ПРОКУРОРИ ГЕНЕРАЛИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ ИГОР КРАСНОВ БА ТОҶИКИСТОН ТАШРИФ ОВАРД
25 ва 26 июли соли 2022 ҳайати Прокуратураи генералии Федератсияи Россия таҳти роҳбарии Прокурори генералии Федератсияи Россия Краснов Игор Викторович бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Сафари кории муовини Прокурори генералии Федератсияи Россия-Сарпрокурори ҳарбӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рӯзҳои 23 - 26 майи соли 2022 сафари кории муовини Прокурори генералии Федератсияи Россия - Сарпрокурори ҳарбӣ мушовири давлатии адлияи дараҷаи 1 Петров В. Г. дар ҳайати сардори раёсат-дастгоҳи Сарпрокуратураи ҳарбии Федератсияи Россия полковники адлия Шарапова И. В., прокурори ҳарбии округи ҳарбии марказӣ генерал-майори адлия Попов А. В., афсар оид ба супоришҳои махсуси Сарпрокурори ҳарбӣ подполковник Суворов А. С. ва муовини сардори раёсат-сардори шуъбаи дастгоҳи Сарпрокуратураи ҳарбӣ полковники адлия Колбасенков О. В. ба мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт.
Хабарҳо
Қабул ва баррасии муроҷиатҳои соҳибкорон дар мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти соҳибкориро ҳамчун неруи пешбарандаи рушди иқтисодӣ, таъмини ҳадафҳои миллӣ ва муҳайё намудани шароит барои зиндагии арзандаи мардум арзёбӣ намуда, дар назди мақомоти давлатӣ, аз ҷумла прокуратура оид ба таҳкими ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои соҳибкорон пайваста вазифагузорӣ менамоянд.
Наҷоти табибон !

Раҳимов Идибой Каримович, 1965 соли таваллудаш, сокини ҷамоати деҳоти Навзамини ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, бо Кенҷаева Муродгул Ҷаборқуловна, тариқи расму оини мусулмони оиладор шуда, аз зиндагии оилавияшон соҳиби як фарзанд гардидаанд.
Таълимоти ғайриқонунии динӣ!

Ҳалимов Насриддин Давлатович, сокини ноҳияи А. Ҷомии вилояти Хатлон, ҷамоати деҳоти Яккатут, бархилофи талаботи моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” амал карда, фарзандони ноболиғи худ Ҳалимов Абдураҳим Насриддинович, соли таваллудаш 12.10.2011 ва Ҳалимов Абдукарим Насриддинович, соли таваллудаш 17.07.2013-ро ки хонандагони синфҳои 2 ва 4-и МТМУ №54-и ноҳияи мазкур мебошанд, барои дар назди шаҳрванд Абдизода Маҳмадулло Абдулло, таълимоти ғайриқонунии динӣ омӯхтан иҷозат додааст.
Дар самти қонунвайронкунии танзим !

Зиёев Зокирҷон Муродалиевич, 13.02.1972 санаи таввалудаш, сокини ноҳияи А.Ҷомии вилояти Хатлон, бархилофи талаботи моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон " Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" амал намуда, санаи 15 январи соли 2022 дар манзили истиқоматиаш аз соати 10:00 то соати 13:00 дақиқа маъракаи туйи духтарашро бо додани ду намуди таъом, як дег шӯрбо ва як дег ош гузаронидааст.
Хизматчии ҳарби ҷазои сазовор гирифт !

Хизматчии қисми ҳарбии 0214 Қушунҳои сарҳадӣ капитан Довутиев Ф.С., ҳамчун сардори наряди сарҳадии гуруҳи кофтуковӣ дар ҳудуди дидбонгоҳи сарҳадии сеюми “Нуробод”-и қисми ҳабрии мазкур бархилофи талаботҳои моддаи 75 Оинномаи хизмати дохилии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 90 Оинномаи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳофизати сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, нисбат ба иҷрои вазифаҳои хизматии худ хунукназарона муносибат намуда, дар натиҷаи беназоратии ӯ, посбони наряди сарҳадӣ қаторӣ Исоев Муҳаммадҷон Шералиевич, бо истифода аз силоҳи хизматиаш тамғаи АК-74 бе ягон сабаб қасдан бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтан ҳамхизматаш Қурбонзода К.С.-ро ба нишон гирифта, аз масофаи наздик ба қисмати пешонии сараш як тир холӣ карда, ба ҳалокат расонидааст.
Харитаи сомона


































































