Рӯзҳои  23 - 26 майи соли 2022  сафари  кории  муовини Прокурори генералии Федератсияи Россия - Сарпрокурори ҳарбӣ мушовири давлатии адлияи дараҷаи 1 Петров В. Г. дар ҳайати сардори раёсат-дастгоҳи Сарпрокуратураи ҳарбии Федератсияи Россия полковники адлия Шарапова И. В., прокурори ҳарбии округи ҳарбии марказӣ генерал-майори адлия Попов А. В., афсар оид ба супоришҳои махсуси Сарпрокурори ҳарбӣ подполковник Суворов А. С. ва муовини сардори раёсат-сардори шуъбаи дастгоҳи Сарпрокуратураи ҳарбӣ полковники адлия Колбасенков О. В. ба мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом  ёфт.

    24 майи соли 2022 ҳайати кории зикршуда аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники адлия Раҳмон Ю. А. расман ба ҳузур пазируфта шуда ва масъалаҳо оид ба ҳамкориҳои доимии байни прокуратураҳои тарафҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
   Дар доираи сафари корӣ  ҳайати  Федератсияи Россия ба марказҳои фарҳангию фароғатии ҷумҳурӣ, аз ҷумла ба Маҷмааи «Кохи Наврӯз»   ташриф оварда аз таъриху фарҳанги бойи халқи тоҷик ва санъати нотакрори замони муосир аз наздик шинос шуда, дар майдони хотира бо оташи абадии муассисаи давлатиии «Боғи Ғалаба» ва нигоҳдории ҷангали мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои пос доштани ёди шаҳидон, қаҳрамонон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ гулчанбар гузоштанд.

 

    Маркази матбуоти

    Прокуратураи генералӣ