Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Муҳсиддинов Сироҷиддин Гулмаҳмадович, бо моддаҳои 32 қисми 3-104 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тафтиши он аз тарафи прокуратураи ноҳияи Хуросон, ба анҷом расонида шуда буд, дар суди ноҳияи Хуросон, баррасӣ карда шуд.

Дар рафти тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судӣ муайян карда шудааст, ки Муҳсидинов С.Г. бо Расулова Шаҳноза Мирзоалиева, санаи таваллудаш 20 апрели соли 1998, сокини ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, оиладор буда, бо ду фарзанди ноболиғашон, зиндагонии якҷоя доштаанд.

Муҳсидинов С.Г. аз рӯи рашк дар назди худ мақсади аз ҳаёт маҳрум намудани ҳамсарашро гузошта, 24.08.2022 сол шабона тахминан соати 22:30 дақиқа ба манзили истиқоматии волидайни ҳамсараш, воқеъ дар ноҳияи Хуросон, ҷамоати деҳоти Ҳилолии вилояти Хатлон, ворид гардида, аз болои кати ҳавлӣ корди ошхонагиро гирифта, дар яке аз ҳуҷраҳои манзили истиқоматӣ пинҳон шудааст.

25.08.2022 сол, соати 09 ҳангоми ба корҳои хона машғул шудани ҳамсараш Расулова Ш.М. аз набудани дигар аъзоёни хонаводаи Муҳсиддмнов С.Г. истифода бурда, Расулова Ш.М.-ро дошта, ба ҳуҷраи манзили истиқоматӣ дароварда, бо корди дар дасташ буда, ба узвҳои ҳаётан муҳими охирин зада, бинобар доду фиғон бардоштани ҳамсараш аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Бо сабаби сари вақт ба беморхона интиқол додани Расулова Ш.М. ва расонидани ёрии саривақтии тиббӣ номбурда зинда мондааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи Хуросон, аз 07.10.2022 сол судшаванда Муҳсиддинов С.Г. бо моддаҳои 32 қисми 3-104 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо дастрасии моддаи 67 қисми 3-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 11 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт таъйин карда шудааст.

 

Маркази матбуоти Прокуратураи

генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон