Аҳмедов М.Э. аз 28 июли соли 2011 инҷониб ҳамчун директори Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби «Оби тоза»-и шаҳри Конибодом фаъолият намуда, шахси масъул ба ҳисоб рафта, дар давоми соли 2018 то 18 январи соли 2019 дар асоси ордерҳои воридотии хазинавӣ маблағҳои хизматрасонии обро ба андозаи 197685,79 сомонӣ аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ва истифодабарандагони оби полезии деҳоти Э.Шарипов ҷамъоварӣ намуда, аз ин ҳисоб маблағи 118790,68 сомониро барои музди меҳнат, таъмиру сохтмон, пардохти андоз, обуна ва дигар эҳтиёҷоти дохилии Ассотсиатсия харҷ намудааст.

  Боқимонда маблағи 78895,11 сомониро ки дар ихтиёраш қарор дошт, бо истифода аз ваколати мансабиаш ба хазинаи Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳр ворид накарда, азонихуд намуда, ба давлат зарари калони моддӣ расонидааст.

  Прокурори шаҳри Конибодом аз рӯи ин ҳолат нисбати Аҳмедов М.Э. бо моддаи 245 қисми 3 банди «а» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, дар рафти пешбурди тафтишоти пешакӣ заррари расонидашуда ба пуррагӣ талофӣ гардида, парвандаи ҷиноятӣ ба суд фиристонида шудааст.

  Бо ҳукми судӣ Аҳмедов М.Э. гунаҳгор дониста шуда, ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 55 ҳазор сомонӣ бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли вазифаи масъулияти пулию моддидошта ба муҳлати 1 солу 6 моҳ таъин карда шудааст.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ             

 

 

 

Хабарҳо