Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақолаи сокини шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Рустам Одинаевро, ки тариқи сомонаи интернетии “Бомдод ТВ” 27 декабри соли 2022 таҳти унвони  “Мағозаамро бастам аз дасти корманди прокуратураи Кӯлоб Исмоили Зариф” ба табъ расидааст, мавриди баррасӣ қарор дод.

Ёдовар бояд шуд, ки ба мақолаи Одинаев Р.М. дap сомонаҳои интернетии “Facebook" ва дигар расонаҳои хабарӣ, ки аз 09.12.2022 сол таҳти унвони «Аз имрӯз capкарда ман соҳибкориамро дар шаҳри Кӯлоб қатъ кардам. Аз дасти корманди прокуратураи шаҳри Кӯлоб Исмоили Зарифӣ дигар ба соҳибкорӣ машғул намешавам» ба табъ расидааст аз ҷониби Прокуратураи генералӣ аз 26.12.2022 сол бинобар беасос буданаш  вокуниш пешниҳод карда шуда буд.

Рустам Одинаев ҳамчун соҳибкори инфиродӣ дар мағозаи шахсиаш, воқеъ дар шаҳри Кӯлоб, маҳаллаи Борбад ба фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ машғул гаштааст.

Номбурда қаблан бо ҳукми суди шаҳри Кӯлоб аз 13 марти соли 2013 бо моддаи 209 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои фурӯши маҳсулотҳои хӯроквории муҳлати истеъмолашон гузашта) ба муҳлати 1 солу 4 моҳ маҳкум гардидааст.

Вале, Одинаев Р.М. боз ба ҷинояти нигоҳ доштани маҳсулоте, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавоб намедиҳад, даст задааст.

Санаи 8 декабри соли 2021 зимни санҷиши муштараки прокуратураи шаҳри Кӯлоб бо роҳбарии ёрдамчии прокурор Исмоили Зарифӣ ва мақомоти санҷишию назорати шаҳри Кӯлоб аз мағозаи ӯ 18 номгӯйи маҳсулотҳои хӯроквории муҳлати истеъмолиашон гузашта, аз қабили13 адад оби ташнашикани «Sprite», 11 қуттӣ равғани офтобпараст, 1 адад йогурт, 17 адад кулчақанди “Фаровон”, 6 қуттӣ қаймоқ ва ҷурғот, 3 адад шоколади тамғаи “Степ”, 8 адад кофеи «Hot Drops», 37 қуттии вафлии “Wafers”, 9,5 кг ҳасибҳои гуногун ва ғайра бо арзиши умумии 1046 сомонӣ дарёфт ва дар асоси санад гирифта шудааст.

Аз рӯи ҳолати мазкур 9 декабри соли 2021 прокуратураи шаҳри Кӯлоб нисбати Одинаев Р.М. бо моддаи 209 қисми1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз, тафтиш карда ва минбаъд бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суди шаҳри Кӯлоб ирсол кардааст.

Минбаъд, бо ҳукми суди шаҳри Кӯлоб аз 13 январи соли 2022 Одинаев Р.М. бо моддаи 209 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ҳамин қисми модда ва бо татбиқи моддаи 63 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 100 (сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 6000 сомонӣ ба фоидаи давлат бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян таъин карда шудааст.

Баъди таъини ҷазо Одинаев Р.М. қисм-қисм 6000 сомонӣ маблағи ҷаримаро то 10 декабри соли 2022 ба буҷети давлат супоридааст.

Инчунин муайян карда шуд, ки қаблан аризаҳои Одинаев Р.М. аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.12.2021 сол, аз 17.01.2022 сол, аз 25.04.2022 сол ва аз 13.05.2022 сол мавриди санҷиш қарор гирифта, аз натиҷааш ба муаллиф ҷавоби хаттӣ ирсол карда шудааст.

24 июни соли 2022 бошад, аз натиҷаи баррасии муроҷиатҳои Одинаев Р.М. ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ахборот муфассал ирсол гардидааст.

Дар рафти баррасии аризаҳои қаблии Одинаев Р.М. ҳукми суди шаҳри Кӯлоб нисбати Одинаев Р.М. бо моддаи 209 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони Раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвндаҳои ҷиноятӣ омӯхта, он асоснок ҳисобида шудааст.

Санаи 19 декабри соли 2022 муроҷиати такрории Одинаев Р.М. нисбати амалҳои ғайриқонунии ёрдамчии прокурори шаҳри Кӯлоб Исмоил Зарифӣ, ки тавассути Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Прокуратураи генералӣ ворид гардидааст, ки он феълан мавриди баррасӣ қарор дорад.

 

Маркази матбуоти Прокуратураи

генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон