Базми гул дар чамани Наврӯз аст,
Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст.
Имрўзҳо кулли мардуми заҳматқарини кишвари маҳбуб ва офтобрўяи Тоҷикистони азиз бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва тинҷию оромии Ватан ва арҷгузорӣ ба мероси ниёгонамон дар мутобиқат ба тақвими қадимаи халқи тоҷик ва ҷомеаи ҷаҳонӣ Соли нави аҷдодии мардуми ориёӣ - Наврўзро бо шукўҳу шаҳомати ҳамешагӣ пешвоз мегиранд.
Наврӯз таърихи хеле қадимӣ дошта, аксарияти сарчашмаҳои бостонӣ пайдоиши онро бо салтанати шоҳи чаҳоруми пешдодӣ Ҷамшед нисбат медиҳанд. Абулқосим Фирдавсӣ дар ин бора чунин гуфтааст:
Ҷаҳон анҷуман шуд бар тахти ӯй,
Фурӯмонда аз фарраибахти ӯй.
Ба Ҷамшед-бар гавҳар афшонданд,
Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.