Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Сайфутдинова Дилбар Шавкатовна бо моддаҳои 104 қисми 1 (одамкушӣ) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тафтиши онро прокуратураи шаҳри Турсунзода гузаронида буд, дар суди шаҳри Турсунзода баррасӣ карда шуд.

Дар рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ муайян карда шудааст, ки Сайфутдинова Д.Ш. дар ҳолати сархушӣ шаби 11 июни соли 2022, тахминан соати 01 ба хонаи тағояш Сайфутдинов Ҷаҳонгир Саитмуратович, сокини шаҳри Турсунзода, кӯчаи А. Дониш, ки танҳо зиндагӣ мекард ва бо охирин дар муноқиша буд, бо мақсади ба қатл расонидан ва соҳиб шудан ба манзили Сайфутдинов Ҷ.С. меравад. 

Подробнее...

14-17 сентябри соли 2022 хизматчиёни ҳарбии Ҷумҳурии Қирғизистон бо мақсади халалдор намудани Истиқлолият, тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғасб намудани ҳудуди мамлакат аз техникаи ҳарбӣ ва силоҳҳои оташфишони гуногунтамға, аз ҷумла ҳавопаймоҳои бесарнишин, ба дидбонгоҳҳои сарҳадии Қушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва деҳаҳои аҳолинишин, воқеъ дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Лахш ҳуҷуми мусаллаҳона намуданд.

Подробнее...

Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Абдуллоев Фирӯз Шайдуллоевич бо моддаҳои 190 қисми1 (Вайрон кардани қоидаҳои бехатарии корҳои кӯҳӣ, сохтмон ва дигар корҳо) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тафтишоти он аз тарафи прокуратураи ноҳияи Айнӣ ба анҷом расонида шуда буд, дар суди ноҳияи Айнӣ баррасӣ карда шуд.

Подробнее...

Аз тарафи Раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Прокуратураи генералии ҶумҳурииТоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ нисбати Эшонқулов Бобоназар Файзалиевич бо моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои «з,и» ва 249 қисми 4 бандҳои «б,в» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди Олии Ҷумхурии Тоҷикистон моҳиятан баррасӣ гардид.

Подробнее...

Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Якибов Аюб бо моддаи 104 қисми 1 (Одамкушӣ) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тафтишоти он аз тарафи прокуратураи ноҳияи Айнӣ ба анҷом расонида шуда буд, дар суди ноҳияи Айнӣ баррасӣ карда шуд.

Подробнее...