Хабарҳо

Саркаши аз прдохти андоз !

   Амиршоев Азизҷон Суҳбатуллоевич, сокини шаҳри Левакант, 20 марта соли 2019 ғайриқонунӣ ҶДММ «Левакант»-ро бо воситаи шаҳрванд Азизов Зайдулло ташкил намуда, аз 1 марти соли 2019 то 1 июли соли 2020 ба фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ машғул шуда, ба содир намудани ҷиноят даст задааст.

   Чунончӣ, ӯ, аз моҳи май то моҳи декабри соли 2019 ба маблағи 3.856.590 доллари америкой баробар ба 36885726 сомонӣ молу маҳсулоти сохтмонию ниёзи мардум аз Ҷумҳуриҳои Хитой ва Ирон тавассути дидбонгоҳи «Терминал»-и шаҳри Душанбе ворид намуда, аз пардохти ҳақӣ андозҳои ҳатмӣ дар ҳаҷми умумии 1.465908 сомонӣ барқасдона саркашӣ намудааст.

   Прокурори шаҳри Левакант, нисбати Амиршоев А.С. бо моддаҳои 260 қисми 1 ва 292 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъд аз анҷом ёфтани тафтишоти пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суди шаҳри Левакант, барои баррасӣ намудан ирсол намудааст.

  Парвандаи ҷиноятии мазкур аз тарафи суди сайёри шаҳри Левакант, дар шаҳри Душанбе, мавриди баррасй қарор дода шуда, Амиршоев А.С., дар содир намудни ҷиноятӣ дар моддаҳои 260 қисми 1 ва 292 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 3 сол, дар калонияи ислоҳии низомаш умумӣ ва бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ таъин карда шудааст.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ