"Дар шабакаи Интернет навори латукӯби шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайёра Дусаева дар қаҳвахонаи «Хинкалная Тбилисо», воқеъ дар хиёбони Астрахови шаҳри Маскав, ки бар асари захмҳои корд ташаббускори низоъ ба ҳалокат расидааст, паҳн гардидааст.

Вобаста ба ин, дар асоси Созишномаи ҳамкорӣ байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Федератсияи Россия аз 21 декабри соли 2009 ба Прокуратураи генералии Федератсияи Россия ҷиҳати таъмини назорати тафтиши холисона ва ҳаматарафаи қазияи мазкур дархост ирсол карда шуд. Тафтишот идома дорад."

 

Маркази матбуоти Прокуратураи

генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон