Абдураҳмонов Абдумутолиб Баҳриддинович дар шафати бинои «Илҳомбонк» воқеъ дар маркази шаҳри Ҳисор аз ҳиссиёти авбошӣ шаҳрвандон Амонова Маъруфа Зайдуллоевна ва Рузиева Зарифа Зиёдуллоевнаро мавриди лату куб қарор дода, дар натиҷаи ин ба саломатии Амонова М.З. зарари миёна дар намуди шикасти пӯшидаи ангушти пой бардоштааст.

 Аз рӯи ин ҳодиса нисбати Абдураҳмонов А.Б. бо аломатҳои моддаи 237 қисми 3 банди «в» Кодексы ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо анҷоми тафтишоти пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд фиристонида шудааст.

 Бо ҳукми суди шаҳри Ҳисор Абдураҳмонов А.Б. дар содир намудани ин ҷиноят гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум гардид.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ             

 

 

 

Хабарҳо