Хабарҳо

МАҲКУМШАВИИ УЗВИ ФАЪОЛИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ

 Дар суди ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ нисбати Бобохонов Ф.Ш. бо моддаҳои 179 прим 2 қисми 2 банди “б”   ва 401 прим  1  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Бобохонов Ф. Ш. барои он гунаҳгор дониста шудааст, ки ҳангоми дар шаҳри Санкт- Петербурги Федератсияи Россия қарор доштанаш тавассути телефони мобилӣ дар шабакаҳои интернетии «Одноклассник», «Вайбер» ва «Зелло» бо ҳар гуна маводи...

 таблиғотии ташкилоти экстремистию террористии бо ном «Давлати Исломӣ» шинос шуда, онҳоро қабул ва ҷонибдорӣ намуда, ҳамчун аъзои фаъоли  ин ташкилоти террористӣ аз ҳисоби маблағҳои худаш 8 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои иштирок дар задухурдҳои мусаллаҳона дар ҳайати  ин ташкилоти террористӣ ба Ҷумҳурии Сурияи Араб равон намудааст.

  Бо ҳукми суди ноҳияи И. Сомонӣ  аз  20 январи  соли 2017 нисбати Бобохонов Ф.Ш. бо моддаҳои номбурдаи Кодекси ҷиноятӣ ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ ба муҳлати 15 сол бо адои ҷазо дар колонияи  ислоҳии  низомаш  сахт таъин карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ