Хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2020

  14 июли соли 2020 дар асоси Нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти фаъолият  дар нимсолаи якуми соли 2020 дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Сироҷзода С.  бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотии Прокурори генералӣ баргузор гардид.  

  Дар он сараввал Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод доир ба фаъолияти мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2020 баромад карда, қайд намуд, ки  аз ҷониби кормандони мақомот вобаста ба назорати иҷрои қонунҳо ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд 3399 санҷишҳо гузаронида, ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда 16632  санадҳои эътиноии  прокурорӣ татбиқ ва бо натиҷаи баррасии онҳо 23950 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддию маъмурӣ кашида шуда, 1692  парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

   Бо дахолати прокуророн  357,3 млн. сомонӣ, аз он 133,3млн. сомонӣ ба манфиати давлат барқарор  карда шуд.

   Дар ин давра, ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузории андоз  239   маротиба санҷида шуда, баҳри  бартараф  намудани қонунвайронкуниҳо  2237   санади эътиноии прокурорӣ татбиқ ва 1546 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддию маъмурӣ кашида шуда, 37 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 122,7млн. сомонӣ ба буҷет ворид карда шуда, баҳри рӯёнидани бақияи қарзи андозҳо ба судҳо ба маблағи 7,2 млн. сомонӣ аризаҳои даъвогӣ пешниҳод карда шудааст.

   Риояи қонунгузории замин дар маркази диққат қарор дошта, ҷиҳати бартараф намудани қонуншиканиҳо дар ин самт 2219  санадҳои эътиноии прокурорӣ татбиқ ва 3248  нафар ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида шуда, 513 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва  6286,2  гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида шуд.

   Вобаста ба иҷрои  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 744 қонуншиканӣ ошкор ва нисбати шахсони гунаҳкор 240 парвандаҳои маъмурӣ оғоз карда, баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 96 амр дода, 358 нафар шахсони масъул ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуданд.

Дар рафти санҷишҳо оид ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қонуншиканиҳои зиёд ошкор карда шуда, 1935 нафар ба ҷавобгарии интизомию моддӣ ва маъмурӣ кашида, 157 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

    Дар ин давра дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ  12 293 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.

   Муфаттишони прокуратура дар ин давра тафтиши 1903 парвандаи ҷиноятиро ба итмом расонида, 1788  адади онро барои баррасӣ ба суд  ирсол намудаанд. Дар рафти тафтиши ин парвандаҳои ҷиноятӣ  47,4  млн. сомонӣ зарар, аз ҷумла 5,8 млн. сомонӣ  ба манфиати давлат барқарор карда шуд.

    Прокуророн дар баррасии 3990 парвандаи ҷиноятӣ иштирок намуда, ба санадҳои судӣ  196 эътирозҳои хусусию кассатсионӣ ва назоратӣ овардаанд. 

    Ба судҳо 497 даъво ба маблағи 163,1 млн.сомонӣ пешниҳод карда шудааст.

    Ба баррасии саривақтӣ ва пурраву холисонаи муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ дар мақомоти прокуратура диққати хосса дода шуда, дар ин давра 19454 муроҷиатҳо ворид гардида, аз ин 5928 адад муроҷиат  баррасӣ карда шуданд. 

    Аз ҷониби прокуророн ба тарғибу ташвиқи қонунҳо ва тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ диққати зарурӣ дода шуда, дар байни аҳолӣ, муассисаву ташкилотҳо ва қисмҳои ҳарбӣ 6936маротиба суҳбату вохуриҳо гузаронида шудаанд.   

     Мақомоти прокуратура дар оянда низ ҷихати таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди  ҷинояткорӣ  тамоми чораҳоро  меандешад.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ