Мақолаи Рустам Одинаев. ки дap сомонаҳои интернетии “Facebook" ва дигар расонаҳои хабарӣ  санаи 09.12.2022 сол таҳти унвони «Аз имрӯз capкарда ман соҳибкориамро  дар шаҳри Кӯлоб қатъ кардам. Аз дасти корманди прокуратураи шаҳри Кӯлоб Исмоили Зариф И. дигар ба соҳибкорӣ машғул намешавам» ба табъ расид, аз тарафи прокуратураи шаҳри Кӯлоб мавриди санҷиш қарор дода шуд.

Муайян карда шуд, ки Одинаев Рустам Мирзохонович таваллудаш 22.10.1987 сол, сокини шаҳри Кӯлоб, маҳаллаи Борбад, қаблан бо ҳукми суди шаҳри Кӯлоб аз 13 марти соли 2013 бо моддаи 209 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои фурӯши маҳсулотҳои хӯроквории муҳлати истеъмолашон гузашта, ки ба талаботи бехатарӣ барои ҳаёт ё саломатии истеъмолкунандагон ҷавобгӯ набуда) суд шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 1 солу 4 моҳ, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли визифаҳои вобаста ба соҳаи савдо ба муҳлати 1 сол таъин карда шудааст.

Вале, Одинаев Р.М. ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, боз ба ҷинояти нигоҳ доштани маҳсулоте, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавоб намедиҳад, даст задааст.

Чунончӣ, ӯ аз моҳи январи соли 2021 дар асоси патент дар бораи ҳуқуқи амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкории инфиродӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ дар мағозаи хӯрокворӣ, воқеъ дар суроғаи шаҳри Кӯлоб, маҳаллаи Борбад фаъолият карда,  07.12.2021 сол дар вақти санҷиш муайян карда шудааст, ки дар мағозаи болозикр, бо мақсади ба даст овардани фоида маҳсулотҳои хӯрокворӣ, аз қабили оби ташнашикани «Sprite» дар зарфи пластикии 1л 13 дона, нархи 1 ададаш 7 сомонӣ ҷамъ 91 сомонӣ, равғани тухми офтобпараст «Маслава» дар зарфи пластикии 0,87л 11 дона, 1 ададаш 25 сомонӣ, ҷамъ 275 сомонӣ, йогурт «Сочный микс» 420гр 1 дона 10 сомонӣ, оби энергетикии «Adrenaline» 0,25л, 1 дона 9 сомонӣ, кулчақанди «Фаровон» 250гр 17 дона, нархи 1 ададаш 4 сомонӣ ҷамъ 68 сомонӣ, кетчуп “Гулшан -2010” 500гр 5 дона, 1 ададаш 6 сомонӣ ҷамъ 30 сомонӣ, хурмо “Бэраянт финики” 100гр 6 дона, 1 ададаш 12 сомонӣ ҷамъ 72 сомонӣ, қаймоқи хуросон 30% 2 дона, 1 ададаш 5 сомонӣ, ҷамъ 10 сомонӣ, сметана хуросон 25% 3 дона, 1 ададаш 4 сомонӣ, ҷамъ 12 сомонӣ,   coffee «Hot Drops» 8 дона, 1 ададаш 14 сомонӣ, ҷамъ 112 сомонӣ ва ғайра, ҷамъи умумӣ ба маблағи 1046 сомонӣ, ки муҳлати истеъмолиашон гузашта ва ба талаботи бехатарӣ барои ҳаёт ва саломатии истеъмолкунандагон хатарнок бударо дар мағоза нигоҳ дошта, ба истеъмолкунандагон ба фурӯш баровардааст.

Ҳолати мазкур санаи 07.12.2021 сол аз тарафи ёрдамчии калони прокурори шаҳри Кӯлоб Исмоили З.И. ошкор карда, маводи санҷишӣ барои қабул намудани қарори қонунӣ ба самти тафтишоти  прокуратура вогузор гардида, ниҳоят  нисбати Одинаев Р.М. бо моддаи 209 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз, тафтиш  карда  бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суди шаҳри Кӯлоб ирсол карда шудааст.

Минбаъд, бо ҳукми суди шаҳри Кӯлоб аз 13 январи соли 2022 Одинаев Р.М. бо моддаи 209 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ҳамин қисми модда ва бо татбиқи моддаи 63 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 100 (сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 6000 сомонӣ ба фоидаи давлат бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян таъин карда шудааст.

Гуноҳи маҳкумшуда Одинаев Р.М. дар содир намудани ҷинояти номбаршуда бо нишондодҳои шоҳидон, хулосаи коршиносон ва дигар далелҳои раднашаванда исботи худро ба пуррагӣ ёфтааст.

Тазаккур бояд дод, ки  26 майи соли 2022 аз тарафи суди шаҳри Кӯлоб пешниҳоди иҷрочии Хадамоти иҷро дар шаҳри Кӯлоб  оид ба иваз намудани ҷазои ҷарима бо ҳукми суд аз 13.01 соли 2022 нисбати маҳкумшуда Одинаев Р.М. бо моддаи 209 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар саркашӣ кардани маҳкумшуда  аз адои ҷазои ҷарима баррасӣ гардид.

Дар рафти баррасии пешниҳоди мазкур аз ҷониби маҳкумшуда Одинаев Р.М., ба маблағи 900 сомонӣ ҷарима пардохт карда шудааст, ки ин ҳолатро расид аз 26.05 соли 2022 тасдиқ карда, ҳамчун ҷазои ҷаримаи таъингардида адо карда истода ба шумор рафтааст, ки дар натиҷа дар асоси қарори суди шаҳри Кӯлоб аз 26.05.2022 сол пешниҳоди иҷрочии Хадамоти иҷро дар шаҳри Кӯлоб Назарзода М.Ш. оид ба иваз намудани ҷазои ҷарима бо ҳукми суд аз 13.01 соли 2022 нисбати маҳкумшуда Одинаев Р.М. рад карда шудааст.

Ҳамчунин маҳкумшуда Одинаев Р.М. мувофиқи расиди аз 03.06 соли 2022 маблағи 600 сомонӣ ва расиди аз 07.09 соли 2022 маблағи 1500 сомонӣ барои ҷаримаи таъингардида пардохт намудааст.

Боқимонда маблағи ҷаримаи таъингардида ба миқдори 3000 сомонӣ ва маблағи 300 сомонӣ ба фоидаи фонди иҷро то санаи 10.12.2022 сол аз тарафи иҷрочии Хадамоти иҷро дар шаҳри Кӯлоб рӯёнида шудааст.

Ишоротҳои боло гувоҳи онанд, ки ваҷҳҳои дар мақола овардаи  Одинаев Р.М.  беасос буда, муаллифи мақола бо ин тарз мехост худро  тариқи расонаҳо   “ мусичаи бегуноҳ “ пиндорад, вале бояд дарк намояд, ки  барои  ҳар як кирдори ғайриқонунӣ  дар назди қонун бояд  ҷавоби сазовор  гуфт. 

 

Маркази матбуоти Прокуратураи

генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон