20 октябри соли 2020 таҳти раёсати Прокурори генералии Ҷумҳурии Узбекистон ҷаласаи 18-уми прокуророни генералии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ба таври фосилавӣ тавассути алоқаи видеогӣ баргузор гардид.

Подробнее...

 Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Кабутов Неъматулло Бадриддинович, Холов Сиёвуш Имомқулович ва Қаюмов Носиҳиддин Шарифович бо аризаи шикоятӣ нисбат ба кирдорҳои қаллобии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Садуридинов Муҳаммадиқбол Қаландарович, санаи таваллудаш 15-уми майи соли 1978, зодаи шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, муроҷиат карданд.

Подробнее...

 Азизов Олимбой Тухтаевич аввалҳои моҳи январи соли 2019 ба манзили истиқоматии писарамакаш Азизов А., воқеъ дар суроғаи ноҳияи Шаҳринав, Ҷамоати деҳоти А.Ҳасанов ворид гашта, аз набудани аъзоҳои оила истифода бурда, ба духтари писарамакаш ноболиғ А.Ш. таваллудаш 6 октябри соли 2005 ҳуҷум карда, дидаю дониста, ки номбурда баръало ноболиғ буда, ҳануз ба синни чордаҳсолагӣ нарасидааст ва дар ҳолати оҷизӣ қарор дорад, дохили ҳуҷраи хоб дароварда, ба тариқи маҷбурӣ алоқаи ҷинсӣ намуда, нафси шаҳвонии худро қонеъ кардааст.

Подробнее...

 Исанов Турғунҷон Жураевич санаи таваллудаш 25 мартисоли 1985, сокини шаҳри Душанбе, моҳи августи соли 2016 бо шаҳрванд С.З., ки аз шавҳараш ҷудо шуда, соҳиби 2 фарзанд С.Б., санаи таваллудаш 12 декабри соли 2008 ва С.М., санаи таваллудаш 29 ноябри соли 2011 мебошад, бо тариқи никоҳи мусулмонӣ оила барпо намуд. Аз зиндагии якҷояашон соҳиби 1 фарзанд гардидаанд.

Подробнее...

 26 майи соли 2020 тахминан соатҳои 0017 дақиқа ноболиғон Сафаров К.А., Олимов О.Р., Дабилов Н.М. ва Аҳмадзода К.Ҳ. якҷоя шуда, барои давом до дани муноқишаи қаблиашон ба назди манзили истиқоматии ноболиғ Идиев С.А. рафта, ӯро тавассути телефони мобилӣ ба беруни хонаашон даъват кардаанд.

Подробнее...