2 авгуcти соли 2021 дар доираи сафари кории Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ба Ҷумҳурии Австрия мулоқоти ӯ бо Директори Маркази пешгирии низоъҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо-ҳамзамон муовини роҳбари Котиботи САҲА хонум Туула Юреля ва роҳбари Раёсати хатарҳои фаромиллии ниҳоди мазкур хонум Купчина Елена Николаевна баргузор гардид.

   Дар рафти мулоқот вазъи кунунии татбиқи барномаҳои САҲА дар ченакҳои ҳарбӣ-сиёсӣ ва инсонӣ баррасӣ гардида, дастгирии САҲА дар татбиқи муштараки Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва чорабиниҳои мушаххаси он таъкид гардид.

    Ҳамзамон дар рафти мулоқот масъалаи роҳ надодани иштироки шахсони ҷиноятпеша дар чорабиниҳои САҲА, вазъи амниятӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои аъзои САҲА ва берун аз он, муқовимат ба терроризм ва маблағгузории он, мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, мусоидат дар рушди инфрасохторӣ ва зеҳнии кормандони мақомоти прокуратура ва дигар масъалаҳои мубрами боиси таваҷҷуҳи якдигар таҳти баррасӣ қарор дода шуданд.

     Ба мувофиқа расида шуд, ки дар ояндаи наздик сафари корӣ ва тахассусии роҳбарияти САҲА ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат хоҳад гирифт. Сафари корӣ ва вохӯриҳо давом доранд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ