Сокинони ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакаяди вилояти Хатлон Раҷабов Шамсулло, Боев Олимҷон, Насриддинова Ҳанифа, Муродов зокирҷон, Гулов Сабзалӣ, Саидов Саидмурод, Абӯалии Сабзалӣ, Чалишев Шариф ва Ҷойлобов Элмурод мутаносибан аз 0,01 то 0,11 га қитъаҳои замини ғайрикишоварзиро худсарона ишғол намуда, атрофашро бо симтур маҳкам карда зироатҳои кишоварзӣ кишт намудаанд. Боев Сафар, Собирова Манзура, Гулаева Мавлуда, Сафаров Маҳмадшариф, Ҳусейнов Алӣ, Сангинмуродов Шариф, Амиралиев Раҳматулло, Турахонов Бекмурод, Тағоев Мурод, Қарахонов Диловар ва Мавлонов Шоназар бошанд, қитъаҳои замини наздиҳавлигиашонро дар масоҳатҳои аз 0,06 то 0,12 га бидуни шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи замин истифода бурда истодаанд.

 Прокуроры шаҳри Леваканд нисбати нафарони зикргардида бо моддаи 141 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда, барои баррасӣ ба Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон ирсол намудааст, ки бо баррасии парванда номбурдагон ҷарима карда шуданд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ             

 

 

 

Хабарҳо