ, бояд дар ин самт низ кор таҳким бахшида шуда, фаъолияти онҳо ҷиҳати бо истифодаи далелу бурҳони динӣ ноҳақ баровардани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва террористӣ тақвият бахшида шавад; 

-         яке аз сабабҳои ҷалб гардидани наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро бекорӣ мебошад. Аз ин рӯ, бояд наврасон ба гурӯҳҳои ихтиёрӣ (волонтерӣ) оид ба иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ шомил карда шаванд, то ин ки вақти холӣ надошта бошанд;

-   зӯроварӣ дар оила, чун қоида, боиси оқибатҳои ногувор, аз ҷумла худкушии занҳо мешавад. Яке аз роҳҳои пешгирӣ намудани чунин амалҳо, ин пурзӯр намудани фаъолияти хадамоти равоншиносӣ мебошад, ки мутаассифона он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дараҷаи зарурӣ рушд накардааст. Аз ин рӯ, бояд дар самти рушд додани соҳаи равоншиносӣ чораҳои муассир андешида шавад. Алалхусус, як шохаи он, ки равоншиносии оилавӣ (семейная психология) ба рушду такомул ниёзи бештар дорад;

-   чандин ҳолатҳое мавҷуданд, ки зӯроварӣ дар оила дар заминаи рӯҳияи носолим ва бемории рӯҳӣ рӯй медиҳад. Аз ин рӯ, бояд иҷрои дахлдори Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи равонпизишкӣ» таъмин карда шуда, муассисаҳои тиббӣ ва тамоми аҳли ҷомеа дар муайян намудани беморони рӯҳӣ ва бо табобат фаро гирифтани онҳо фаъол бошанд;

-   абаби дигари зӯроварӣ дар оила –ин паст будани вазъи моддӣ мебошад. Аксарияти занҳо дар деҳот ва ҳатто шаҳрҳо хонашин буда, дар ѓанӣ гардонидани буҷети оила саҳм надоранд. Аз ин рӯ, бояд бо касбомӯзии занҳо, бо зинаи сеюми таҳсил фаро гирифтани онҳо, саҳми онҳо дар беҳтар намудани вазъияти моддии оила беҳтар карда шавад. Ҳамчунин, бо таъмини риояи дахлдори Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронидани ҷашну маросимҳо камхарҷ карда шавад. Дар ин сурат шиддатнокии нозарури психологӣ низ дар оила паст шуда, мувозинаи рӯҳию равонӣ барқарор мегардад.                    

-   сабаби дигари носозиҳо ва мувофиқан ба ин зӯроварӣ дар оила ин ба назар нагирифтани сатҳи моддию фарҳангии оилаи дигар ҳангоми интихоби ҳамсар мебошад. Яъне, баъзан оилаи зиёӣ бо оилаи камбизоат, ё сарватманди камсавод, ки аз ҷиҳати инкишофи фарҳангӣ дар зинаи паст қарор дорад, қудо мешавад, ҳол он ки манфиатҳои моддию фарҳангии онҳо аз якдигар куллан фарқ мекунад. Ё худ, келини миёнаҳол, ё камбаѓал, ки ба оилаи сарватманд меафтад, баъзан таънасори шавҳару хушовандони ӯ мешавад. Аз ин рӯ, бояд ҳангоми интихоби ҳамсар мувофиқати моддӣ ва алалхусус маънавию фарҳангии байни оилаҳои қудошаванда ба инобат гирифта шавад.

-  яке аз сарчашмаҳои зӯроварӣ дар оила ва худкушиҳо, чун қоида, маскун намудани шаҳрвандон бо ҳалномаҳои судӣ мебошад. Азбаски маскун намудани зан ба манзили собиқ шавҳараш ба зиддияти муносибатҳои байни зан ва шавҳару хешовандони ӯ оварда мерасонад, бояд роҳҳои нармтари ҳалли ин мушкилот ҷустуҷӯкарда шавад. Яке аз роҳҳои ҳалли ин мушкилот бастани аҳдномаи никоҳ мебошад, ки мутобиқи он шавҳар вазифадор мешавад, ки дар сурати қатъ гардидани никоҳ ӯ ба ҳамсараш манзили истиқоматӣ харида диҳад. Аксаран ба он назаранд, ки аҳдномаи никоҳ аз Аврупо ба мо омадааст. Аммо, факти таърихии зерин ѓалат будани ин ақидаҳоро исбот мекунад:

Ҳанӯз соли 1932 аз ҷониби бостоншиносон дар ѓори Муѓи  ноҳияи Айнии вилояти Суѓд як Аҳдномаи никоҳи даврони зардуштӣ дарёфт шуд. Маълум гардид, ки он дар асри 8-и милодӣ, яъне 25-уми марти соли 710 байни ашрофи турк Оттегин ва духтараки суѓдӣ Дуѓдѓунча баста шудааст. Он аксари талаботи имрӯзаи қонунгузориро марбут ба бастани аҳдномаи никоҳ дарбар гирифта, як қатор мафҳумҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла, талофии зарар, моликият ва меросро дарбар гирифтааст. Аз ҷумла, он Оттегинро уҳдадор намудааст, ки ба Дуѓдѓунча ҷавоҳирот ва дигар лавозимоти ороишии занона харидорӣ намояд. Ин Аҳднома низ гувоҳи қадри баланди зани тоҷик мебошад.   

- Мувофиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”  зӯроварӣ дар оила – ин кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, рӯҳӣ, шаҳвонӣ ё иқтисодӣмебошад, ки дар доираи муносибатҳои оилавӣ аз ҷониби як узви оила нисбат ба дигар узви оила содир шуда, боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, расонидани дарди ҷисмонӣ ё зарар ба саломатии ӯ мегардад ё таҳдиди расонидани чунин зарарро ба вуҷуд меорад. Аммо, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ асосан ба зӯроварии ҷисмонӣ ва шаҳвонӣ таваҷҷуҳ намуда, зӯроварии рӯҳӣ ва иқтисодӣ, чун қоида, беҷазо мемонад. Аз ин рӯ, бояд механизмҳои қавитари эътино ба зӯроварии рӯҳӣ ва иқтисодӣ таҳия гардад.

      Фикр мекунам, ки мизи мудаввар ва тавсияҳои дар он баёнгашта барои равшан кардани чандин масъалаҳои мубрам, печида ва ҳалталаби ҷомеаи имрӯза, ки ниёз ба тадқиқ ва таваҷҷӯҳи табақаи пешқадами зиёиён ва кормандони илмию амалӣ дорад, баҳри ҳимояи оила, зан ва кӯдак, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ҷалб гардидани ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро мусоидат хоҳад кард.      

 

 ин мақола қаблан дар ҳафтаномаи “Қонун ва ҷомеа”, № 31 (432) аз 10.08.2017 сол ба табъ расидааст)

 

Фаррух Рауфов

муовини сардори Раёсати назорати

тафтишоти пешакӣ дар мақомоти

прокуратура, мушовири адлияи

дараҷаи 1

 (бахшида ба 90-солагии Мутеулло Наҷмиддинов)


12-уми сентябри соли равон  журналист ва нависандаи тавонои тоҷик, зиндаёд Мутеулло Наҷмиддинов (1927-2002) 90-сола мешавад. Хонанда Мутеулло Наҷмиддиновро аз рӯйи асарҳои ҷолиб ва ҳақиқатнигоронаи ӯ «Дарё маҷрои нав меҷӯяд»,  «Ширмоҳ», «Бозгашт», «Пайраҳаи шинос», очеркҳои Якраҳа», «Вафо ба аҳд нишонаи ҷавонмардист» ва ғайра мешиносад.

     Ин марди наҷиб барвақт аз падараш ятим монда, азобу гуруснагии замони Ҷанги Бузурги Ватаниро кашидааст. Мавсуф дар деҳаи Варзики ноҳияи Чусти вилояти Намангон таваллуд шуда, аз соли 1948 ба шаҳри Душанбе омада, ҳаёту фаъолияти худро чун рӯзноманигор, муҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», мудири шуъбаи нашриёти «Ирфон» ва дигар вазифаҳои масъул ба роҳ монда, ҳамзамон ба сифати нависанда қаламкашӣ намудааст. Ӯ соли 1968 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта мешавад. Асарҳои ӯ ба забонҳои русӣ, руминӣ, украинӣ, эстонӣ, қазоқӣ ва қирғизӣ тарҷума ва нашр гардидаанд. Худи ӯ низ тарҷумони чирадаст буда, асарҳои К.Волф, Ю.Ритхеу, Ш.Рашидов ва дигаронро аз забони русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Дорандаимедали «Барои хизмати шоён», Ифтихорномаҳои Шӯрои Олии Тоҷикистон, Шӯрои Олии Ӯзбекистон, медали нуқраи Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи ИҶШС мебошад. Оид ба фаъолияти эҷодии ӯ чун нависанда олимони ҷавон Ҷамила Раҳимова (соли 2010), Баҳодур Шодиев (соли 2012) ва дигарон  рисолаҳои илмӣ навиштаанд. 2 апрели соли 2002 Мутеулло Наҷмиддинов ин ҷаҳонро падруд гуфтааст.

   «Дарё маҷрои нав меҷӯяд» яке аз асарҳои беҳтарини Мутеулло Наҷмиддинов мебошад. Мутолиаи ин повести аҷибу наҷиби нависандаро ба итмом расонида, бори дигар пеши назарам симои қаҳрамонони мусбати асар Карима Сангинова, Абдулло Ҳамзаалиев, Тӯлаган-полвон, Роҳат-хола, Комилҷон, Саодат, Муҳаммадиев, Верёвкин ва қаҳрамонони манфии он Қудрат Бободӯстов, Ҳамдамов, Низом, Нозим, Ҳоҷихон Тӯра ва дигарон зинда гардиданд.

     Як хусусияти аҷиби ин асари М.Наҷмиддинов дар он аст, ки ҳолати рӯҳии қаҳрамонони он бисёр ҳассос тасвир шудааст. Карима Сангиновае, ки нависандаи асар кӯшидааст аз ӯ персонажи мусбат офарад, дар баъзе лаҳзаҳо персонажи манфӣ мешавад. Алалхусус, вақте ки ӯ бо Ҳамзаалиев дар хонаи худ танҳо нишаста, майнӯшӣ мекунад ва лаҳзае, ки Ҳамзаалиев албоми оилавии ӯро аз назар мегузаронад ва ӯ бо нозу истиғно расми худро, ки дар пляжи баҳрӣ нимурён тасвир ёфта буд, пӯшонданӣ мешавад, вай дар чашми хонанда аз зани матинродаи покдоман, ки барои ҳифзи иффати худ аз Қаҳҳор барин каси нопок, ҷони худро ба вартаи хатар андохта, дар тундбод тарки мошин намуда, бо гургон рӯбарӯ шуда буд, ба зани касифахлоқе, ки барои ӯ айши яксоата беҳтар аз ҳама иффати инсонист, табдил меёбад. Вақте ки шавҳараш ӯро бо Ҳамзаалиев ҳамоғӯш дармеёбад, Карима бо ҳазёни зиёд дили шавҳарро бештар аз худ сард намуда, пас аз рафтани шавҳараш ба хонаи Ҳамзаалиев, ки то рафтани шавҳари Карима баромада рафта буд, меояд ва шабро бо ӯ, ки то ин вақт онҳо ягон муносибати ошиқона надошта, танҳо дӯсти якдигар буданд, гузаронида, тани худро нопок месозад.  Ва аз ҳама аҷиб, на бо амри дил, балки дар натиҷаи исрори «райком»  ба назди шавҳари худ бармегардад.

      Образи Бободӯстов низ аҷиб аст. Мавсуф барои мардум хизмати зиёд кардаву заҳмати беш  кашида, минбаъд ба шахси дасту дилаш нопок, ҳарис табдил меёбад. Аммо пеш аз марг ӯ ба персонажи мусбат табдил ёфта, “Волга”-ашро, ки аз давлат барои хизматҳои арзандааш мукофот гирифта буд, ба совхоз мебахшад.   

      Забони асар салису равон аст. Вожаҳои зебои мардумии “борони мӯяк”, “нуқсони ҷибиллӣ”, “илҳоми ғайбӣ”, “ҷонсӯзона”, “бахмалтан”, “пешгаҳ”, “пойгаҳ”, “устувонашакл”, “овози дупӯста”, “сарочаи дил” ва ғайра корбаст  шуда, ба ҳусни асар ҳусн афзудаанд. Бамаврид истифодаи зарбулмасалҳои маъмули тоҷикӣ низ яке аз муваффақиятҳои асар мебошад.          

      Адиби шӯравӣ Юрий Олеша (1899-1960) нависандагонро “муҳандисони рӯҳи инсон” номида буд. Мутеулло Наҷммиддинов низ “муҳандиси воқеии рӯҳи инсон” буданд. Агар ниҳодҳои дахлдор дар мавриди нашр намудани куллиёти ин адиби хушсухан тасмим мегирифтанд, кори хубе мешуд.  Рӯҳи ин нависандаи мумтоз шод бод.

   

(ин мақола қаблан дарҳафтаномаи “Тоҷикистон”, № 35 (1233) аз 30.08.2017 сол ба табъ расидааст).   

 

Фаррух Рауфов

муовини сардори Раёсати назорати

тафтишоти пешакӣ дар мақомоти

прокуратура, мушовири адлияи

дараҷаи 1

 АРЗИШҲОИ ЗАМОНИ ШӮРАВӢ ДАР ҚОЛАБИ ҶОМЕАИ ИМРӮЗА Ё ХУД, МАҶРОИ НАВИ ДАРЁ


  Оғози сухан: 12-уми сентябри соли равон  журналист ва нависандаи тавонои тоҷик, зиндаёд Мутеулло Наҷмиддинов (1927-2002) 90-сола мешавад. Хонандаи тоҷик зодаи деҳаи Варзики ноҳияи Чусти вилояти Намангон  Мутеулло Наҷмиддиновро аз рӯйи асарҳои ҷолиб ва ҳақиқатнигоронаи ӯ «Дарё маҷрои нав меҷӯяд»,  «Ширмоҳ», «Бозгашт», «Пайраҳаи шинос», очеркҳои Якраҳа», «Вафо ба аҳд нишонаи ҷавонмардист» ва ғайра мешиносад. Ин марди наҷиб барвақт аз падараш ятим монда, азобу гуруснагии замони Ҷанги Бузурги Ватаниро кашидааст. Мавсуф аз соли 1948 ба шаҳри Душанбе омада, ҳаёту фаъолияти худро чун рӯзноманигор, муҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», мудири шуъбаи нашриёти «Ирфон» ва дигар вазифаҳои масъул ба роҳ монда, ҳамзамон ба сифати нависанда қаламкашӣ намудааст. Ӯ соли 1968 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст. Асарҳои ӯ ба забонҳои русӣ, руминӣ, украинӣ, экстонӣ, қазоқӣ ва қирғизӣ тарҷума ва нашр гардидаанд. Худи ӯ низ тарҷумони чирадаст буда, асарҳои К.Волф, Ю.Ритхеу, Ш.Рашидов ва дигаронро аз забони русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Дорандаимедали «Барои хизмати шоён», Ифтихорномаҳои Шӯрои Олии Тоҷикистон, Шӯрои Олии Ӯзбекистон, медали нуқраи Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи ИҶШС мебошад. Оид ба фаъолияти эҷодии ӯ чун нависанда олимони ҷавон Ҷамила Раҳимова (соли 2010), Баҳодур Шодиев (соли 2012) ва дигарон  рисолаҳои илмӣ навиштаанд. 2 апрели соли 2002 Мутеулло Наҷмиддинов ин ҷаҳонро падруд гуфтааст.

 

«Дарё маҷрои нав меҷӯяд».

      Мутолиаи саҳифаи охирини ин повести аҷибу наҷиби Устод Мутеулло Наҷмиддиновро ба итмом расонида, бо талаффузи калимаи «Тамом», ки бо он асар хотима меёбад, муқоваи китобро пӯшидам. Бори дигар пеши назарам симои қаҳрамонони мусбати асар Карима Сангинова, Абдулло Ҳамзаалиев, Тӯлаган-полвон, Роҳат-хола, Комилҷон, Саодат, Муҳаммадиев, Верёвкин ва қаҳрамонони манфии он Қудрат Бободӯстов, Ҳамдамов, Низом, Нозим, Ҳоҷихон Тӯра ва дигарон зинда гардиданд.

       Як хусусияти аҷиби ин асари Мутеулло Наҷмиддинов дар он аст, ки қаҳрамонони он ҳамеша дар як нақш–мусбат ё манфӣ нестанд. Карима Сангиновае, ки нависандаи асар кӯшидааст аз ӯ персонажи мусбат офарад, дар қолаби ҷомеаи имрӯза дар баъзе лаҳзаҳо персонажи комилан манфӣ мешавад. Алалхусус, вақте ки ӯ бо Ҳамзаалиев дар хонаи худ танҳо нишаста, майнӯшӣ мекунад ва лаҳзае, ки Ҳамзаалиев албоми оилавии ӯро аз назар мегузаронад ва бо нозу истиғно расми худро, ки дар пляжи баҳрӣ нимурён тасвир ёфта буд, пӯшонданӣ мешавад, вай дар чашми хонанда аз зани матинродаи покдоман, ки барои ҳифзи иффати худ аз Қаҳҳор барин каси нопок, ҷони худро ба вартаи хатар андохта, дар тундбод тарки мошин намуда, бо гургон рӯбарӯ шуда буд, ба зани касифахлоқе, ки барои ӯ айши яксоата беҳтар аз ҳама иффати инсонист, табдил меёбад. Вақте ки шавҳараш ӯро бо Ҳамзаалиев ҳамоғӯш дармеёбад, Карима бо ҳазёни зиёд дили шавҳарро бештар аз худ сард намуда, пас аз рафтани шавҳараш ба хонаи Ҳамзаалиев, ки то рафтани шавҳари Карима баромада рафта буд, меояд ва шабро бо Ҳамзаалиев, ки то ин вақт онҳо ягон муносибати ошиқона надошта, танҳо дӯсти якдигар буданд, гузаронида, тани худро нопок месозад.  Ва аз ҳама аҷиб, на бо амри дил, балки дар натиҷаи исрори модар ва талаби «райком»  Карима ба назди шавҳари худ бармегардад. Ҳамин кароҳат нисбати Карима то охир боқӣ мемонад ва он нисбати шавҳараш Муҳиб низ паҳн мешавад. Шояд дар замони шӯравӣ нимурён гаштани зани тоҷик, май нӯшидани ӯ таҳаммул мегардиду хиёнати ӯ, новобаста аз он ки вай ҷавоби хиёнати шавҳар аст, ё хиёнати боташаббуси худ, бахшида мешуд, аммо дар ҷомеаи имрӯза нисбати зани тоҷик назар мардум дигар буда, симои имрӯзаи зани тоҷик боиффаттар аст. Муҳиб, ки бо чашми худ бадахлоқии занро дида буд, боз муросо намуда, ба оила баргашт.  

     Аммо кӯшишҳои муаллиф дар хусуси баланд бардоштани нақши Карима ҳамчун зани тоҷик барабас нарафтаанд. Ин навиштаҳо пас аз даҳсолаҳо дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 таҳти № 5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ифодаи амалии худро пайдо намуданд.

       Нақши Бободӯстов низ аҷиб аст. Мавсуф барои мардум хизмати зиёд кардаву заҳмати беш  кашида, минбаъд ба шахси дасту дилаш нопок, ҳарис, шахсе, ки бо зани дӯсташ (комиссари ҳарбӣ) зино кардаву ӯро аз шавҳараш ҷудо карда, ба занӣ мегирад, шахсе, ки на ба ҳамсари бемораш Саодат ва на ба ҷигарбандаш Комилҷон меҳру шафқат надорад, инчунин ба нафари танпарасту дилсиёҳ табдил меёбад. Пеш аз маргаш ӯ боз ба персонажи мусбат табдил ёфта, “Волга”-ашро, ки аз давлат барои хизматҳои арзандааш мукофот гирифта буд, ба совхоз мебахшад.  Лекин лаҳзаи ба Ҳоҷихон Тӯра (“Эшони лаблес”) васият кардани қисми гӯсфандҳояш ба ивази гӯсфандҳое, ки Эшон аз муридонаш гирифта, онҳо минбаъд бо дасти Карима ва Ҳамзаалиев давлатӣ шуда буданд, ба хонанда нофаҳмо менамояд.

      Забони асар салису равон ва мардумист. Дар он калимаҳое, ки ба ибораи Устод Айнӣ “дар забони зиндаи тоҷикӣ” роиҷанд, чун “расамат” (ба маънии ҳисса, ҳаққи касе),  “ажғолу дағол” (ба маънии чизу чора), “кафшкан” (ҷои баровардани пойафзол), “ҷиқидан” (зер кардан, Роҳат-хола ба Эшони лаблес “гӯр ҷиқад шуморо” мегӯяд), “лӯндабаста” (дар бораи мӯйи зан), уреб-уреб (каҷ-каҷ), “пайкол” (ба маънии тавора) ва ҳоказо истифода гардидаанд. Ҳамзамон дар повест як зумра вожаву ибораҳои зебо, чун “борони мӯяк”, “нуқсони ҷибиллӣ”, “илҳоми ғайбӣ”, “ҷонсӯзона”, “бахмалтан”, “пешгаҳ”, “пойгаҳ”, “устувонашакл”, “овози дупӯста”, “сарочаи дил” ва ғайра корбаст  шуда, ба ҳусни асар ҳусн афзудаанд.

     Яке аз муваффақиятҳои повест истифодаи муносиби мақолу зарбулмасалҳои маъмули тоҷикӣ мебошанд: “Ангурро хӯру боғашро напурс”, “Бори каҷ ба манзил намерасад”, “Чоҳкан зери чоҳ”, “Давои висол лафзи ширин”, “Ҷони нодон дар азоб”, “Одамро одам вайрон мекунад, ҷӯйро об” (дар намуди дигар “заминро об” мегӯянд), “Аввал рафиқ, баъд тариқ”, “Дили нохоҳам узри бисёр”, “Дард дигару аҷал дигар”, “Одаму либос, хонаю палос”, “Дарахт дар як ҷо месабзад”, “Одам бошӣ, бо номи баланд бош, набошӣ, набош”, “Ҳалворо ҳаким хӯрад, калтакро ятим”, “Ба умеди Худо нашуда, буттаро дор” (шакли паҳншудатараш “Ба умеди Худо ҳам шаву буттаро ҳам дор” мебошад), “Забони сурх сари сабз медиҳад барбод”, “Кӯр асояшро як бор гум мекунад”, “Изои мӯъмин ҳаром”, “Қадам расид, ҳеҷ зиён нарасад” (дар шакли дигар “Қадам расид, бало нарасад”), “Касе, ки дӯсташро қадр накунад, худашро беқадр кунад”, “Кирми дарахт аз даруни худаш пайдо мешавад”, “Пиракиро ба зиёфат мегӯянд, ҷавонро ба меҳнат”, “Моҳ ҳам бедоғ намешавад”, “Деҳқон ҳарчӣ корад, ҳамонро медаравад”, “Танҳоӣ-сӯҳони умр”, “То омадани табар кунда меосояд” ва ғайра.        

    Нависандаи даврони шӯравӣ Юрий Олеша (1899-1960) нависандагонро “муҳандисони рӯҳи инсон” номида буд. Мутеулло Наҷммиддинов низ чун “муҳандиси воқеии рӯҳи инсон” як қатор арзишҳои маънавиро пешниҳод намудааст, ки аз замони шӯравӣ то имрӯз на танҳо қимати худро гум накардаанд, балки дар ҷилои нав, чун маҷрои нави дарё дар ҷомеаи имрӯза арзи вуҷуд доранд.  Ин арзишҳо ва андешаҳо дар зер мухтасар баён ва тафсир мегарданд.

       Мутолиаи китоб. Муаллиф аз номи яке аз қаҳрамонони асар “ҳаёти одами китобхон бомаъно мегузарад, корашро дониста мекунад, аз китоб ақли одам зиёд мешавад, кор ёд мегирад”-мегӯяд. Ҳамзаалиев бошад ба Карима талқин мекунад, ки асари Волтер “Кандид, ё худ оптимизм”-ро ёфта хонад. Вай инчунин омӯзиши адабиёти классикӣ ва муосирро зарурӣ, “Шолохову Горкию Айниро нахондану надонистан айб”)-гӯён хулосабарорӣ мекунад.

     Меҳнатдӯстӣ. Тамоми асар тарғиби меҳнати ҳалол ва ҷонсӯзона аст. Танҳо пули бо арақи ҷабин ёфта ҳалол шуморида мешавад. Суханҳои гуфтаи қаҳрамонони асар имрӯз низ аҳамияти амалӣ доранд:  “Нашъаи ҳеҷ чиз мисли нашъаи ҳосили меҳнат гуворо нест”, “Обу хок ва меҳнат асоси ободист”.  

    Талқини усулҳои демократии роҳбарӣ ва мазаммати коррупсия.  Дар асар Бободӯстов чун роҳбари худсар, ки бо баҳонаи сахтгирӣ ба “бераҳмӣ, дастдарозӣ” (ифодаҳои падари ӯ) роҳ медод, тасвир шудааст. Инчунин мавсуф ақидаҳоеро тарғиб мекунад, ки ба баъзе аз шахсони дасташ қалби ҷомеаи имрӯза низ хос аст: “Мақсад ин ки: фарзандҳо дорем, набераҳо дорем-ғами кори онҳоро бояд хӯрем...Баъди мо ҳам ба онҳо ягон чиз монаду зиндагиашон нағз гузарад. Замон ҳамин хел, ки чиз надошта бошӣ, мансабат набошад, ту ба ҳеҷ кас даркор нестӣ. Вақте ки мансабамон меравад, ақаллан чизамон бошад”. Ин тарзи фикрронии коррупсионӣ аст ва шахсони дорои чунин андеша вазифаи давлатӣ ва моли давлатро ба манфиати шахсиву оилавии худ харҷ карда, боиси мазаммати мардум мешаванд. Аммо Карима низ аз сафархарҷии ғайриқонунии ба ӯ додаи Бободӯстов даст кашида, чунин андешаронӣ мекунад: “Сабил монад,  ин қоғази боарзиш чӣ қадар одамҳоро аз роҳи рост бароварда, хонавайрон ва бадбахт сохтааст. Одамҳое ҳастанд, ки худашон якпула қимат надоранд, қадру манзалат ва иззату ҳурмати онҳоро пулу чизашон мебардорад, ба онҳо пулу чиз дар ҷамъият мақоми босазо медиҳад”.

      Вобаста ба чӣ гуна будани роҳбарӣ худи Бободӯстов низ иқрор аст, ки “Роҳбарҳо ягонагии қавлу амалро риоя накунанд, ин бисёр кори бад аст”. Аммо насиҳати падарашро гӯши ӯ намешунавад: “Ҳаққи мардумро нахӯр, ба бегонаҳо нате, дар колхоз барака намемонад, одамҳоро хафа накун, онҳо аз ту рӯ мегардонанд”, “Аз хотир набарор, ки дар байни халқ як бор ба бадномӣ шӯҳрат барорӣ, ҳеҷ як ошно, ҳеҷ як улфат ба ту номи некатро баргардонда наметавонад”.

      Ҳамчунин дар повест маҳалпарастии Ҳамдамов, шаҳватгароии Эшони Хоҷихон, ки бо баҳонаи дуохонӣ нисбати занҳо амалҳои шаҳвонӣ содир намуда, онҳоро ба худ ҷалб мекард, шуғл надоштани намояндагони дин, мошинсавории писари раис Бободӯстов–Самандар, гузаронидани маъракаҳои бодабдаба ва роҳ додан ба исрофкорӣ, сифатҳои бади инсонӣ, чун дағалӣ, коҳилӣ, такаббур, дурӯягӣ, дурӯғгӯӣ, худписандӣ, ғайбат намудан, беномусиву беинсофӣ коҳиш ва мазаммат шуда,  таълиму тарбияи фарзанд талаб карда мешавад. Таъкид мегардад, ки “Одами корҳои бад мекардагӣ сазовори ҳурмат нест”. Инчунин ҷавони боғайрат Аюб Камолро ба вазифа пешбарӣ карда, котиби якуми “райком” мегӯяд: “Дили одамҳои ҷавон мисли дарёҳои кӯҳӣ хурӯшон аст, ба худ маҷроҳои нави пешравӣ меҷӯяд”. Ин арзишҳо ва принсипҳои талқиншуда дар ҷомеаи имрӯзаи мо низ корбаст шуда, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, камхарҷ гузаронидани онҳо, роҳ надодан ба исрофкорӣ, таълиму тарбияи фарзанд, аз ҷумла роҳ надодан ба мошинсавории онҳо дар раванди таълим, соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон кардани Пешвои миллат ва дастгирӣ намудани ҷавонон аз амалҳои наҷиби давлату Ҳукумати имрӯзаи мост. 

   Албатта, дар повест баъзе ҷанбаҳои манфӣ, аз ҷумла муносибати беэътиноёна ба дин (“бо мошини Бободӯстов пули сиротро мегузарем”-гуфтани қаҳрамонон, ифодаи “аз дӯзах” ҳам натарсидани Карима, нақлҳои масхараомези Ҳоҷихон дар бораи Бобои Одам ва Момо Ҳавво) қурбу қимати асарро наафзудааст, вале он талаби ҳамон замони нигориши асар аст.

   Дар повест баъзе андешаҳо аз забони қаҳрамонони манфии асар маҳкумомез баён гардидаанд, аз қабили он ки мутолиаи романҳои ишқӣ рағбати шаҳвониро баланд бардошта, қувваи боҳро меафзояд (Эшони Ҳоҷихон), аммо шаҳватшиносии муосир дуруст будани ин ақидаро исбот намудааст ва он айни ҳол он чун воситаи илмиву амалии табобати  иннинати (сусткамарии) рӯҳӣ истифода мегардад.    

   Дар пасмуқоваи китоб он “барои бачагони синни калони мактабӣ” тавсия шудааст. Аммо, ман фикр мекунам, мутолиаи он барои доираи васеътари хонандагон низ муфид хоҳад буд. Зеро арзишҳои умда ва воқеии инсонӣ ҳеҷ гоҳ кӯҳна намешаванд, онҳо дар замони нав бо тобишу ҷилои нав эҳё мегарданд. Муаллифи асар аз забони қаҳрамонони асар андешаҳои ҷадид ва пешқадами худро ба тарзи зайл баён намудааст, ки он барои насли имрӯза низ муносиб ва зарурист:

      “Барои ҷамъиятӣ гардонидани моликият инқилоб шуда буд. Инқилоби рӯҳӣ ва маънавӣ давом дорад. Давоми инқилоб барои показагии дилҳо, барои ҳақро ҳақу ноҳақро ноҳақ гуфта тавонистан зарур аст”.

    Оре, маҳз инқилоби ақлҳо, покизагии ахлоқ, бузургдошти арзишҳои дирӯза ва  имрӯзаи созанда, меҳнати содиқона баҳри ободии кишвар ва осудагии миллат сафинаи умеди моро ба соҳили мурод хоҳад расонид.    

 

(ин мақола қаблан дар Ҳафтаномаи “Қонун ва ҷомеа”, № 33 (434) аз 24.08.2017 сол ба табъ расидааст).

 

Фаррух Рауфов

муовини сардори Раёсати назорати

тафтишоти пешакӣ дар мақомоти

прокуратура, мушовири адлияи

дараҷаи 1