15-19 августи соли 2022 дар меҳмонхонаи “Румӣ” бо дастгирии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маркази байналмилалӣ оид ба мубориза ба экстремизм “Ҳидоя”-и Амороти Муттаҳидаи Араб дар чаҳорчӯби “Барнома оид ба мубориза ба истифодаи интернет бо мақсадҳои террористӣ” лагери навовариҳо барои 30 нафар донишҷӯёни донишгоҳҳои ҶумҳурииТоҷикистон дар мавзӯи “Фанноварӣ баҳри муҳофизат” (Tech2Protect Innovation Camp) баргузор гардид.

Барномаҳои Маркази “Ҳидоя” ҷиҳати дастгирии раванди татбиқи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 равона шудаанд.

Баргузории лагери навовариҳо барои донишҷӯён бо мақсади беҳтар намудани донишҳои рақамии онҳо, дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти асосӣ, ки ҷавонон дар заминаи истифодаи захираҳои интернетӣ рӯбарӯ мешаванд, таҳкими донишу малака оид ба васоити ахбори омма ва фановариҳои рақамӣ баҳри муқовимат бар зидди таҳдидҳои фазои маҷозӣ буд.

      Маркази матбуоти Прокуратураи

      генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон